(салаллоҳу алайҳи ва саллам)Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам 12 Рабсулаввал, рӯзи душанбе дар соли «Омулфил» ба дунё омадаанд. Силсилаи насаби он ҳазрат ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарафи падар чунин аст: Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб.Насаби Расули Акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарафи падариву модарӣ дар Килоб ибни Мурра якҷо мешавад. Баъд аз таваллуд ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) чанд рӯз бо модари гиромии худ Бибӣ Омина буданд. Баъд аз он Сувайба разияллоҳу анҳо, ки канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, он ҳазратро шир дод. Вақте ки Сувайба Абӯлаҳабро аз таваллуд шудани ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) башорат дод, Абӯлаҳаб аз хурсандӣ Сувайбаро, ки канизакаш буд, озод намуд. Сувайба инчунин амаки ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) Амир Ҳамза (р) –ро низ шир дода буд.Ҳамин тавр Амир Ҳамза бародари ширхӯраи ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) шуд.Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ нақл аст, ки Расули Акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) Сувайбаро бисёр икром мекарданд, вақте он ҳазрат ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) бо «Умми мӯъминон» Хадича (р) никоҳ карданд, Сувайба (р) ҳузур дошт. Баъд аз Ҳиҷрат ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Сувайба ҳадя мефиристоданд. Вақте Маккаи Мукаррама фатҳ шуд, он ҳазрат аз Сувайба ва писари ӯ Масрӯҳ суроғ карданд. Ба ишон гуфтанд, ки ҳар дуи онҳо вафот кардаанд. Боз пурсиданд, ки ягон хеш дорад, ки ба онҳо эҳсон кунам? Мардум гуфтанд, ки ягон хешу ақрабо надорад.Абӯлаҳабро баъди вафоташ касе дар хоб дид, ки бисёр ҳоли бад дошт. Пурсид, ки «Эй Абӯлаҳаб, чӣ ҳол дорӣ?» Гуфт: «Баъд аз марг ҳеҷ роҳатро надидаам. Танҳо ба хотири он ки Сувайбаро озод кардаам, дар ивази он ба андозаи сари ангушт бароям об дода мешавад».Баъд аз Сувайба ҳазрати Ҳалимаи Саъдия разияллоҳу анҳо он ҳазратро шир дода буд. Дар Араб одат буд, ки мардуми ашроф кӯдакони худро ба деҳаҳо мефирист
☪ САБР калиди xушбахтиҳост ☪
МУХТАСАРЕ АЗ СИРАИ ПАЁМБАР
(салаллоҳу алайҳи ва саллам)
Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам 12 Рабсулаввал, рӯзи душанбе дар соли «Омулфил» ба дунё омадаанд. Силсилаи насаби он ҳазрат ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарафи падар чунин аст: Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб.
Насаби Расули Акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарафи падариву модарӣ дар Килоб ибни Мурра якҷо мешавад. Баъд аз таваллуд ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) чанд рӯз бо модари гиромии худ Бибӣ Омина буданд. Баъд аз он Сувайба разияллоҳу анҳо, ки канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, он ҳазратро шир дод. Вақте ки Сувайба Абӯлаҳабро аз таваллуд шудани ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) башорат дод, Абӯлаҳаб аз хурсандӣ Сувайбаро, ки канизакаш буд, озод намуд. Сувайба инчунин амаки ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) Амир Ҳамза (р) –ро низ шир дода буд.
Ҳамин тавр Амир Ҳамза бародари ширхӯраи ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) шуд.
Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ нақл аст, ки Расули Акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) Сувайбаро бисёр икром мекарданд, вақте он ҳазрат ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) бо «Умми мӯъминон» Хадича (р) никоҳ карданд, Сувайба (р) ҳузур дошт. Баъд аз Ҳиҷрат ҳазрати Муҳаммад ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Сувайба ҳадя мефиристоданд. Вақте Маккаи Мукаррама фатҳ шуд, он ҳазрат аз Сувайба ва писари ӯ Масрӯҳ суроғ карданд. Ба ишон гуфтанд, ки ҳар дуи онҳо вафот кардаанд. Боз пурсиданд, ки ягон хеш дорад, ки ба онҳо эҳсон кунам? Мардум гуфтанд, ки ягон хешу ақрабо надорад.
Абӯлаҳабро баъди вафоташ касе дар хоб дид, ки бисёр ҳоли бад дошт. Пурсид, ки «Эй Абӯлаҳаб, чӣ ҳол дорӣ?» Гуфт: «Баъд аз марг ҳеҷ роҳатро надидаам. Танҳо ба хотири он ки Сувайбаро озод кардаам, дар ивази он ба андозаи сари ангушт бароям об дода мешавад».
Баъд аз Сувайба ҳазрати Ҳалимаи Саъдия разияллоҳу анҳо он ҳазратро шир дода буд. Дар Араб одат буд, ки мардуми ашроф кӯдакони худро ба деҳаҳо мефирист