Айнӣ.

Ёддоштҳо, қ. 4-3 | zarowadk.ru 124. Хабари «Ҷабраил» дар бораи кори аробакаш
Пеш аз он ки хабари «Ҷабраил» дар бораи аробакаш баён карда шавад, лозим аст, ки шахсияти «Ҷабраил»-ро ба хонандагони азиз шиносонам: «Ҷабраил» писари калони Мулло Ҳомиди Араб буд, ки ӯ ба «файласуфӣ ва ҳакимӣ» машҳур буда, чунонки дар яке аз бобҳои гузашта шарҳ ёфт, Мулло Амони розмозӣ ба умеди омӯхтани ҳикмат ва фалсафа ба ӯ шогирд шуда буд.
Писари калони ин «файласуф» бошад, на барои шӯҳрат додани худ ба «фалсафадонии» падари худ тақлид кард ва на барои машҳур шудан бо унвони «олими динӣ» пайрави уламои динӣ гардид, балки ӯ бо роҳи дигаре номи худро «ягонаи даврон» сохтан хост. Он роҳ ҳамин буд, ки ӯ хабарҳоеро, ки табақаи уламо ва сипоҳи он замон ба онҳо манфиатдор буда, ба шунидани онҳо ҳавасманд буданд, аз куҷо бошад, ёфта ба толибонаш мерасонид. Ӯ дар ин роҳ як қисми даромади падарашро, ки аз роҳи мударрисӣ, дарсгӯйӣ ва муфтигӣ меомад, сарф намуда, бо дарбориёни амир ва наздикони қушбегӣ ва қозикалон алоқа баст ва ба воситаи онҳо хабарҳоеро, ки дар бораи аз кор гирифтан ва ба мансабе мансуб шудани уламо ва сипоҳҳо пешакӣ мешунид, дар ба дари уламо ва сипоҳиён гашта он хабарҳоро ба онҳо мерасонид. Ба ин муносибат толибони хабарҳояш ӯро «Ҷабраил» номиданд.
Албатта, ҳамаи хабарҳое, ки ӯ ёфта ба толибонашон мерасонид, рост намебаромаданд — қисман рост бароянд ҳам, қисман бенатиҷа мемонданд, бинобар ин баъзе «забондонҳо» танҳо калимаи «Ҷабраил»-ро муносиб надида, ӯро бо унвони «Ҷабраили дурӯғгӯй» ёд мекарданд. Азбаски қаду қомат ва шаклу шамоили ӯ аз одамони дигар фарқ дошт, чунонки мегуфтанд, «монанди шабҳои зимистон дарозу сиёҳу хунук буд» ва як чашмаш кӯр буда, чашми дигари калони арабонааш қувваи чашми кӯршудаашро ҳам ба худ гирифта, чашми гови кушта шудаистода барин дар дили кас ҳарос ва нафрат меангехт, баъзеҳо ба ӯ унвони «шайтони якчашма»-ро муносиб медиданд.
Агар бетарафона ва холисона гап занем, ин ду унвони охирии ба ӯ додашуда аз тақозои ҳисси душманӣ ва бадбинӣ холӣ набуда, унвони маълум ва машҳури аз тарафи уламо ва сипоҳиён қабулёфтаи ӯ «Ҷабраил» буд.
«Ҷабраил» дид, ки афкори омма, хусусан фикру зикри уламо, ба масъалаи аробакаш банд аст, ӯ хост як қисми вақт ва маблағи худро дар ин кор сарф намуда, дар ин бора хабарҳои ҳақиқиро ва ҳеҷ набошад ба ҳақиқат наздикро ёфта дар шаҳр овоза карда, диққати умумро ба тарафи худ ҷалб намояд.
Хулосаи хабаре, ки «Ҷабраил» баъд аз кӯшиши чандрӯза аз манбаъҳои мӯътабар ба даст дароварда дар шаҳр паҳн карда буд, иборат аз ин буд, ки амир баъд аз гирифтани аризаи қозикалон ва ривояти уламо дар бораи кори аробакаш ба воситаи қушбегӣ ба консули ҳукумати Россия муроҷиат карда, аз вай маслиҳат пурсидааст.
