Адабиёти бадеӣ, бахусус насри таърихӣ, аз василаҳои муҳимму меҳварии ҳифз ва эҳёи таърих ва фарҳанги халқу миллатҳои дунё ба шумор меравад. Ҳатто нисбат ба асарҳои таърихӣ ва сиёсиву иқтисодӣ, оид ба таърихи муҳити зисти ин ё он халқ асарҳои бадеӣ, махсусан роману қиссаҳои таърихӣ, маълумоти бештар ва фарогиртар медиҳанд.Воқеан, насри таърихӣ ҳаводиси давраҳои таърихиро бо кулли бартарӣ ва камиву костӣ ба хонанда расонда, ӯро ба андеша ва тафаккур кардан водор менамояд. Маълум аст, ки дар осори бадеӣ, аз ҷумла дар қисса ва романҳои таърихӣ, тахайюл ва тасвирҳои бадеӣ нақши калидӣ доранд, вале тасвиру ҷузъиёти бадеӣ аз доираи замон ва ҳақиқати воқеияти иҷтимоӣ берун нестанд.Дар ташаккулу такомули насри таърихии тоҷик тасвири реалистӣ, ки бо таъсири адабиёти рус ва Ғарб шакл гирифтааст, мақоми арзанда дорад. Устод Айнӣ бо эҷоди «Дохунда» дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ дар насри давраи нави адабиёти тоҷик аввалин асари калонҳаҷми эпикиро ба вуҷуд овард. Бо таълифи «Ғуломон» бошад дар насри тоҷик романи таърихӣ пайдо шуд, ки муҳтавои он воқеаҳои зиёда аз сад сол (солҳои 1825-1933)-и ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифта, дар он ҳуҷҷатҳо ва санадҳои бисёри таърихӣ истифода шудаанд.Нависандаи дигаре, ки дар асарҳои бадеии худ аз ҳуҷҷат ва санадҳои таърихӣ фаровон истифода карда, дар рушду нумуи насри таърихии тоҷик саҳми арзанда гузоштааст, устод Сотим Улуғзода мебошад. Асарҳои таърихии устод С. Улуғзода, аз ҷумла қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ», бо муҳтаво ва забони равону фасеҳ ва муассири худ дар адабиёти тоҷик мавқеи намоён доранд.Бояд таъкид кард, ки устод Сотим Улуғзода дар шинохти таърих ва фарҳангу тамадду¬ни ғановатманди миллати тоҷик ба ҳамватанон ва ҷаҳониён хизмати басо арзанда кардаааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки «Мо аз таърихи на- чандон дури Ватанамон низ номи даҳҳо шахсиятҳоеро бо ифтихор ба забон оварда метавонем, ки ба нафъи миллати хеш хизмати фидокорона ва бузург кардаанд... Бо назардошти хизмати шоёни нависандагони забардаст Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ки ҷашни 100-солагии онҳо дар назар аст, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгохи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шахри Душанбе дар бобати абадӣ гардондани хотираи онхо бояд тадбирҳо андешанд». Маҳз ҳамин қадршиносии Сарвари давлат буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики¬стон аз 28-уми декабри соли 2008, №594 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гузошта шуд.Хидмату рисолати таърихии Сотим Улугзода ҳамчун нависанда ва мутафаккири хештаншиноси тоҷик он аст, ки ба мавзуъҳои таърихӣ рӯ овард, то ба алоқамандону муддаиёни кӯрдил фаҳмонад, ки халқи тоҷик фарҳанг ва таърихи бостониву заволнопазир дорад. Ҳокимияти шуравӣ худши¬носиро бузургманишии миллӣ қазоват мекард ва маҳз аз ҳамин назар ба он муборизаи беамон мебурд. Алорағми ин ақидаву пиндор рӯ овардани адиби тоҷик С. Улуғзода ба гузаштаи халқи худ, омӯхтани таърихи миллати хеш аз солҳои 20- уми асри гузашта оғоз мешавад. Тибки шаҳодати худи адиб, такони чиддиро дар вуҷуди Улуғзода олими рус, профессор М. С. Андреев барангехта будааст.Сотим Улуғзода ҳанӯз аз ҷавонӣ ба омӯзиши таърихи халқи худ оғоз кардааст. Ин ҷанбаи эчодиёти нависанда дар тақиқоти донишмандонони муосири тоҷик Ш. Хусейнзода, Х. Мирзозода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Л. Н. Демидчик, С. Табаров, Х. Шарифов, Х. Отахонова, А. Сайфуллоев, Р. Мусулмониён, Р. Ҳошим, Х. Асозода, М. Раҷабӣ, Солеҳ Салоҳ, М. Исоматов, А. Абдуманнонов, У. Ғаффоров, Сироҷиддини Эмомалӣ ва дигарон таъкид шудааст. Ин аст, ки С. Улуғзода аз солҳои сиюм мунтазам ба мавзуъҳои таърихӣ ру овардааст. Қаҳрамонҳои интихобнамудаи нависанда ё шахсиятҳои илмию фарҳангӣ, ё симоҳои эчодӣ ва ё каҳрамонҳои халқӣ мебошанд ва маҳорат ва устодии С. Улуғзода дар он зоҳир мегардад, ки аз онҳо типҳои таърихӣ - адабӣ сохта, ҷараёни мазкурро тарзе ба тасвир мегирад, ки ҳатман боиси ҷалби таваҷҷуҳ, диққат ва рағбату хоҳиши хонанда мешавад.