Бо ҳусну ҷамоли хеш мафтун кардӣ,

В-аз дурии худ, дилам пур аз хун кардӣ.
.
Овора манам ба куйи ишқ аз пайи ту,
Як бор нигар ҳоли маро чун кардӣ.
.
Хун аз дилу аз чашм равон чашмаи об,
Ашки дили ман, чу руди Ҷайҳун кардӣ.
.
Аз шавқи висоли ту ки дилшод будам,
Дилдодаи худ бубин, ки маҳзун кардӣ.
.
Ту Лайлӣ будӣ дар раҳи қисамат, эй гул,
Дар ишқу вафо маро чу Маҷнун кардӣ.
.
Зебосанамо, ба ҷон харидори туям,
Бо ними нигаҳ маро, ту афсун кардӣ.
.
Ин мисраи мондагори Мискинро бин,
Бо ҷилваи қоматат мавзун кардӣ.
.
Кароматулло Зиндагӣ якранг нест

Комментарии

Комментариев нет.