Консул ба ин масъалаи муҳим аз тарафи худ маслиҳат доданро муносиб надида, дар ин хусус маслиҳат пурсида, ба генерал-губернатори Туркистон муроҷиат намудааст. Назар ба қавли «Ҷабраил», генерал-губернатор дар ҷавоби консул гуфтааст, ки: «сангсор кардани як гунаҳгори дин аз рӯйи шариат лозим бошад ҳам, дар замони падару бобоҳои ҷаноби олӣ дар Бухорои шариф ба амал оварда шудани ин гуна ҷазоро касе нақл намекунад ва инчунин дар дигар вилоятҳои Шарқи исломӣ ҳам дар ин наздикиҳо ба вуқӯъ пайвастани ин гуна ҷазо шунида нашудааст. Бинобар ин дар иҷрои ин кор бисёр эҳтиёт кардан лозим аст: ба ин тариқа, ки танҳо ба муроҷиати муллоёни даъвогар ва ривояти уламо қаноат накарда, маҳкамае ташкил кардан даркор аст, ки ба маҳкамаҳои мамлакатҳои мутамаддин монандӣ дошта бошад. Барои ташкил кардани ин гуна маҳкама касе аз тарафи давлати ҷаноби олӣ прокурор таъин карда шавад, яке аз иштироккунандагони воқеа даъвогар шуда, дигарҳошон вазифаи шоҳидиро ба ҷо оранд ва аз тарафи гунаҳгор ҳам касе вакил шуда ҳуқуқи ӯро мудофаа намояд, ҷаноби шариатпаноҳӣ — қозикалон раёсати ин маҳкамаро дар зиммаи худ гиранд ва дар айни замон ба сифати қозиюлқуззотӣ ривояти уламо ва аҳкоми шариатро ҳам иҷро намоянд.
Гуноҳи гунаҳгор дар ин гуна маҳкамае, ки қувваи қонунӣ дорад ва ҳам қувваи динӣ, ба субут расида, ӯ ба ҷазои сангсорӣ гирифтор гардад, барои бастани дасту даҳони мухбирони газетаҳо ва ҳар гуна беҳудагӯён, ки баъд аз иҷрои ин ҷазо ба зоти олӣ ва ба ҳукумати ҳазрати император тӯҳматҳо хоҳанд кард, дар дасти мо дастак хоҳад шуд».
Вақте ки ин хабар на ба тартибе, ки дар ин ҷо таҳрир карда шуд, балки ба як тарзи бесару буне, ки ҳамин мазмунро мекард, аз тарафи «Ҷабраил» дар шаҳр паҳн гардид, дигарбора кӯчаҳо ба ҷӯш даромаданд, дигарбора майдонҳое, ки иҷрои ҷазои сангсорӣ дар он ҷоҳо тахмин карда мешуд, аз гурӯҳҳои тамошодӯстони ҳангоматалаб пур гардиданд; дигарбора давутози Ҷунбул-махдум дар кӯчаҳои шаҳр сар шуд; дигарбора «санодиди Қурайш» (муллоёни даъвогар) дар миёнсаройи мадрасаи Кӯкалтош ба гапфурӯшӣ даромаданд.