Рӯ овардан ба мавзуъҳои таърихӣ, шахсиятҳо ва симоҳои таърихӣ, аз як тараф ва барҷаста бозтоб додани ҳаводиси таърихию симоҳои матраҳи миллӣ, аз тарафи дигар, устод Улуғзодаро минҳайси нависанда ва адиби нотакрори миллӣ муаррифӣ кардааст. Ин гуна ибтикор дар баробари истеъдод, маҳорат, қобилият, кареҳаи эҷодӣ, инчунин тавъам ба он дониш, тафаккури баланд, андешаи қавӣ, ҷустуҷӯву пажуҳиш, ковишу қиёсро мехоҳад. Ғайр аз ин, падидаи мазкур табиист, ки натиҷагириҳову хулосабарориҳои амиқу муътамадро тақозо менамояд.Ҷанбахои фарқкунандаи мавзуи таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешаванд, ки тасвирҳо мустанад, воқеӣ, мушаххас, фаъол ва далелноканд. Аз ин нигоҳ, рӯ овардан ба мавзуъҳои таърихӣ масъулият, истеъдоду дониш ва маҳорату ҷаҳонбинии илмиро тақозо дорад. Масалан, «Ривояти суғдӣ» далели қавии урфу одат, рӯзгор, психологияву ҷахонбинии як қавми куҳантаъриху мутамаддин дар арсаи таърих мебошад. Агар онро нависандаи миллати дигар биофарад, ҳеҷ гоҳ дар чунин поя рӯйи кор намеомад.Оид ба ҳофизаи таърихии шахсияти эҷодӣ ва таърихи бостонии миллат донишмандони маъруф академик М. Шакурӣ ва профессор Л. Демидчик чунин қазоват кардаанд: «Сотим Улуғзода муҳимтарин давраҳои таърихи халқи кадимии худро аз назари таҳкик гузаронидааст. Ин тахқиқи ӯ аз давраи ташаккули ҷамъияти феодалӣ, замони хуруҷи араб, аз асри VII (дар «Ривояти суғдӣ») сар шуда, ба воситаи шахсияти Рӯдакӣ ва Ибни Сино (асрҳои Х - ХI мелодӣ) замони ташак¬кули халқи тоҷик, забону адабиёт ва илму маданияти асримиёнагии вайро, ба воситаи нақши Темурмалик (асри ХIII мело¬дӣ) муборизаҳои қаҳрамононаи ӯро дар роҳи муҳофизати озодию истиқлоли миллии худ, ба воситаи бузургию ҳашамати Восеъ (асри ХIХ) қаҳру ғазаби ӯро бар зидди истисморгарони дохилӣ ва ба воситаи ҷустуҷӯҳои маънавии Аҳмади Дониш («Алломаи Адҳам ва дигарон») ҷидду ҷаҳди вайро ба суйи умри дубора, ба суйи вусъатободи олами нав нишон дода, бо қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» фаро расидани умри дубора ва субҳи содиқи онро тасвир кард».Омӯзишу таҳқиқи насри таърихии Сотим Улуғзода, махсусан дар замони соҳибистиклолии Тоҷикистон, аҳаммияти калони илмӣ ва адабӣ дорад, зеро он мавқеи нависандаро дар ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва масъулияти ватандории шаҳрвандон бозгӯй менамояд.Аз охирҳои солҳои 60-ум ба сабабҳои сиёсӣ дар зарфи 10-15 сол эҷодиёти нависанда таҳқиқ нашудааст. Дар ин муддат “Режими вақт ба Сотим Улуғзода раҳму шафкат накард. Ба ҳамагон маълум аст, ки ӯ солиёни зиёд ба чопи асарҳояш имкон надошт, аз сафи ҳизби комму¬нист ронда шуд, ӯро ба ҷамъомадҳо даъват намекарданд, номашро ба рӯйхати мукофотгирандагон ворид намекарданд ва ғайра. Ин ҳама кӯшиши радди маърака намудани нависанда, драматург ва олими забардаст фақат як сабаб дошт - фирори писараш Азиз аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ҳарчанд ки Азиз дар он замон баркамол буду барои ҳар кирдораш худаш бояд ҷавоб мегуфт».Дар замони бозсозӣ (1985-1990) ва Истиқлол аз соли 1991 инҷониб С. Улуғзода аз банди мафкураи сиёсии замон озод мешавад ва таваҷҷуҳи мунаккидону адабиётшиносон ба эҷодиёти нависанда меафзояд. Махсусан, дар таҳқиқоти Раҳими Мусулмониён, Худойназар Асозода, Маъруф Раҷабӣ, Маъруф Исоматов, Шамсиддин Солеҳов, Сайрам Бақоева, Алиҷон Чориев [235], Матлубаи Мирзоюнус, Ҷамилаи Мурувватиён, Сироҷиддини Эмомалӣ ва У. Ғаффоров ҷанбаҳои гуногуни осори фарогири нависанда таҳлилу баррасӣ шуда, мавқеи арзишманди адиб дар адабиёти давраи нави тоҷик таъкид мешавад.