Бояд донист, ки назди ҷумҳури уламои аҳли суннати валҷамоат таровеҳ бист ракаат дониста шуда астАз баски ин масъала хело масъалаи баҳсӣ қарор гирифтааст инҷо ин масъаларо ба чанд нуктаҳо ҷудо намуда матраҳ менамоям:1.Маъно ва мафҳуми таровеҳ.2.Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ.3.Таровеҳи Расули Худо صلى الله عليه وسلم4.Бист ракат таровеҳ назди саҳобагон.5.Бист ракаат таровеҳ назди тобеин.6.Бист ракаат таровеҳ аз нигоҳи мазоҳиби чаҳоргона.7.Иҷмоъи саҳоба бар бист ракаат таровеҳ.8.Фарқ байни таҳаҷҷуд ва таровеҳ.9.Далоили ғайри муқаллидин ва посух ба онҳо.10.Як истидлоли ғалат ва посухи он:Маъно ва мафҳуми таровеҳ:Калимаи «таровеҳ» шакли ҷамъи «тарвиҳа» буда, тарвиҳаҳамон нишастеро гӯянд, ки шахси намозхон дар шабҳои рамазонбаъд аз хондани чаҳор ракаат каме истироҳат мекунад ва дар он истироҳат дуо ѐ тасбиҳ мехонад ин нишастро «тарвиҳа» гӯянд, дар намози таровеҳ ки ҳамагӣ панҷ нишаст аст тамоми он нишастҳоро «таровеҳ» мегӯянд, ин ба як маъно.Ба маънои дигар таровеҳ ҳамон намозеро гӯянд, ки дар моҳимубораки рамазон баъд аз намози хуфтан бо ҷамоат хондамешавад.Имом ибни Ҳаҷари Асқалонӣ-раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:«Намози бо ҷамоат дар шабҳои рамазон таровеҳ номгузоришудааст» (фатҳулборӣ ҷ4 саҳ: 249)Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ:Намози таровеҳ яке аз суннатҳои муаккади Расули Худоصلى الله عليه وسلم аст,Аллома Забидии ҳанафӣ (вафот 800 ҳ.) мегӯяд:«Ва қавли саҳеҳ ин аст, ки таровеҳ суннати муаккада астбинобар фармудаи Паѐмбар صلى الله عليه وسلم ки гуфт: ва ман намози шабҳои рамазонро бароятон суннат қарор додаам» (Ал-ҷавҳаратун-найира Ало-мухтасарил қудурӣ ҷ1 саҳ:97)258.Ҳазрати Абубакр-Худо аз Ӯ рози бод- ривоят намуда киПаѐмбарصلى الله عليه وسلمфармудаанд:«Ба дурустӣ Аллоҳ барои шумо рӯза доштани моҳи рамазонрофарз гардонидааст ва ман намози шабашро(таровеҳро) бароятонсуннат қарор додаам, пас шахсе аз рӯи ихлосу имондорӣ онро рӯза дорад гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд» (Мусаннафи ибни Абишайба №7705).Паѐмбарصلى الله عليه وسلمумматони худро бар хондани намоз дар шабҳои рамазон тарғибу ташвиқ менамуданд.259.Ҳазрати Абӯҳурайра аз Расули Худо صلى الله عليه وسلم ривоят мекунад, ки он Ҳазрат صلى الله عليه وسلمфармудаанд:«Шахсе шабҳои рамазонро аз рӯи имондорӣ ва бо умеди савоб намоз бихонад Аллоҳ гуноҳони гузаштаашромебахшад» (Бухорӣ №37, ва Муслим №759).Таровеҳи Расули Худоصلى الله عليه وسلم260.Ҳазрати Оишаи Сиддиқа-Худо аз Ӯ рози бод- мегӯяд:«Ба дурустӣ Расули Худо صلى الله عليه وسلم шабе аз манзили худ берун шуда дар масҷид намоз хонд мардум пушти сари Ӯ намоз хонданд вақто ки субҳ шуд мардум ин намози шаб хонда шударо дар байни худ таърифу тавсиф карданд пас шаби дуввум шумораи мардуми намозхон зиѐд шуд ва дар шаби дуввум Расули Худо صلى الله عليه وسلم намозхонд ва мардум низ аз пушти Ӯ иқтидо намуданд, вақто ки субҳшуд мардум намози шаби гузаштаро дар байни худ сифат карданд ва шаби саввум шумораи намозхонҳо боз зиѐдтар шуд дар шаби саввум Расули