Мулло Амони розмозӣ хабарҳои дар бораи кори аробакаш аз тарафи «Ҷабраил» паҳн кардашударо шунида ба ғазаб омада, аммо ин ғазаби пурзӯри худро бо заҳрхандае омехта, чунонки ширинкорӣ карда истода бошад, мегуфт: «Генерал-губернатори Туркистон дар корҳои Бухоро вазифаи «худоӣ»-ро адо мекунад, гумоштаи сиёсии ӯ (консул) ба ҷойи пайғамбари ӯст, дар корҳои Бухоро «Ҷабраил»-и мо, ки мухобараи байни он Худо ва ин пайғамбарро медонад, ҳақ дорад, ки унвони «Ҷабраили ҳақиқӣ»-ро ба худ гирад, на чунонки баъзеҳо мегӯянд, «Ҷабраили дурӯғгӯй» ва на чунонки баъзе дигарҳо мегӯянд, «шайтони якчашма». Лекин ман аз корҳои «худои Бухоро» (генерал-губернатори Туркистон) он қадар хушнуд нестам, зеро бо он ки Худои мусулмонон ва умуман Илоҳи умуми диндорон бо «арҳамурроҳимин» (бо раҳмдилтарини раҳмдилон) будан шӯҳрат дорад, «худои мамлакати мо» азламуззолимин (золимтарини золимон) шуда баромад. Ӯ дар сурате, ки метавонист бо номи «ҷорикунандаи маданият дар байни ваҳшиён», ки ҳамеша худро бо ҳамин ном ба дунё шиносондан мехоҳад, ин ваҳшонияти муллоён ва ҳукумати Бухороро манъ ва бартараф кунад, барои ба амал овардани ин ваҳшонияти золимона роҳи «қонунӣ» ва «маданӣ» ёфта дод.
* * *
Баъд аз ду ё се рӯзи дар шаҳр паҳн шудани хабари «Ҷабраил» ин хабар бо кори расмии қозикалон тасдиқ ёфт: Ӯ муллоёни даъвогарро шабона пеши худ даъват карда бурда, Ҷунбул-махдумро «муддаии умумии давлатӣ» таъин кард, ки ин таъбирро мамлакатҳои Шарқи исломии бо Европа алоқаманд ба ҷойи «прокурор» қабул кардаанд; Мухторхоҷаро даъвогар қарор дод, ки ӯ мебоист ба маҳкама ариза дода даъво мекард, ки «аробакаш бо гуфтори ин калима ва он калимаи куфр кофир шуд»; Қорӣ Самеъ, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём-махдум шоҳид қарор дода шуданд, ки мебоист онҳо монанди «одамони холисе», ки ба аробакаш ва Мухторхоҷа ҳеҷ алоқа надоранд, «холисона» гувоҳӣ медоданд, ки даъвои Мухторхоҷа ҳақ ва рост аст.
Акнун аз ҷониби аробакаш вакил (адвокат) таъин кардан даркор буд, ки ӯ «ҳуқуқи ҷавобгар»-ро мудофиа намояд. Дар ин масъала муллоён қабул накарданд, ки бо аробакаш дар як маҷлис барои муҳокима нишинанд, «чунки, — гуфтанд онҳо, — он аробакаш дар асл куфрӣ буд ва дар ҳар куҷо ҳар касро бо алфозҳои қабеҳ бе ибо дашном медод, акнун ки ӯ аз зинда мондан умедашро кандааст, дар вақти мурофиа ва муҳокима аз мо гирифта то ҷаноби шариатпаноҳӣ ва амиру вазир ҳамаро дашномҳои қабеҳ хоҳад дод. Дар он сурат дар пеши оммаи мардум, ки дар мурофиаи кушода албатта ҳозир хоҳанд шуд, ҳамаи мо беобрӯй мешавем. Беҳтар он аст, ки ӯ дар маҷлиси муҳокима ҳозир нашавад ва дар ғайби ӯ дар ҳаққаш ҳукм бароварда шавад». Қозикалон бо як ҳилаи шаръӣ ва қонунӣ ин талаби муллоёнро ба амал овардан хост, ӯ гуфт: «Ин тавр бошад, ӯро бемори барҷомонда қарор медиҳем ва касе, ки аз ҷониби ӯ вакил мешавад, ҳам вакили шахсии ӯ дар мурофиа ва ҳам вакили ҳуқуқии ӯ дар мудофиа кардани ҳуқуқи ӯ ба шумор меравад».