Дар бастагӣ бо насри насри таърихии С. Улуғзода профессор Х. Асозода изҳори назар карда, аз ҷумла гуфтааст, ки «С. Улугзода дар байни адибони садаи бисти тоҷик баъд аз С. Айнӣ ягона фардест, ки ба офаридани симо ва шахсиятхои фарҳангии таърихӣ ҷиддан камар баст». Профессор Х. Асозода дар асарҳои ба С. Улуғзода бахшидааш - «Абулқосими Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (2000), «Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода» (2001) ва «Со¬тим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) бо истифода аз усули мукоисавӣ-таърихии таҳкик бурду бохти зиндагӣ, ҳунари образофаринӣ ва диди фарохи таҳлилии нависандаро нишон дода, собитқадамӣ ва майли беандозаи ӯро дар шинохти шахсиятҳои бузурги фарҳангии миллати азизаш - Абулқосими Фирдавсӣ ва Садриддин Айнӣ таҳлил кардааст.Иттилооти комил аз сарчашмахои адабию таърихӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик, муҳаббату арҷгузорӣ ба забони адабии тоҷик ва иқтидори таърихии он ва истеъдоди фитрии ҳунари нигорандагӣ ба нависанда имконият доданд, ки дар андак муддат давраи ҷустуҷӯҳои эҷодиро паси сар карда, соҳиби услуби хосси эҷодӣ гардад.Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 1945) ва солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии халқҳои Иттҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, тағйироти муҳим ба вуқуъ пайваст. Ин тағйироти муҳити сиёсии мамлакат адибонро водор намуд, ки ба арзишҳои миллӣ рӯ оваранд. С. Улуғзода, ки ҳанӯз аз давраи дар Дорулмуаллимини Тошканд, мувофиқи таъкиди профессор М. С. Андреев ба омӯхтани таърихи халки худ камар баста буд, аз солҳои 60-уми садаи XX ба таълифи асархои насрии таърихӣ шуруъ мекунад ва таҷрибаи хуби зиндагӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар насри тоҷик барҷастатарин асарҳои таърихӣ чун қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-ро офарад.Ба таърихи халқ рӯй овардани С. Улуғзода сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ дошт. Таърихият, хоҳ миллӣ бошад ва хоҳ умумибашарӣ, хазинаи зеҳнии инсон, ҳофизаи мустанади башар аст. Аз ин рӯ таърихият масъулияти маърифатии инсонро таҳким бахшида, шахсиятро водор месозад, ки барои тахдиди сиёсии он ҷиддан омода бошад. Хосса коргирӣ аз таърихи миллӣ дар эҷоди бадеъ ба ҷанбаҳои таърих эҳдо намудани ҳунар аст ва ё дар мантиқи одии ифода, тасвири адабию ҳунарии таърих дар перояи музайяни каломи бадеъ аст, ки он на ба ҳар кас даст медиҳад. Адибе, ки ин тамоюлоти мавзуиро баргузидааст, ғолибан ба раванди пайдарҳами асноду далоил, ҳуҷҷату далел, ҳаводису воқеоти рӯзгори миллат тули қарнҳо ва масири таърих сару кор дорад. Онҳоро аз нигохи таърих тартиби таърихӣ, тавъам бо ҳақиқати бадеӣ омезиш медиҳад, сипас таҷдиди сиёсӣ сомон дода ба шахсияту симоҳо, арзишҳо ва об¬разу типҳо рӯ меорад. Устод С. Улуғзода аз уҳдаи ин масъулият баромада, тавонист ба қалбҳо ва зеҳнияти инсонҳо роҳ ёбад ва маҳбубияту мақбулияти нотакрор касб намояд.С. Улуғзода дар адабиёти аҳди шуравии тоҷик пас аз устод С. Айнӣ дуюмин адиби забардаст аст, ки ба таърихи миллати худ ҷиддан рӯ овардааст. Ӯ танҳо дар эҷоди «Ривояти суғдӣ» аз 10 сарчашмаи дараҷаи аввал, чун асарҳои Табарӣ, Ал- Балозурӣ, Ибни Аъсами Куфӣ, Наршахӣ, Ал-Истахрӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон истифода карддаст. Интихоби мавзуъ, офариниши симоҳо, низоъсозӣ, бархурдҳо, баҳсу муховараҳо, дифоъ ва ҳақиқат, офариниши портретҳои зоҳирӣ ва ифшои сурату симоҳо, тасвирҳои равонӣ ва ғайра дар «Ри¬вояти сугдӣ» басо мӯшикофона ва ҷаззобу ҷолиб, бо забони фасеҳу балеғ руйи кор омада асарро дилчаспу хотирмон кардаанд..Таълифи қиссаи «Ривояти суғдӣ» дар адабиёти шуравии тоҷик як бозёфти адабии нодир маҳсуб мешавад, ки ба нависандаи забардаст С. Улуғзода муяссар шудааст ва ин асар аз ҷониби хонандаи тоҷик бо хушнудӣ пазируфта шуда ва номи муаллифи онро маҳбубтару машҳуртар намуд.