Абдулазиз Раҷабов, ҷаҳонгардитоҷик, ки бештар бо номи“Ҳоҷӣ-пиёда” машҳур аст, бо якгурӯҳи шашнафарӣ ба сафаринавбатӣ омодагӣ дорад. Ӯгуфтааст, ки сафари онҳо ЧинуҶопон, Ҳиндустон, Шри-Ланка,Арабистони Саудӣ, ЭронуОзарбойҷон ва Русияро дар бархоҳад гирифт.“Ҳамроҳони ман сокинониноҳияҳои Ҳамадонӣ, Данғара,Кӯлоб, Восеъ ва шаҳри Душанбеҳастанд”, — афзудааст вай .“Ҳоҷӣ пиёда” гуфтааст, чандкишвар, аз ҷумла Чину Ҷопон,барояшон виза ё раводидибепул дода, мақомотиАрабистони Саудӣ то ҳол аздодани виза худдорӣ кардаанд.Ӯ гуфт, се нафар аз ҳамроҳонашбаъди интизории тӯлонӣтасмимро иваз карда, аз идомаисафар даст кашиданд.Абдулазиз Раҷабов дар гузаштамуаллими тарбияи ҷисмонӣ будва чанд сол боз бознишаста ёнафақахӯр аст. Вай дар посух баин суол, ки пули сафарҳояшроаз куҷо пайдо мекунад, гуфт,“ҳамаи маблағ аз пасандозҳоихудам ҳастанд. Дар роҳ дармеҳмонхонаҳо намехобем ваҳамеша дар ҳаракат ҳастем. Дарбаъзе ҷой мардум бароямонғизо ва ҷойи хоб медиҳанд.Аммо бештари вақт зери осмонисоф мехобем.”Ӯ гуфт, ки дар маҷмуъ тақрибанба 50 кишвари ҷаҳон сафаркарда, ҳамеша барои таблиғиТоҷикистон парчами кишварробо худ бурдааст. Ӯ баъд аз онкипиёда ба зиёрати Каъба рафт,тахаллуси «Ҳоҷӣ пиёда»-рогирифт.
Маълумотхои ачоиб ва Дахшатнок. Пайваст шавед!
“Ҳоҷӣ-пиёда”- и тоҷик боз ба сафар мебарояд
Абдулазиз Раҷабов, ҷаҳонгарди
тоҷик, ки бештар бо номи
“Ҳоҷӣ-пиёда” машҳур аст, бо як
гурӯҳи шашнафарӣ ба сафари
навбатӣ омодагӣ дорад. Ӯ
гуфтааст, ки сафари онҳо Чину
Ҷопон, Ҳиндустон, Шри-Ланка,
Арабистони Саудӣ, Эрону
Озарбойҷон ва Русияро дар бар
хоҳад гирифт.
“Ҳамроҳони ман сокинони
ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Данғара,
Кӯлоб, Восеъ ва шаҳри Душанбе
ҳастанд”, — афзудааст вай .
“Ҳоҷӣ пиёда” гуфтааст, чанд
кишвар, аз ҷумла Чину Ҷопон,
барояшон виза ё раводиди
бепул дода, мақомоти
Арабистони Саудӣ то ҳол аз
додани виза худдорӣ кардаанд.
Ӯ гуфт, се нафар аз ҳамроҳонаш
баъди интизории тӯлонӣ
тасмимро иваз карда, аз идомаи
сафар даст кашиданд.
Абдулазиз Раҷабов дар гузашта
муаллими тарбияи ҷисмонӣ буд
ва чанд сол боз бознишаста ё
нафақахӯр аст. Вай дар посух ба
ин суол, ки пули сафарҳояшро
аз куҷо пайдо мекунад, гуфт,
“ҳамаи маблағ аз пасандозҳои
худам ҳастанд. Дар роҳ дар
меҳмонхонаҳо намехобем ва
ҳамеша дар ҳаракат ҳастем. Дар
баъзе ҷой мардум бароямон
ғизо ва ҷойи хоб медиҳанд.
Аммо бештари вақт зери осмони
соф мехобем.”
Ӯ гуфт, ки дар маҷмуъ тақрибан
ба 50 кишвари ҷаҳон сафар
карда, ҳамеша барои таблиғи
Тоҷикистон парчами кишварро
бо худ бурдааст. Ӯ баъд аз онки
пиёда ба зиёрати Каъба рафт,
тахаллуси «Ҳоҷӣ пиёда»-ро
гирифт.