Худо صلى الله عليه وسلم намоз хонд ва мардум аз пасаш иқтидокарданд, шаби чаҳорум шумораи намозхонҳо чунон зиѐд шуд, кидар масҷид ҷой нашуданд- он шаб Расули Худо барои хонданинамоз ба масҷид наѐмад-пас аз ин ки субҳ шуд Паѐмбар صلى الله عليه وسلمбарои хондани намози бомдод ба масҷид омад намози субҳро ҳамроҳи мардум хонда рӯ ба тарафи мардум гардонида худовандро ҳамду сано гуфт ва фармуд: Ман аз омадани шумо бо хабар будам, локин тарсидам ки ин намоз барои шумо фарз нашавад, ки шумо аз адокардани он оҷиз шавед-аз ин лиҳоз наѐмадам-»(Бухорӣ №2012).Дар ривояти дигаре омадааст, ки саҳобагон-Худо аз онҳо розибод- гумон карданд, ки Расули Худоصلى الله عليه وسلمдар хоб мондааст, ки дар намоз ҳозир нашуд ва пушти дари он Ҳазрат صلى الله عليه وسلمомада каме овозихудро бароварда намоз намоз гуфтанд, то Расули Худо صلى الله عليه وسلم агар хобашон бурда бошад аз хоб бархоста ба намоз биѐянд, локин Расули Худо صلى الله عليه وسلم бедор буданду аз хона берун нашуданд ва баъдан дар намози бомдод ба масҷид омада гуфтанд: «Ман аз кори шумо хабардор будам, локин-барои оннаѐмадам- ки тарсидам мабодо ин намоз бароятон фарз нашавад ки аз хондани он оҷиз шавед» (Муслим №761).Аз ин ривояти модари муъминон ҳазрати Оишаи Сиддиқа-Худо аз Ӯ ва Падараш розӣ бод- чунин маълум мегардад, киРасули Худоصلى الله عليه وسلمсе шаб ҳамроҳи мардум намози таровеҳ хонданд, вале дар ин ривоят сароҳатан мушаххас нест, ки дар он шабҳо Паѐмбарصلى الله عليه وسلمчанд ракаат таровеҳ хондаанд.Аммо дар ду ривояти дигаре омадааст ки Паѐмбар صلى الله عليه وسلم бист ракаат таровеҳ хондаанд, ин ду ривоят агарчи аз нигоҳи санад заъф доранд, вале амали саҳобагон ки баѐнкунандаи суннати Паѐмбар صلى الله عليه وسلم буда аввалин тарбият ѐфтагони мактаби нубувват мебошандмаънои ин ду ривоятро тақвият медиҳанд.Зеро Саҳобагон-Худо аз ҳамагӣ онҳо розӣ бод- аввалин ваафзалтарин шахсоне буданд, ки мактаб ва таълимоти Паѐмбарصلى الله عليه وسلم ро ба пуррагӣ аз худ карда шореҳи Қуръону Суннат вапойбандатарин шахсон ба суннати он Ҳазратصلى الله عليه وسلمбуданд.261.Ҳазрати Ибни Аббос-Худо аз Ӯ розӣ бод- мегӯяд:«Расули Худо صلى الله عليه وسلم дар моҳи мубораки рамазон ғайр азнамози витр бист ракаат намоз мехонд» (Мусаннафи ибниАбишайба №7692, Муъҷами кабир №1202, сунани куброи Байҳақӣ№4286).50262.Ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ-Худо аз Ӯ розӣ бод-мегӯяд:«Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم шабе дар рамазон омад мардумро бисту чаҳор ракаат намоз гузорид се ракаат витр хонд» (Таърихи Ҷурҷон№556).Инҷо он чаҳор ракаат фарзи хуфтан ва бист ракаат таровеҳ васе ракаати дигар витр мебошад.Чуноне гуфтем ин ду ривоят аз нигоҳи санад заъиф ҳастандаммо иҷмоъи саҳоба бар бист ракаат будани таровеҳ инҳоротақвият дода маънояш сиҳҳат пайдо мекунад ки бист ракааттаровеҳ аз худи Расули Худоصلى الله عليه وسلمсобит аст будааст.