Халқи тоҷик дар муддати дуру дарози таърихи мавҷудияти худ барои озодӣ, истиқлол ба аҷнабиёни истилогар ва ғосибони дохилӣ муборизаи беамон бурда, саҳифаҳои дурахшони таърихиро ба вуҷуд овардааст. Кӯшиш ва муборизаҳои бошарафонаи аҷдоди баруманди тоҷик, аз ҷумла шуриши куҳистониёни тоҷик дар адабиёти шифоҳиву хаттӣ басо возеху равшан инъикос ёфтаанд. Корномаи Восеъ агар дар адабиёти шифоҳӣ аз охирҳои асри XIX пайдо шуда бошад, пас дар адабиёти хаттӣ аз нимаи аввалҳои асри XX ба назар мерасад ва ҷолиб аст, ки аввалин маротиба дар драматургия мавқеъ пайдо мекунад. Баъдтар симои Восеъ дар шеърҳои алоҳида низ тасвир шуддаст. Вале нақши Восеъ дар насри бадеӣ маҳз дар нимаи дувуми солҳои шастум ба вуҷуд омад ва ин образ якбора мавзуи жанри калони эпикӣ - роман қарор гирифт. Устод Улуғзода, ки то солҳои 60-ум дар офаридани асарҳои таърихӣ таҷрибаи зиёде андухта буд, ба офариниши симои муборизи Восеъ иқдом намуд ва бо ҳамин костагии насри таърихии точикро як андоза бартараф намуд.Мутолиа кардан, омухтан ва ба риштаи таҳқиқ баркашидани нақши Восеи диловар, ки баҳри озодию истиқлоли халқу Ватанаш ҷонбозиҳо кардааст, дар давраи Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят зарур аст ва он дорои аҳаммияти калони эстетикӣ ва маърифатию тарбия мебошад. Махсусан, зиндагӣ, муносибату муомила ва корномаи Восеи диловар барои ҷавонон, хонандагони синни калони мактабию донишҷӯён намунаи барҷастаи ибрат ва омӯзиш мебошад. Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон, вақте ки ба ҷавонон дар хусуси таърихи бою қадима ва фарҳанги волои худ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур мешавад, корномаи Восеъ намунаи барҷастаи сарбаландӣ, сарфарозӣ ва озодихоҳию адолатписандӣ мебошад.Дар романи «Фирдавсӣ» тасвири муҳити оила, фарҳанги оиладорӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд мавқеи хосса дошта ва ин тасвирҳо бо усули муколама барҷаста ифода шудаанд. Фирдавсӣ дар ин муколамаҳо чун шавҳари мҳхрубон нисбат ба Фотимабону ва падари ғамхору масъулиятшинос нисбат ба фарзандон - Ҳушанг ва Манижа тавир шудааст, ки баёнгари фарҳанги волои миллати тоҷик мебошад.. Аз тасвири нависанда муҳити оилавии Фирдавсӣ чун масъалаи муҳимми иҷтиомӣ дар ҳама давру замон ба назар мерасад.Ҳар боби романи «Фирдавсӣ» як масъалаи муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангиро фарогир аст. Дар боби «Мубоҳиса» забони миллӣ ва таъмин намудани рушду нумуи он ба миён гузошта шудааст. Шоир, дар тасвири С. Улуғзода, бонии забони миллӣ аст, онро аз забони арабӣ кам намедонад ва чун ашъори Рӯдакиву Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ дар мисоли «Шоҳнома» кохе бунёд кардааст, ки забони миллиро дар дарозои таърих аз аҷнабиёни истилогар чун сипар нигохдорӣ мекунад. Маҳз ҳамин асарҳои оламшумули бадеию илмӣ буд, ки забони тоҷикӣ бо ҳама назокату фасоҳаташ то замони мо омада расид.С. Улуғзода тули фаъолияти хеш оид ба саргузашти чаҳор тан саромадони сухангустарӣ ва илм, ҳунар ва фарҳанги миллӣ, чаҳор асари таърихиии воқеии таълиф намудааст, ки то кунун на дар кишвари мо ва на дар хорич аз диёри мо ҳамто ё худ ҳампанҷа пайдо накардаанд. Асарҳои таърихию воқеии Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино ва Аҳмади Донишро, ки ҳар кадом аз бузургтарин симоҳои миллӣ дар арсаи фарҳанг, илм, ҳунар ва шахсиятҳои баруманд ва си¬моҳои бемонанди миллати тоҷиканд. Албатта, халқ, миллат чунин фарзандони баруманди хешро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад ва нахоҳад кард. Хидмати С. Улуғзода боз аз он иборат аст, ки ӯ бо тафаккури воло, истеъдоди фитрӣ ва бо коргирӣ аз ҳофизаи боғановати таърихӣ симоҳои фавкуззикри миллиро ба миллати худ ва ба ҷаҳониён шиносонида тавонист ва аз уҳдаи он комилан баромад.Ҳамин тариқ, дар адабиёти давраи нави тоҷик адибе баъди устод С. Айнӣ дар инъикоси бадеии ҳақиқати таърихӣ дар пояи Сотим Улуғзода нест. Андеша ва мулоҳизаҳои фарогир нисбат ба муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ба нависанда имкон додаанд, ки аз усулҳои гуногуни тасвири воқеӣ ва бадеият бо маҳорат истифода карда, тавассути сужа ва образҳои асосӣ таърих, иҷтимоъ ва фарҳанги волои халқи тоҷикро дар асрҳои миёна ба таври амиқу равшан инъокос намуда бо ин амал ҷомеаро дар шароити нави таърихӣ дар руҳияи ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва пос доштани забону фарҳанги миллӣ тарбия намояд.Сироҷиддини Эмомалӣадабиётшинос
!!!Добро пожаловать в Мой Таджикистан!!!
