tajikpress
28 авг

UNRWA: дар Ғазза ҳеҷкас дар амон нест

Як мансабдори Созмони Милал дар бораи ҳамлаҳои беамони режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза ҳушдор дод.
Филипп Лозорини, комиссари кулли ожонси корёбӣ ва имдодрасонии Созмони Милал барои оворагони фаластинии (UNRWA) дар бораи ҳамлаҳои беамони режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза ҳушдор дод.
Лозоринӣ дар баёнияе гуфт: «ҳеҷ маконе дар Ғазза амн нест, ҳеҷ касе дар амон нест ва ҳеҷ чиз ҳамлаҳои густардаи (Исроил) ба ҷон ва ҳувияти фаластиниёнро тавҷеҳ намекунад».
Шабакаи Алҷазира ба нақл аз вай гузориш дод: «дар ҳеҷ ҷанги дигаре дар таърихи муосир коркунони беҳдошт, рӯзноманигорон ва имдодгарон ба ин теъдод бесобиқа кушта нашудаанд». https://tajikpress.com/2025/08/28/unrwa-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d2%b3%d0%b5%d2%b7%d0%ba%d0%b0%d1%81-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%bd%d0%b5%d1%81%d1%82/

UNRWA: дар Ғазза ҳеҷкас дар амон нест - 5370741053374

Комментарии

Комментариев нет.