Бист ракат таровеҳ назди саҳобагон:Бояд донист, ки саҳобагони гиромӣ -Худо аз онҳо розӣ бод-дар замони Паѐмбар صلى الله عليه وسلم бар ин суннати таровеҳ амал мекарданд ва бо ҷамоатҳои гуногуне намози таровеҳ мехонданд Паѐмбар صلى الله عليه وسلم онҳоро дида аз ин амалашон хушҳол мешуданд далили ин гуфтаҳо ривояти ҳазрати Абуҳурайра ва саълаба Ибни Абимолики Қуразӣ- Худо аз онҳо розӣ бод-мебошад.263.Ҳазрати Абуҳурайра-Худо аз Ӯ розӣ бод-мегӯяд:«Расули Акрам صلى الله عليه وسلم шабе берун шуданд мардум дар моҳи мубораки рамазон дар гӯшае аз масҷиди намоз мехонданд, Расули Худо صلى الله عليه وسلمгуфт: инҳо чи касоне ҳастанд? Шахсе дар ҷавоб гуфт:Инҳо ҳофизи Қуръон нестанд, Убай ибни Каъб дар намоз қироат мекунад ва мардум аз пушти сараи Ӯ иқтидо намуда қироати Қуръон гӯш мекунанд, Паѐмбар صلى الله عليه وسلم фармуд: дуруст карданд ва ё чи амали хубе мекунанд»(Саҳеҳ ибни Ҳиббон №2541)264.Аз ҳазрати Абдураҳмон ибни Абдулқорӣ ривоят аст ки гуфт:«Шабе дар моҳи мубораки рамазон ҳамроҳи Умар ибниХаттоб -Худо аз Ӯ розӣ бод- дохили масҷид шудем дидем кимардум гурӯҳ гурӯҳ тақсим шуда дар гӯшае аз масҷид баъзе танҳотанҳо ва баъзе бо ҷамоат намоз-таровеҳ- мехонданд ҳазрати Умар гуфт: агар ҳамаи инҳоро дар пушти сари як имом ҷамъ мекардам бисѐр хуб мешуд сипас тасмим гирифт ва ҳамаи мардумро дар пушти сари Убай ибни қаъб ҷамъ кард ва Ӯро имом қарор дод шаби дигар ҳамроҳаш омадам дидам ки мардум пушти қории худ намоз мегузоранд Умар гуфт: чи қадар бидъати зебо аст, касоне ки ҳоло намоз мегузоранд беҳтар ҳастанд аз касоне ки дар хоб ҳастанд» (Бухорӣ №2010).Ҳазрати Соиб ибни Язид-Раҳимаҳуллоҳ-мегӯяд:«Мо дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб бист ракаат таровеҳ ва витр мехондем»(Байҳақӣ дар сунани Сағир №821, маърифатус-сунани вал-осор №5409).266.Дар ривояти дигар Ҳазрати Соиб ибни Язид мегӯяд:«Саҳоба ва тобеин дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб-Худо аз Ӯ рози бод- дар моҳи рамазон бист ракаат мехонданд ва қориҳо ояҳои дароз тиловат менамуданд ва мардум аз сабаби дароз будани қиѐм дар замони хилофати Усмон ибни Аффон бар асоҳои худ такя мезаданд» (Имом Байҳақӣ дар сунани кубро №4288, Фазоилул-авқот №127, тарҳут-тасриб аз имом Ироқӣ ҷ3 саҳ:97, имом Нававӣ дар Ал-маҷмуъ ҷ4 саҳ:42, Умдатул-қорӣ ҷ11 саҳ:27,санади ин ривоят саҳеҳ аст чуноне имом Нававӣ, имом Ироқӣ, Имом Суютӣ ва имом ибни Ҳаҷари Асқалонӣ гуфтаанд).Гарчанде ҳадисҳо зиёд ҳастанд, аммо ба ҳамин иктифо мекунемАкнун меравем суроғи чаҳор мазҳаб, ку бинем соҳибони чаҳор мазҳаб чанд ракат таровеҳ мехонданд:Мазҳаби ҳанафӣ:Имом Абуюсуф-раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:«Абуҳанифа-раҳимаҳуллоҳ-ро аз таровеҳ ва ончи Умар кардааст пурсидам, гуфт: таровеҳ суннати муаккада аст ва инро Умар аз пеши худ накардааст ва Ӯ дар ин маврид навпайдокунанданабуд ва ба ин-бист ракаат таровеҳ-мардумро аз назди худ амр накардааст магар ин ки асле ва паймоне аз Паѐмбар صلى الله عليه وسلم наздаш буд -ки чунин кард-»(Ал-ихтиѐр ҷ1 саҳ:68).