:Рухсораи Умед
Устод Сотим Улуғзода ва таҳаввули насри таърихӣ
Адабиёти бадеӣ, бахусус насри таърихӣ, аз василаҳои муҳимму меҳварии ҳифз ва эҳёи таърих ва фарҳанги халқу миллатҳои дунё ба шумор меравад. Ҳатто нисбат ба асарҳои таърихӣ ва сиёсиву иқтисодӣ, оид ба таърихи муҳити зисти ин ё он халқ асарҳои бадеӣ, махсусан роману қиссаҳои таърихӣ, маълумоти бештар ва фарогиртар медиҳанд.
Воқеан, насри таърихӣ ҳаводиси давраҳои таърихиро бо кулли бартарӣ ва камиву костӣ ба хонанда расонда, ӯро ба андеша ва тафаккур кардан водор менамояд. Маълум аст, ки дар осори бадеӣ, аз ҷумла дар қисса ва романҳои таърихӣ, тахайюл ва тасвирҳои бадеӣ нақши калидӣ доранд, вале тасвиру ҷузъиёти бадеӣ аз доираи замон ва ҳақиқати воқеияти иҷтимоӣ берун нестанд.
Дар ташаккулу такомули насри таърихии тоҷик тасвири реалистӣ, ки бо таъсири адабиёти рус ва Ғарб шакл гирифтааст, мақоми арзанда дорад. Устод Айнӣ бо эҷоди «Дохунда» дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ дар насри давраи нави адабиёти тоҷик аввалин асари калонҳаҷми эпикиро ба вуҷуд овард. Бо таълифи «Ғуломон» бошад дар насри тоҷик романи таърихӣ пайдо шуд, ки муҳтавои он воқеаҳои зиёда аз сад сол (солҳои 1825-1933)-и ҳаёти халқи тоҷикро фаро гирифта, дар он ҳуҷҷатҳо ва санадҳои бисёри таърихӣ истифода шудаанд.
Нависандаи дигаре, ки дар асарҳои бадеии худ аз ҳуҷҷат ва санадҳои таърихӣ фаровон истифода карда, дар рушду нумуи насри таърихии тоҷик саҳми арзанда гузоштааст, устод Сотим Улуғзода мебошад. Асарҳои таърихии устод С. Улуғзода, аз ҷумла қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ», бо муҳтаво ва забони равону фасеҳ ва муассири худ дар адабиёти тоҷик мавқеи намоён доранд.
Бояд таъкид кард, ки устод Сотим Улуғзода дар шинохти таърих ва фарҳангу тамадду¬ни ғановатманди миллати тоҷик ба ҳамватанон ва ҷаҳониён хизмати басо арзанда кардаааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки «Мо аз таърихи на- чандон дури Ватанамон низ номи даҳҳо шахсиятҳоеро бо ифтихор ба забон оварда метавонем, ки ба нафъи миллати хеш хизмати фидокорона ва бузург кардаанд... Бо назардошти хизмати шоёни нависандагони забардаст Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ки ҷашни 100-солагии онҳо дар назар аст, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгохи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шахри Душанбе дар бобати абадӣ гардондани хотираи онхо бояд тадбирҳо андешанд». Маҳз ҳамин қадршиносии Сарвари давлат буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики¬стон аз 28-уми декабри соли 2008, №594 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гузошта шуд.
Хидмату рисолати таърихии Сотим Улугзода ҳамчун нависанда ва мутафаккири хештаншиноси тоҷик он аст, ки ба мавзуъҳои таърихӣ рӯ овард, то ба алоқамандону муддаиёни кӯрдил фаҳмонад, ки халқи тоҷик фарҳанг ва таърихи бостониву заволнопазир дорад. Ҳокимияти шуравӣ худши¬носиро бузургманишии миллӣ қазоват мекард ва маҳз аз ҳамин назар ба он муборизаи беамон мебурд. Алорағми ин ақидаву пиндор рӯ овардани адиби тоҷик С. Улуғзода ба гузаштаи халқи худ, омӯхтани таърихи миллати хеш аз солҳои 20- уми асри гузашта оғоз мешавад. Тибки шаҳодати худи адиб, такони чиддиро дар вуҷуди Улуғзода олими рус, профессор М. С. Андреев барангехта будааст.
Сотим Улуғзода ҳанӯз аз ҷавонӣ ба омӯзиши таърихи халқи худ оғоз кардааст. Ин ҷанбаи эчодиёти нависанда дар тақиқоти донишмандонони муосири тоҷик Ш. Хусейнзода, Х. Мирзозода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Л. Н. Демидчик, С. Табаров, Х. Шарифов, Х. Отахонова, А. Сайфуллоев, Р. Мусулмониён, Р. Ҳошим, Х. Асозода, М. Раҷабӣ, Солеҳ Салоҳ, М. Исоматов, А. Абдуманнонов, У. Ғаффоров, Сироҷиддини Эмомалӣ ва дигарон таъкид шудааст. Ин аст, ки С. Улуғзода аз солҳои сиюм мунтазам ба мавзуъҳои таърихӣ ру овардааст. Қаҳрамонҳои интихобнамудаи нависанда ё шахсиятҳои илмию фарҳангӣ, ё симоҳои эчодӣ ва ё каҳрамонҳои халқӣ мебошанд ва маҳорат ва устодии С. Улуғзода дар он зоҳир мегардад, ки аз онҳо типҳои таърихӣ - адабӣ сохта, ҷараёни мазкурро тарзе ба тасвир мегирад, ки ҳатман боиси ҷалби таваҷҷуҳ, диққат ва рағбату хоҳиши хонанда мешавад.
