Комментарии
- 16 дек 2023 15:47Он куҳна гадо гар ба давлат бирасад ,
Сад сол гузарад буи гадоиш наравад ......
Одаме , ки зоташ гурусна омадаги бошад ҳазор давлати дунёро бихураду бинушаду бипушад ҳаргиз чашмаш сер намешавад ....... - 25 дек 2023 14:09Зур мақола ҳар кӯҳна гадо ба давлат бирасад лек буи гадогеш намерад
- 29 дек 2023 13:46Бале рост аст ин суханхо бехтарин суханхо офарин дар хунаш гадоги дошта боша хазор бадавлатам шава сери надора
- 31 дек 2023 17:31Ин бештар аз таълиму тарбия муҳити зист сохтори давлатӣ маффкураи мардум вобастагӣ.дорад
Масалан Маҳатма Гандӣ ки аз кастаи болоииБраҳманҳои Ҳиндустон буд ба кастаи поении Шудраҳо гамхорӯ меҳрубон буд
Е шори ба форсӣ шеър эҷодкарда Зубунисо ки духтари подшоҳ Аврангзеб буд ба хоксорӣ.ишора карда буд
Духтари шоҳам лек ру ба факр овардаам
Зебу зинат ҳамин аст ки номи ман Зубунисост
Е граф ( аслзода ) Лев Николаевич Толстой ба мардуми заҳаткашӣ одӣ.ру оварда дар мактаби шахсиаш ба фарзанди деҳқонони зердаш дар мулки шахсиаш ройгон дарс медод
Се маротиба аз мукофоти Нобелӣ даст кашид
Бо мусулмонҳо муносибати самимӣ.дошт ҳолдонҳо қиса мекунанд қариб.ба ислом ру оварда буд
Чаро чунин мисолҳо овардем ?
Ҷавоб : ----Эшон ки тарбияи хуб бо инсону инсонгарӣ ошноӣ доштанд ба нодидагӣ.чашгуруснагӣ бадхоҳӣ мугамбирӣ.роҳ надоданд
Зеро аз оқибати бади мумсикӣ зуроварӣ ( буқагарӣ ) сафедро сиеҳ гуфтан бо усули гайри адлу инсоф амал карда бо "Фалсафаи " як рузаму хурусам " ахлоқи ҷомеаро ба касодӣ меорад - 31 дек 2023 17:54Боре ба вомитаи интернет филми * Граниса * ( Сарҳадро ) бо мароқи зиед тамошо кардам
Як афсари балан рутбатор ба тарзи шухӣ.( прикол ) ба як аскари зодаи деҳот гуе фармони * аз боло * омадаро қироат карда погони лейтеннти хурдро супорид ва акнун ту сардор гуфта рафт
Ин аскари нодида ва нотаҷриба аблаҳ худро дар осони ҳафтум ҳис карда ҳамхизатҳояшро *
хеле бераҳмона давонд то замоне ки сардори қисми ҳарбӣ аз рафтори ин * лейтинанти хурд * мароқ зоҳир кард
Оқибати кору бори ин гурусначашми нодидаи дустдори мақому мансабдуст бо.* Чор шатагӣ * анҷомид
Е асари ҷовидонаи М Горкий * Челкаш *ро ба ед орем ки барои чанд сум шуда Гаврилаи деҳотии нодида ҳамкораш Челкашро қариб кушта буд
Як умр ки зиндагонӣ.кунӣ бояд ки умрбарбод панду ҳикмат омузӣ вагпрна оқибатат * Маланги ланг * мешавад - 19 мар 10:52Ё раб мабод ҳеҷ гадо муътабар шавад,
Чун муътабар шавад зи Худо бехабар шавад.
Ин масраъҳо ҳозор сол пеш навишта шудааст ҳоло ҳам рост меояд дар ин замона.
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
Шоҳе аз назди қасраш гузар мекард.
Нохост чашмаш ба дар афтод, ки сӯрох шудааст. Рӯй ба ғуломон карду гуфт:
___ Чи касе иллати ин сурохро медонад!?
Марди фақире аз моҷаро хабар ёфту назди шоҳ омада гуфт:
Дохили дар, кирм аст. Ҳар мушкилоте, ки ҳаст, иллат дар дохилаш аст.
Шоҳ фармон дод, ки даро тафтиш кунанд.
Воқеан дохили он кирм буд.
Шоҳ амр кард:
___ Ин мардро ба ошхона бибаред ва аз хӯрокҳои пасмонда тановул кунаду роҳат кунад.
Чанд рӯз аз байн гузашт. Шоҳ дар кӯча боз ҳам мардро дид. Ба мард гуфт:
__ Мехоҳам, чизи ҷолиберо бароям қисса куни.
Мард гуфт:
_____ Ба ин роҳе ки пул сохта шудааст, нарав. Чун асп ба об меҷаҳад. Шоҳ ба он роҳ рафту нохост аспаш ба об ҷаҳид.
Шоҳ ба одамонаш амр кард, ки ин мардро боз ба ошхона баранд то пасмондаи хӯрокро бихӯрад ва роҳат кунад.
Чанд рӯз аз байн гузашт. Рӯзе шоҳ ин мардро даъват намуд ва гуфт:
Мехоҳам чизи ҷолиби дигаре бигӯӣ.
Марди фақир гуфт:
___ Агар гӯям асаби хоҳи шуд.
Шоҳ гуфт:
____ Амонат медиҳам.
Мард гуфт:
___ Ту шоҳзода нести.
Шоҳ ба ғазаб омаду ба назди модараш омаду қазияро нақл кард.
Модараш гуфт:
___ Рост мегӯяд, ману шоҳи пешин фарзандор намешудем, бинобар ин кӯдаки як канизамонро гирифта бузург кардем. Ва он тӯӣ.
Шоҳ ба назди марди фақир омаду гуфт:
___ Ту аз куҷо донисти, ки ман шоҳзода нестам!?
Фақир гуфт:
Ман ду маротиба ба ту ҳақиқатҳои ҷолиби зиндагиатро нақл кардам. Аммо ту ба ман пасмондаи хурок додӣ. Шоҳзодаро ки зоташ шоҳ аст бахшишаш низ шоҳона аст. Ту бошад мисли гадо муносибат кардӣ. Аз ҳамонҷо фаҳмидам, ки зотат гадост.
Таҳияи Саид Назаров