Ин фикр аз тарафи муллоён ҳам писандида шуд ва аз одамони миршаб разилтарин, золимтарин ва дар айни замон гапдонтарини онҳо — Кали Қурбонро, ки хонандагони мо қисме аз аҳволи ӯро дар бобҳои боло хондаанд, вакили «боэътибори» аробакаш қарор доданд. Фардои ҳамон шаб ноиби қозикалон Кали Қурбонро ҳамроҳи худ ба обхонаи арки Бухоро гирифта бурд, ки аробакаш он ҷо маҳбус буд.
Ноиби қозикалон ба аробакаш маъқул кард, ки Кали Қурбонро вакили мурофиаи худ гардонад: «Агар худат ҳозир шавӣ, аҷаб нест, ки шогирдони муллоён балвое барпо кунанд, — гуфт ноиб ба аробакаш, — дар он аст, ки ин одами гапдонро, ки аз шариат ҳам ба хубӣ хабардор аст, вакили худ қарор диҳӣ».
Ноиб барои бовар кунондани аробакаш ба вакилаш илова карда гуфт: «Албатта, ин одам туро аз тӯҳмати муллоён халос мекунад, лекин баъд аз озод шуда баромадан, хизматонаи ӯ ва маро ба хубӣ адо мекунӣ».
Аробакаш дар аввал дар шубҳа бошад ҳам, бо шунидани ин суханони иловагӣ дар дили худ қарор додааст, ки «албатта инҳо барои маблағи калоне аз ман рӯёндан маро халос хоҳанд кард» ва бо умедвории калон он шайтонро вакили худ қарор додааст. Ба ӯ ҷанҷоли бар болои пули кирошударо тамоман гуфтааст, ки инҳоро дар вақти мурофиа нақл карда, дурӯғ будани даъвои муллоёнро исбот намояд.
Вакилшаванда ҳам барои дили ӯро ба худ пур кардан аз ӯ баъзе ҷойҳои дуруст фаҳмиданашудаи ҷанҷолро такрор пурсида гирифтааст, то ки «дар вақти мурофиа ҳақиқатро ошкор карда тавонад». Ноиби қозикалон хати ваколатро ба тарзе, ки дар қозихонаҳои Бухоро одат буд, навиштааст. Дар ваколатномаҳои қозихонагӣ имзо кардани вакилкунанда одат набуда, фақат бо мӯҳри худ тасдиқ кардани қозӣ кифоя кунад ҳам, дар копияи ин ваколатнома, ки ба консулхона мерафт, нарангушти аробакашро ба сиёҳӣ ғӯтонда бар коғаз пахш кунонда, дасти аробакаш будани он нақшро худ тасдиқ кардааст.
Бо ҳамин ҳайати таркибии маҳкама муайян гардида, дар шаҳр овоза шуд. Оммаи мардуми шаҳр ба ҳеҷ кадом аъзоёни ин ҳайат аҳамият надиҳанд ҳам, аз ду аъзои он механдиданд: вакили аробакаш шудани Кали Қурбонро «гург вакили гӯсфанд шудааст»-гуфта ханданд, аз муддаии умумӣ таъин карда шудани Ҷунбул-махдум «судхӯр исботкунандаи ҳуқуқи Худою расул шудааст» - гуфта механдиданд.
Аз лабиҳавзиарбобиён Қорӣ Усмон, ки шӯхтарин ва озодфикртарини онҳо буд, муддаии умумӣ таъин карда шудани махдуми Ҷунбулро шунида , «агар исботкунанда ва мудофиакунандаи ҳуқуқи Худою расул, ба иборати дигар, агар ҳомии Худою расул махдуми Ҷунбул бошад, аз Худою расул ҳам даст шустан даркор мешавад, — мегуфт, — аз Худою расуле, ки ҳаққи худро худ талаб карда натавониста, ихтиёри худҳошонро ба дасти Ҷунбул-махдум барин разил супоранд, чӣ умед карда мешавад?».
(давом дорад)

Комментарии