Рӯ овардан ба мавзуъҳои таърихӣ, шахсиятҳо ва симоҳои таърихӣ, аз як тараф ва барҷаста бозтоб додани ҳаводиси таърихию симоҳои матраҳи миллӣ, аз тарафи дигар, устод Улуғзодаро минҳайси нависанда ва адиби нотакрори миллӣ муаррифӣ кардааст. Ин гуна ибтикор дар баробари истеъдод, маҳорат, қобилият, кареҳаи эҷодӣ, инчунин тавъам ба он дониш, тафаккури баланд, андешаи қавӣ, ҷустуҷӯву пажуҳиш, ковишу қиёсро мехоҳад. Ғайр аз ин, падидаи мазкур табиист, ки натиҷагириҳову хулосабарориҳои амиқу муътамадро тақозо менамояд.
Ҷанбахои фарқкунандаи мавзуи таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешаванд, ки тасвирҳо мустанад, воқеӣ, мушаххас, фаъол ва далелноканд. Аз ин нигоҳ, рӯ овардан ба мавзуъҳои таърихӣ масъулият, истеъдоду дониш ва маҳорату ҷаҳонбинии илмиро тақозо дорад. Масалан, «Ривояти суғдӣ» далели қавии урфу одат, рӯзгор, психологияву ҷахонбинии як қавми куҳантаъриху мутамаддин дар арсаи таърих мебошад. Агар онро нависандаи миллати дигар биофарад, ҳеҷ гоҳ дар чунин поя рӯйи кор намеомад.
Оид ба ҳофизаи таърихии шахсияти эҷодӣ ва таърихи бостонии миллат донишмандони маъруф академик М. Шакурӣ ва профессор Л. Демидчик чунин қазоват кардаанд: «Сотим Улуғзода муҳимтарин давраҳои таърихи халқи кадимии худро аз назари таҳкик гузаронидааст. Ин тахқиқи ӯ аз давраи ташаккули ҷамъияти феодалӣ, замони хуруҷи араб, аз асри VII (дар «Ривояти суғдӣ») сар шуда, ба воситаи шахсияти Рӯдакӣ ва Ибни Сино (асрҳои Х - ХI мелодӣ) замони ташак¬кули халқи тоҷик, забону адабиёт ва илму маданияти асримиёнагии вайро, ба воситаи нақши Темурмалик (асри ХIII мело¬дӣ) муборизаҳои қаҳрамононаи ӯро дар роҳи муҳофизати озодию истиқлоли миллии худ, ба воситаи бузургию ҳашамати Восеъ (асри ХIХ) қаҳру ғазаби ӯро бар зидди истисморгарони дохилӣ ва ба воситаи ҷустуҷӯҳои маънавии Аҳмади Дониш («Алломаи Адҳам ва дигарон») ҷидду ҷаҳди вайро ба суйи умри дубора, ба суйи вусъатободи олами нав нишон дода, бо қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» фаро расидани умри дубора ва субҳи содиқи онро тасвир кард».
Омӯзишу таҳқиқи насри таърихии Сотим Улуғзода, махсусан дар замони соҳибистиклолии Тоҷикистон, аҳаммияти калони илмӣ ва адабӣ дорад, зеро он мавқеи нависандаро дар ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва масъулияти ватандории шаҳрвандон бозгӯй менамояд.
Аз охирҳои солҳои 60-ум ба сабабҳои сиёсӣ дар зарфи 10-15 сол эҷодиёти нависанда таҳқиқ нашудааст. Дар ин муддат “Режими вақт ба Сотим Улуғзода раҳму шафкат накард. Ба ҳамагон маълум аст, ки ӯ солиёни зиёд ба чопи асарҳояш имкон надошт, аз сафи ҳизби комму¬нист ронда шуд, ӯро ба ҷамъомадҳо даъват намекарданд, номашро ба рӯйхати мукофотгирандагон ворид намекарданд ва ғайра. Ин ҳама кӯшиши радди маърака намудани нависанда, драматург ва олими забардаст фақат як сабаб дошт - фирори писараш Азиз аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ҳарчанд ки Азиз дар он замон баркамол буду барои ҳар кирдораш худаш бояд ҷавоб мегуфт».
Дар замони бозсозӣ (1985-1990) ва Истиқлол аз соли 1991 инҷониб С. Улуғзода аз банди мафкураи сиёсии замон озод мешавад ва таваҷҷуҳи мунаккидону адабиётшиносон ба эҷодиёти нависанда меафзояд. Махсусан, дар таҳқиқоти Раҳими Мусулмониён, Худойназар Асозода, Маъруф Раҷабӣ, Маъруф Исоматов, Шамсиддин Солеҳов, Сайрам Бақоева, Алиҷон Чориев [235], Матлубаи Мирзоюнус, Ҷамилаи Мурувватиён, Сироҷиддини Эмомалӣ ва У. Ғаффоров ҷанбаҳои гуногуни осори фарогири нависанда таҳлилу баррасӣ шуда, мавқеи арзишманди адиб дар адабиёти давраи нави тоҷик таъкид мешавад.