Аллома Абулбаракоти Насафии ҳанафӣ-раҳимаҳуллоҳ-(вафот710 ҳ.) Мегӯяд:ثؼؾش رغِ٤ٔب ٍد ثؼذ اُؼؾبء هجَ اُٞرش ٝثؼذٙ ثغٔبػ ٍخ ٝع ّٖ ك٢ سٓعبٕ ػؾشٕٝ سًؼخً«Дар моҳи рамазон баъд аз хуфтан пеш аз витр ва -ѐ-баъд азвитр бист ракаат бо даҳ салом хондан суннат аст» (Канзуд-дақоиқ ҷ1 саҳ:178)Аллома ибни Обидини ҳанафӣ -раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:«Қавли соҳиби даррул мухтор ки гуфт: таровеҳ бист ракаат аст-ин қавли ҷумҳури уламо аст ва амали мардум аз машриқумағриб низ чунин аст»(ҳошияи ибни Обидин ҷ2 саҳ:45).Мазҳаби Моликӣ:Аллома ибни Рушди моликӣ -раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:«Дар яке аз ду қавлаш имом Молик ва Абуҳанифа, Шофеӣ ваАҳмад ва Довуди Зоҳирӣ инро ихтиѐр кадаанд, ки таровеҳ ғайр аз витр бист ракаат аст ва Абдураҳмон ибни Қосим аз Имом Молик нақл намудааст ки Ӯ сиву шаш ракаат таровеҳ ва се ракаат витрро хубтар медонистааст» (Бидоятул-муҷтаҳид ҷ1 саҳ:219).Хулосаи ақволи мазҳаби Моликӣ дар ин масъала ин аст, ки онҳосиву шаш ракаат таровеҳро беҳтар медонанд албатта имом Молик- раҳимаҳуллоҳ- сиву шаш ракаат мехонд ва сабаби шонздаҳ ракаат зиѐд хонданашон ин буд, ки мардуми Макка пас аз хондани ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи каъба мекарданд ва мардуми Мадина ки ба ин чиз қодир набуданд дар ивази тавофи каъба чаҳор ракаати зиѐдтар мехонданд то дар савоб бо аҳли Макка баробар бошанд, бадин тартиб ки аҳли Макка бист ракаат таровеҳ мехонданд ва дармиѐни он чаҳор ракаат тавоф мекарданд аҳли Мадина бошад дар ивази тавофи аҳли Макка шонздаҳ ракаат намоз мехонанд то савоби тавофи аҳли Маккаро ҳосил кунанд.Ин масъаларо Аллома ибни қудомаи Мақдисии ҳанбалӣ-раҳимаҳуллоҳ- ба нақл аз баъзе уламо хуб тавзеҳ дода мегӯяд:«Ба ин хотир аҳли Мадина ин амалро анҷом медоданд, ки боаҳли Макка дар савоб баробар бошанд, зеро аҳли Макка дар миѐни ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи хонаи Худо мекарданд пас аҳли Мадина дар ҷои ҳафт тавоф чаҳор ракаат намоз мехонданд, ва ончи ки саҳобагони Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم мекарданд беҳтар ва ҳақтар аст ки пайравӣ карда шавад»(Ал-муғнӣ ҷ2 саҳ:123).Мазҳаби шофеӣ:Имом Нававӣ-раҳимаҳуллоҳ-мегӯяд:«Мазҳаби мо ин аст ки намози таровеҳ бист ракаат аст бо даҳсалом хонда мешавад ғайр аз витр, ва ин панҷ тарвиҳа мешавад тарвиҳа чаҳор ракаат аст бо ду салом, ин мазҳаби мо аст ва ҳамин қавлро гуфтаанд Абуҳанифа ва шогирдонаш, Аҳмад, Довуд, ва ғайра аз уламо, Қозӣ Иѐз ин қавлро аз ҷумҳури уламо нақл намудааст»(Ал-маҷмӯъ ҷ4 саҳ:42).Мазҳаби ҳанбалӣ:Аллома ибни Қудомаи ҳанбалӣ-раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:«Ва қавли писандида назди имом Аҳмад -раҳимаҳуллоҳ-ин аст, ки таровеҳ бист ракаат аст ва имом Суфѐни Саврӣ, имомАбуҳанифа ва Имом Шофеӣ-раҳимаҳумуллоҳ- низ бар ҳамин қавл ҳастанд»(Ал-муғнӣ ҷ2 саҳ: 123).Иншоаллоҳ ки боиси ихтилоф ва баҳс намешавадХудо ҳофиз!
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
НАМОЗИ ТАРОВИХ
Бояд донист, ки назди ҷумҳури уламои аҳли суннати вал
ҷамоат таровеҳ бист ракаат дониста шуда аст
Аз баски ин масъала хело масъалаи баҳсӣ қарор гирифтааст инҷо ин масъаларо ба чанд нуктаҳо ҷудо намуда матраҳ менамоям:
1.Маъно ва мафҳуми таровеҳ.
