Оё Коронавирус азоб аст ё раҳмат?

Модари мӱъминон Оиша (Аллоҳ аз ў розӣ бошад) мегуяд: "Аз Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) оид ба тоун (чума- бемории марговари гузаранда) пурсидам ва фармуд: "Он азобе аст, ки Аллоҳ ба сари касе хоҳад, мефиристад. Вале Аллоҳ онро барои бандагони мӱъмин раҳмат гардонидааст. Ҳар касе, ки дар кишвараш тоун сар занад ва сабр карда, ба умеди савоб дар кишвараш боқӣ монад ва бидонад, ки танҳо ҳар чизе мешавад, ки Аллоҳ хостааст, агар аз он вафот намояд, савоби шаҳидро ҳосил хоҳад кард". Ривояти Бухорй, 5402 . Фоидаҳои ҳадиси муборак:
1. Тоун, вабо, коронавирус ва ҳар бемории марговаре, ки аз тарафи Аллоҳ фиристода мешавад, барои ғайримусалмонон азоб аст.
2. Ҳар намуди мусибат, ҳатто бемориҳои марговар барои бандаи мӱъмин раҳмат мешавад, агар нияти худронакў намояд, сабр кунад ва ба тақдири худ розӣ шавад, савоби бузурге ҳосил хоҳад кард.
3. Яқин бояд донист, ки ҳар кор бо хости Аллоҳ сурат мегирад. Дар ҳеҷ ҷои дунё ҳеҷ коре берун аз зости Аллоҳ нахоҳад шуд, ҳатто майдатарин вирусу микробҳо танҳо бо хости Аллоҳ пайдо мешаванд ва ба касе зиён мерасонанд.
4. Аз бемории марговар вафоткарда савоби шаҳидро ҳосил мекунад.

Комментарии

  • 31 мар 2020 18:12
  • 1 апр 2020 14:39
    Аллох  хар кадоми моро ва падару модару  фанзандони мора дар панохи худ нагах дарад омин
  • 5 апр 2020 07:28
  • 15 апр 2020 22:48
    Авало Асалом бадан хамаамон дуо мекунем ки ин вабои аср нест шавад тамоми дунё дар хайрат мондааст аз ин касал ягон шахсе то хол ба ин дард даво наёфтааст. Лек мо барои чи як бор ба атрофи худ назар намекунем дар мо чи номакулихое рафта истодааст якумаш сару либос хеч кас дар ин фикр нест ха давлатхои дигар хам фиску фасод бисёр шуд ки Аллохи мехрубон ин касалро овард . Барои хамин дуо хам кунему як бор ба гирду атрофамон назар кунем ки дуои мо хам мустачо шавад.
  • 16 апр 2020 05:29
    Solehi B ответил Nur Mirzoev
    Бале рост мегуен бародар
  • 16 апр 2020 20:03
    Ман мухлиси гапи шумо Хочичон