Дар бастагӣ бо насри насри таърихии С. Улуғзода профессор Х. Асозода изҳори назар карда, аз ҷумла гуфтааст, ки «С. Улугзода дар байни адибони садаи бисти тоҷик баъд аз С. Айнӣ ягона фардест, ки ба офаридани симо ва шахсиятхои фарҳангии таърихӣ ҷиддан камар баст». Профессор Х. Асозода дар асарҳои ба С. Улуғзода бахшидааш - «Абулқосими Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода» (2000), «Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода» (2001) ва «Со¬тим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) бо истифода аз усули мукоисавӣ-таърихии таҳкик бурду бохти зиндагӣ, ҳунари образофаринӣ ва диди фарохи таҳлилии нависандаро нишон дода, собитқадамӣ ва майли беандозаи ӯро дар шинохти шахсиятҳои бузурги фарҳангии миллати азизаш - Абулқосими Фирдавсӣ ва Садриддин Айнӣ таҳлил кардааст.
Иттилооти комил аз сарчашмахои адабию таърихӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик, муҳаббату арҷгузорӣ ба забони адабии тоҷик ва иқтидори таърихии он ва истеъдоди фитрии ҳунари нигорандагӣ ба нависанда имконият доданд, ки дар андак муддат давраи ҷустуҷӯҳои эҷодиро паси сар карда, соҳиби услуби хосси эҷодӣ гардад.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 1945) ва солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии халқҳои Иттҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, тағйироти муҳим ба вуқуъ пайваст. Ин тағйироти муҳити сиёсии мамлакат адибонро водор намуд, ки ба арзишҳои миллӣ рӯ оваранд. С. Улуғзода, ки ҳанӯз аз давраи дар Дорулмуаллимини Тошканд, мувофиқи таъкиди профессор М. С. Андреев ба омӯхтани таърихи халки худ камар баста буд, аз солҳои 60-уми садаи XX ба таълифи асархои насрии таърихӣ шуруъ мекунад ва таҷрибаи хуби зиндагӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар насри тоҷик барҷастатарин асарҳои таърихӣ чун қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-ро офарад.
Ба таърихи халқ рӯй овардани С. Улуғзода сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ дошт. Таърихият, хоҳ миллӣ бошад ва хоҳ умумибашарӣ, хазинаи зеҳнии инсон, ҳофизаи мустанади башар аст. Аз ин рӯ таърихият масъулияти маърифатии инсонро таҳким бахшида, шахсиятро водор месозад, ки барои тахдиди сиёсии он ҷиддан омода бошад. Хосса коргирӣ аз таърихи миллӣ дар эҷоди бадеъ ба ҷанбаҳои таърих эҳдо намудани ҳунар аст ва ё дар мантиқи одии ифода, тасвири адабию ҳунарии таърих дар перояи музайяни каломи бадеъ аст, ки он на ба ҳар кас даст медиҳад. Адибе, ки ин тамоюлоти мавзуиро баргузидааст, ғолибан ба раванди пайдарҳами асноду далоил, ҳуҷҷату далел, ҳаводису воқеоти рӯзгори миллат тули қарнҳо ва масири таърих сару кор дорад. Онҳоро аз нигохи таърих тартиби таърихӣ, тавъам бо ҳақиқати бадеӣ омезиш медиҳад, сипас таҷдиди сиёсӣ сомон дода ба шахсияту симоҳо, арзишҳо ва об¬разу типҳо рӯ меорад. Устод С. Улуғзода аз уҳдаи ин масъулият баромада, тавонист ба қалбҳо ва зеҳнияти инсонҳо роҳ ёбад ва маҳбубияту мақбулияти нотакрор касб намояд.
С. Улуғзода дар адабиёти аҳди шуравии тоҷик пас аз устод С. Айнӣ дуюмин адиби забардаст аст, ки ба таърихи миллати худ ҷиддан рӯ овардааст. Ӯ танҳо дар эҷоди «Ривояти суғдӣ» аз 10 сарчашмаи дараҷаи аввал, чун асарҳои Табарӣ, Ал- Балозурӣ, Ибни Аъсами Куфӣ, Наршахӣ, Ал-Истахрӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон истифода карддаст. Интихоби мавзуъ, офариниши симоҳо, низоъсозӣ, бархурдҳо, баҳсу муховараҳо, дифоъ ва ҳақиқат, офариниши портретҳои зоҳирӣ ва ифшои сурату симоҳо, тасвирҳои равонӣ ва ғайра дар «Ри¬вояти сугдӣ» басо мӯшикофона ва ҷаззобу ҷолиб, бо забони фасеҳу балеғ руйи кор омада асарро дилчаспу хотирмон кардаанд..
Таълифи қиссаи «Ривояти суғдӣ» дар адабиёти шуравии тоҷик як бозёфти адабии нодир маҳсуб мешавад, ки ба нависандаи забардаст С. Улуғзода муяссар шудааст ва ин асар аз ҷониби хонандаи тоҷик бо хушнудӣ пазируфта шуда ва номи муаллифи онро маҳбубтару машҳуртар намуд.