2.Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ.
3.Таровеҳи Расули Худо صلى الله عليه وسلم
4.Бист ракат таровеҳ назди саҳобагон.
5.Бист ракаат таровеҳ назди тобеин.
6.Бист ракаат таровеҳ аз нигоҳи мазоҳиби чаҳоргона.
7.Иҷмоъи саҳоба бар бист ракаат таровеҳ.
8.Фарқ байни таҳаҷҷуд ва таровеҳ.
9.Далоили ғайри муқаллидин ва посух ба онҳо.
10.Як истидлоли ғалат ва посухи он:
Маъно ва мафҳуми таровеҳ:
Калимаи «таровеҳ» шакли ҷамъи «тарвиҳа» буда, тарвиҳа
ҳамон нишастеро гӯянд, ки шахси намозхон дар шабҳои рамазон
баъд аз хондани чаҳор ракаат каме истироҳат мекунад ва дар он истироҳат дуо ѐ тасбиҳ мехонад ин нишастро «тарвиҳа» гӯянд, дар намози таровеҳ ки ҳамагӣ панҷ нишаст аст тамоми он нишастҳоро «таровеҳ» мегӯянд, ин ба як маъно.Ба маънои дигар таровеҳ ҳамон намозеро гӯянд, ки дар моҳи
мубораки рамазон баъд аз намози хуфтан бо ҷамоат хонда
мешавад.
Имом ибни Ҳаҷари Асқалонӣ-раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:
«Намози бо ҷамоат дар шабҳои рамазон таровеҳ номгузори
шудааст» (фатҳулборӣ ҷ4 саҳ: 249)
Савоб ва аҷру подоши намози таровеҳ:
Намози таровеҳ яке аз суннатҳои муаккади Расули Худоصلى الله عليه وسلم аст,
Аллома Забидии ҳанафӣ (вафот 800 ҳ.) мегӯяд:
«Ва қавли саҳеҳ ин аст, ки таровеҳ суннати муаккада аст
бинобар фармудаи Паѐмбар صلى الله عليه وسلم ки гуфт: ва ман намози шабҳои рамазонро бароятон суннат қарор додаам» (Ал-ҷавҳаратун-найира Ало-мухтасарил қудурӣ ҷ1 саҳ:97)
258.Ҳазрати Абубакр-Худо аз Ӯ рози бод- ривоят намуда ки
Паѐмбарصلى الله عليه وسلمфармудаанд:
«Ба дурустӣ Аллоҳ барои шумо рӯза доштани моҳи рамазонро
фарз гардонидааст ва ман намози шабашро(таровеҳро) бароятон
суннат қарор додаам, пас шахсе аз рӯи ихлосу имондорӣ онро рӯза дорад гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд» (Мусаннафи ибни Абишайба №7705).
Паѐмбарصلى الله عليه وسلمумматони худро бар хондани намоз дар шабҳои рамазон тарғибу ташвиқ менамуданд.
259.Ҳазрати Абӯҳурайра аз Расули Худо صلى الله عليه وسلم ривоят мекунад, ки он Ҳазрат صلى الله عليه وسلمфармудаанд:
«Шахсе шабҳои рамазонро аз рӯи имондорӣ ва бо умеди савоб намоз бихонад Аллоҳ гуноҳони гузаштаашро
мебахшад» (Бухорӣ №37, ва Муслим №759).
Таровеҳи Расули Худоصلى الله عليه وسلم
260.Ҳазрати Оишаи Сиддиқа-Худо аз Ӯ рози бод- мегӯяд:
«Ба дурустӣ Расули Худо صلى الله عليه وسلم шабе аз манзили худ берун шуда дар масҷид намоз хонд мардум пушти сари Ӯ намоз хонданд вақто ки субҳ шуд мардум ин намози шаб хонда шударо дар байни худ таърифу тавсиф карданд пас шаби дуввум шумораи мардуми намозхон зиѐд шуд ва дар шаби дуввум Расули Худо صلى الله عليه وسلم намоз
хонд ва мардум низ аз пушти Ӯ иқтидо намуданд, вақто ки субҳ
шуд мардум намози шаби гузаштаро дар байни худ сифат карданд ва шаби саввум шумораи намозхонҳо боз зиѐдтар шуд дар шаби саввум Расули Худо صلى الله عليه وسلم намоз хонд ва мардум аз пасаш иқтидо
карданд, шаби чаҳорум шумораи намозхонҳо чунон зиѐд шуд, ки
дар масҷид ҷой нашуданд- он шаб Расули Худо барои хондани
намоз ба масҷид наѐмад-пас аз ин ки субҳ шуд Паѐмбар صلى الله عليه وسلمбарои хондани намози бомдод ба масҷид омад намози субҳро ҳамроҳи мардум хонда рӯ ба тарафи мардум гардонида худовандро ҳамду сано гуфт ва фармуд: Ман аз омадани шумо бо хабар будам, локин тарсидам ки ин намоз барои шумо фарз нашавад, ки шумо аз адо
кардани он оҷиз шавед-аз ин лиҳоз наѐмадам-»(Бухорӣ №2012).
