tajikpress
27 дек 2023

Танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ ва сиёсатмадорон аз Тоҷикистон дар соли 2023

Душанбе бештар вақт ба далели саркӯби эътирозот дар ВМКБ, боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар ва фишорҳои дигар ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ дар соли 2023 мавриди интиқод қарор гирифт.
Душанбе бештар вақт ба далели саркӯби эътирозот дар ВМКБ, боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар ва фишорҳои дигар ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ дар соли 2023 мавриди интиқод қарор гирифт.
Соли сипаришаванда барои мақомоти Тоҷикистон бо интиқоди тунди созмонҳои байнулмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ ва сиёсатмадорони фардӣ ба далели нақзи пайвастаи ҳуқуқи инсон дар ёдҳо хоҳад монд. Бо ин ҳол, алорағми дархостҳо барои ислоҳи вазъият ҳеч сабукие барои касоне, ки мудофеони ҳуқуқи башар онҳоро зиндонии сиёсӣ меноманд, вуҷуд надошт. Мақомот дар сатҳи расмӣ ба ин интиқодот посух надоданд. Баръакс, теъдоди рӯзноманигорон, фаъолон ва афроди наздик ба онҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон чандин нафар бештар шуд.
Мудофеони ҳуқуқи башар чӣ мегӯянд?
Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) ба Радиои Озодӣ навишт, ки аз изҳороти боҷуръати гузоришгари вижаи СММ дар мавриди Тоҷикистон, махсусан барои маҳкумияти 6 рӯзноманигор дар соли 2022 рӯҳбаланд шуд. https://tajikpress.com/2023/12/27/%d1%82%d0%b0%d0%bd%d2%9b%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%bc%d0%be%d0%bd%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d1%83%d0%bb%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d0%ba%d0%b8%d1%88%d0%b2/

Танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ ва сиёсатмадорон аз Тоҷикистон дар соли 2023 - 953153842878

Комментарии

Комментариев нет.