Халқи тоҷик дар муддати дуру дарози таърихи мавҷудияти худ барои озодӣ, истиқлол ба аҷнабиёни истилогар ва ғосибони дохилӣ муборизаи беамон бурда, саҳифаҳои дурахшони таърихиро ба вуҷуд овардааст. Кӯшиш ва муборизаҳои бошарафонаи аҷдоди баруманди тоҷик, аз ҷумла шуриши куҳистониёни тоҷик дар адабиёти шифоҳиву хаттӣ басо возеху равшан инъикос ёфтаанд. Корномаи Восеъ агар дар адабиёти шифоҳӣ аз охирҳои асри XIX пайдо шуда бошад, пас дар адабиёти хаттӣ аз нимаи аввалҳои асри XX ба назар мерасад ва ҷолиб аст, ки аввалин маротиба дар драматургия мавқеъ пайдо мекунад. Баъдтар симои Восеъ дар шеърҳои алоҳида низ тасвир шуддаст. Вале нақши Восеъ дар насри бадеӣ маҳз дар нимаи дувуми солҳои шастум ба вуҷуд омад ва ин образ якбора мавзуи жанри калони эпикӣ - роман қарор гирифт. Устод Улуғзода, ки то солҳои 60-ум дар офаридани асарҳои таърихӣ таҷрибаи зиёде андухта буд, ба офариниши симои муборизи Восеъ иқдом намуд ва бо ҳамин костагии насри таърихии точикро як андоза бартараф намуд.
Мутолиа кардан, омухтан ва ба риштаи таҳқиқ баркашидани нақши Восеи диловар, ки баҳри озодию истиқлоли халқу Ватанаш ҷонбозиҳо кардааст, дар давраи Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят зарур аст ва он дорои аҳаммияти калони эстетикӣ ва маърифатию тарбия мебошад. Махсусан, зиндагӣ, муносибату муомила ва корномаи Восеи диловар барои ҷавонон, хонандагони синни калони мактабию донишҷӯён намунаи барҷастаи ибрат ва омӯзиш мебошад. Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон, вақте ки ба ҷавонон дар хусуси таърихи бою қадима ва фарҳанги волои худ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур мешавад, корномаи Восеъ намунаи барҷастаи сарбаландӣ, сарфарозӣ ва озодихоҳию адолатписандӣ мебошад.
Дар романи «Фирдавсӣ» тасвири муҳити оила, фарҳанги оиладорӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд мавқеи хосса дошта ва ин тасвирҳо бо усули муколама барҷаста ифода шудаанд. Фирдавсӣ дар ин муколамаҳо чун шавҳари мҳхрубон нисбат ба Фотимабону ва падари ғамхору масъулиятшинос нисбат ба фарзандон - Ҳушанг ва Манижа тавир шудааст, ки баёнгари фарҳанги волои миллати тоҷик мебошад.. Аз тасвири нависанда муҳити оилавии Фирдавсӣ чун масъалаи муҳимми иҷтиомӣ дар ҳама давру замон ба назар мерасад.
Ҳар боби романи «Фирдавсӣ» як масъалаи муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангиро фарогир аст. Дар боби «Мубоҳиса» забони миллӣ ва таъмин намудани рушду нумуи он ба миён гузошта шудааст. Шоир, дар тасвири С. Улуғзода, бонии забони миллӣ аст, онро аз забони арабӣ кам намедонад ва чун ашъори Рӯдакиву Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ дар мисоли «Шоҳнома» кохе бунёд кардааст, ки забони миллиро дар дарозои таърих аз аҷнабиёни истилогар чун сипар нигохдорӣ мекунад. Маҳз ҳамин асарҳои оламшумули бадеию илмӣ буд, ки забони тоҷикӣ бо ҳама назокату фасоҳаташ то замони мо омада расид.
С. Улуғзода тули фаъолияти хеш оид ба саргузашти чаҳор тан саромадони сухангустарӣ ва илм, ҳунар ва фарҳанги миллӣ, чаҳор асари таърихиии воқеии таълиф намудааст, ки то кунун на дар кишвари мо ва на дар хорич аз диёри мо ҳамто ё худ ҳампанҷа пайдо накардаанд. Асарҳои таърихию воқеии Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино ва Аҳмади Донишро, ки ҳар кадом аз бузургтарин симоҳои миллӣ дар арсаи фарҳанг, илм, ҳунар ва шахсиятҳои баруманд ва си¬моҳои бемонанди миллати тоҷиканд. Албатта, халқ, миллат чунин фарзандони баруманди хешро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад ва нахоҳад кард. Хидмати С. Улуғзода боз аз он иборат аст, ки ӯ бо тафаккури воло, истеъдоди фитрӣ ва бо коргирӣ аз ҳофизаи боғановати таърихӣ симоҳои фавкуззикри миллиро ба миллати худ ва ба ҷаҳониён шиносонида тавонист ва аз уҳдаи он комилан баромад.
Ҳамин тариқ, дар адабиёти давраи нави тоҷик адибе баъди устод С. Айнӣ дар инъикоси бадеии ҳақиқати таърихӣ дар пояи Сотим Улуғзода нест. Андеша ва мулоҳизаҳои фарогир нисбат ба муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ба нависанда имкон додаанд, ки аз усулҳои гуногуни тасвири воқеӣ ва бадеият бо маҳорат истифода карда, тавассути сужа ва образҳои асосӣ таърих, иҷтимоъ ва фарҳанги волои халқи тоҷикро дар асрҳои миёна ба таври амиқу равшан инъокос намуда бо ин амал ҷомеаро дар шароити нави таърихӣ дар руҳияи ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва пос доштани забону фарҳанги миллӣ тарбия намояд.
Сироҷиддини Эмомалӣ
адабиётшинос