Дар ривояти дигаре омадааст, ки саҳобагон-Худо аз онҳо рози
бод- гумон карданд, ки Расули Худоصلى الله عليه وسلمдар хоб мондааст, ки дар намоз ҳозир нашуд ва пушти дари он Ҳазрат صلى الله عليه وسلمомада каме овози
худро бароварда намоз намоз гуфтанд, то Расули Худо صلى الله عليه وسلم агар хобашон бурда бошад аз хоб бархоста ба намоз биѐянд, локин Расули Худо صلى الله عليه وسلم бедор буданду аз хона берун нашуданд ва баъдан дар намози бомдод ба масҷид омада гуфтанд: «Ман аз кори шумо хабардор будам, локин-барои он
наѐмадам- ки тарсидам мабодо ин намоз бароятон фарз нашавад ки аз хондани он оҷиз шавед» (Муслим №761).
Аз ин ривояти модари муъминон ҳазрати Оишаи Сиддиқа-
Худо аз Ӯ ва Падараш розӣ бод- чунин маълум мегардад, ки
Расули Худоصلى الله عليه وسلمсе шаб ҳамроҳи мардум намози таровеҳ хонданд, вале дар ин ривоят сароҳатан мушаххас нест, ки дар он шабҳо Паѐмбарصلى الله عليه وسلمчанд ракаат таровеҳ хондаанд.
Аммо дар ду ривояти дигаре омадааст ки Паѐмбар صلى الله عليه وسلم бист ракаат таровеҳ хондаанд, ин ду ривоят агарчи аз нигоҳи санад заъф доранд, вале амали саҳобагон ки баѐнкунандаи суннати Паѐмбар صلى الله عليه وسلم буда аввалин тарбият ѐфтагони мактаби нубувват мебошанд
маънои ин ду ривоятро тақвият медиҳанд.
Зеро Саҳобагон-Худо аз ҳамагӣ онҳо розӣ бод- аввалин ва
афзалтарин шахсоне буданд, ки мактаб ва таълимоти Паѐмбарصلى الله عليه وسلم ро ба пуррагӣ аз худ карда шореҳи Қуръону Суннат ва
пойбандатарин шахсон ба суннати он Ҳазратصلى الله عليه وسلمбуданд.
261.Ҳазрати Ибни Аббос-Худо аз Ӯ розӣ бод- мегӯяд:
«Расули Худо صلى الله عليه وسلم дар моҳи мубораки рамазон ғайр аз
намози витр бист ракаат намоз мехонд» (Мусаннафи ибни
Абишайба №7692, Муъҷами кабир №1202, сунани куброи Байҳақӣ
№4286).50
262.Ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ-Худо аз Ӯ розӣ бод-
мегӯяд:
«Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم шабе дар рамазон омад мардумро бисту чаҳор ракаат намоз гузорид се ракаат витр хонд» (Таърихи Ҷурҷон
№556).
Инҷо он чаҳор ракаат фарзи хуфтан ва бист ракаат таровеҳ ва
се ракаати дигар витр мебошад.
Чуноне гуфтем ин ду ривоят аз нигоҳи санад заъиф ҳастанд
аммо иҷмоъи саҳоба бар бист ракаат будани таровеҳ инҳоро
тақвият дода маънояш сиҳҳат пайдо мекунад ки бист ракаат
таровеҳ аз худи Расули Худоصلى الله عليه وسلمсобит аст будааст.
Бист ракат таровеҳ назди саҳобагон:
Бояд донист, ки саҳобагони гиромӣ -Худо аз онҳо розӣ бод-
дар замони Паѐмбар صلى الله عليه وسلم бар ин суннати таровеҳ амал мекарданд ва бо ҷамоатҳои гуногуне намози таровеҳ мехонданд Паѐмбар صلى الله عليه وسلم онҳоро дида аз ин амалашон хушҳол мешуданд далили ин гуфтаҳо ривояти ҳазрати Абуҳурайра ва саълаба Ибни Абимолики Қуразӣ- Худо аз онҳо розӣ бод-мебошад.
263.Ҳазрати Абуҳурайра-Худо аз Ӯ розӣ бод-мегӯяд:
«Расули Акрам صلى الله عليه وسلم шабе берун шуданд мардум дар моҳи мубораки рамазон дар гӯшае аз масҷиди намоз мехонданд, Расули Худо صلى الله عليه وسلمгуфт: инҳо чи касоне ҳастанд? Шахсе дар ҷавоб гуфт:
Инҳо ҳофизи Қуръон нестанд, Убай ибни Каъб дар намоз қироат мекунад ва мардум аз пушти сараи Ӯ иқтидо намуда қироати Қуръон гӯш мекунанд, Паѐмбар صلى الله عليه وسلم фармуд: дуруст карданд ва ё чи амали хубе мекунанд»(Саҳеҳ ибни Ҳиббон №2541)
264.Аз ҳазрати Абдураҳмон ибни Абдулқорӣ ривоят аст ки гуфт:
«Шабе дар моҳи мубораки рамазон ҳамроҳи Умар ибни
Хаттоб -Худо аз Ӯ розӣ бод- дохили масҷид шудем дидем ки
мардум гурӯҳ гурӯҳ тақсим шуда дар гӯшае аз масҷид баъзе танҳо
танҳо ва баъзе бо ҷамоат намоз-таровеҳ- мехонданд ҳазрати Умар гуфт: агар ҳамаи инҳоро дар пушти сари як имом ҷамъ мекардам бисѐр хуб мешуд сипас тасмим гирифт ва ҳамаи мардумро дар пушти сари Убай ибни қаъб ҷамъ кард ва Ӯро имом қарор дод шаби дигар ҳамроҳаш омадам дидам ки мардум пушти қории худ намоз мегузоранд Умар гуфт: чи қадар бидъати зебо аст, касоне ки ҳоло намоз мегузоранд беҳтар ҳастанд аз касоне ки дар хоб ҳастанд» (Бухорӣ №2010).
Ҳазрати Соиб ибни Язид-Раҳимаҳуллоҳ-мегӯяд:
«Мо дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб бист ракаат таровеҳ ва витр мехондем»(Байҳақӣ дар сунани Сағир №821, маърифатус-сунани вал-осор №5409).
266.Дар ривояти дигар Ҳазрати Соиб ибни Язид мегӯяд:
«Саҳоба ва тобеин дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб-
Худо аз Ӯ рози бод- дар моҳи рамазон бист ракаат мехонданд ва қориҳо ояҳои дароз тиловат менамуданд ва мардум аз сабаби дароз будани қиѐм дар замони хилофати Усмон ибни Аффон бар асоҳои худ такя мезаданд» (Имом Байҳақӣ дар сунани кубро №4288, Фазоилул-авқот №127, тарҳут-тасриб аз имом Ироқӣ ҷ3 саҳ:97, имом Нававӣ дар Ал-маҷмуъ ҷ4 саҳ:42, Умдатул-қорӣ ҷ11 саҳ:27,
санади ин ривоят саҳеҳ аст чуноне имом Нававӣ, имом Ироқӣ, Имом Суютӣ ва имом ибни Ҳаҷари Асқалонӣ гуфтаанд).
Гарчанде ҳадисҳо зиёд ҳастанд, аммо ба ҳамин иктифо мекунем
Акнун меравем суроғи чаҳор мазҳаб, ку бинем соҳибони чаҳор мазҳаб чанд ракат таровеҳ мехонданд:
Мазҳаби ҳанафӣ:
Имом Абуюсуф-раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:
«Абуҳанифа-раҳимаҳуллоҳ-ро аз таровеҳ ва ончи Умар кардааст пурсидам, гуфт: таровеҳ суннати муаккада аст ва инро Умар аз пеши худ накардааст ва Ӯ дар ин маврид навпайдокунанда
набуд ва ба ин-бист ракаат таровеҳ-мардумро аз назди худ амр накардааст магар ин ки асле ва паймоне аз Паѐмбар صلى الله عليه وسلم наздаш буд -ки чунин кард-»(Ал-ихтиѐр ҷ1 саҳ:68).
Аллома Абулбаракоти Насафии ҳанафӣ-раҳимаҳуллоҳ-(вафот
710 ҳ.) Мегӯяд:
ثؼؾش رغِ٤ٔب ٍد ثؼذ اُؼؾبء هجَ اُٞرش ٝثؼذٙ ثغٔبػ ٍخ ٝع ّٖ ك٢ سٓعبٕ ػؾشٕٝ سًؼخً
«Дар моҳи рамазон баъд аз хуфтан пеш аз витр ва -ѐ-баъд аз
витр бист ракаат бо даҳ салом хондан суннат аст» (Канзуд-дақоиқ ҷ1 саҳ:178)
Аллома ибни Обидини ҳанафӣ -раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:
«Қавли соҳиби даррул мухтор ки гуфт: таровеҳ бист ракаат аст-ин қавли ҷумҳури уламо аст ва амали мардум аз машриқу
мағриб низ чунин аст»(ҳошияи ибни Обидин ҷ2 саҳ:45).
Мазҳаби Моликӣ:
Аллома ибни Рушди моликӣ -раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:
«Дар яке аз ду қавлаш имом Молик ва Абуҳанифа, Шофеӣ ва
Аҳмад ва Довуди Зоҳирӣ инро ихтиѐр кадаанд, ки таровеҳ ғайр аз витр бист ракаат аст ва Абдураҳмон ибни Қосим аз Имом Молик нақл намудааст ки Ӯ сиву шаш ракаат таровеҳ ва се ракаат витрро хубтар медонистааст» (Бидоятул-муҷтаҳид ҷ1 саҳ:219).
Хулосаи ақволи мазҳаби Моликӣ дар ин масъала ин аст, ки онҳо
сиву шаш ракаат таровеҳро беҳтар медонанд албатта имом Молик- раҳимаҳуллоҳ- сиву шаш ракаат мехонд ва сабаби шонздаҳ ракаат зиѐд хонданашон ин буд, ки мардуми Макка пас аз хондани ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи каъба мекарданд ва мардуми Мадина ки ба ин чиз қодир набуданд дар ивази тавофи каъба чаҳор ракаати зиѐдтар мехонданд то дар савоб бо аҳли Макка баробар бошанд, бадин тартиб ки аҳли Макка бист ракаат таровеҳ мехонданд ва дар
миѐни он чаҳор ракаат тавоф мекарданд аҳли Мадина бошад дар ивази тавофи аҳли Макка шонздаҳ ракаат намоз мехонанд то савоби тавофи аҳли Маккаро ҳосил кунанд.
Ин масъаларо Аллома ибни қудомаи Мақдисии ҳанбалӣ-
раҳимаҳуллоҳ- ба нақл аз баъзе уламо хуб тавзеҳ дода мегӯяд:
«Ба ин хотир аҳли Мадина ин амалро анҷом медоданд, ки бо
аҳли Макка дар савоб баробар бошанд, зеро аҳли Макка дар миѐни ҳар чаҳор ракаат ҳафт маротиба тавофи хонаи Худо мекарданд пас аҳли Мадина дар ҷои ҳафт тавоф чаҳор ракаат намоз мехонданд, ва ончи ки саҳобагони Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم мекарданд беҳтар ва ҳақтар аст ки пайравӣ карда шавад»(Ал-муғнӣ ҷ2 саҳ:123).
Мазҳаби шофеӣ:
Имом Нававӣ-раҳимаҳуллоҳ-мегӯяд:
«Мазҳаби мо ин аст ки намози таровеҳ бист ракаат аст бо даҳ
салом хонда мешавад ғайр аз витр, ва ин панҷ тарвиҳа мешавад тарвиҳа чаҳор ракаат аст бо ду салом, ин мазҳаби мо аст ва ҳамин қавлро гуфтаанд Абуҳанифа ва шогирдонаш, Аҳмад, Довуд, ва ғайра аз уламо, Қозӣ Иѐз ин қавлро аз ҷумҳури уламо нақл намудааст»(Ал-
маҷмӯъ ҷ4 саҳ:42).
Мазҳаби ҳанбалӣ:
Аллома ибни Қудомаи ҳанбалӣ-раҳимаҳуллоҳ- мегӯяд:
«Ва қавли писандида назди имом Аҳмад -раҳимаҳуллоҳ-ин аст, ки таровеҳ бист ракаат аст ва имом Суфѐни Саврӣ, имом
Абуҳанифа ва Имом Шофеӣ-раҳимаҳумуллоҳ- низ бар ҳамин қавл ҳастанд»(Ал-муғнӣ ҷ2 саҳ: 123).
Иншоаллоҳ ки боиси ихтилоф ва баҳс намешавад
Худо ҳофиз!