Комментарии
- 5 авг 2024 19:51Махфират РахимоваСалом агар имконият боша як кисми дигараша нависен
- 5 авг 2024 20:44ЛайлО Замужем
- 5 авг 2024 22:46NARGIS ❤❤❤❤Бесаброна интизорем
- 6 авг 2024 09:49Рухшанхонум ф
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
РОБИ
Қисми 21.
Арӯсбардорӣ поён ёфт магар, ки Надя аз мошин фаромада ба самти хонааш шитофт. Дар ҳавлӣ мошини сурхи Айша-хола низ буд. Ронанда дари мошинро маҳкам кард ва ҳарду вориди хона шудем. Мизи ошхона боз васеътар гашта, тамоми аъзоёни оила ва падарам ҳузур доштанд. Ба соати девор нигаристам, ки ҳанӯз шонздаҳ нашудааст. Бо ҳама якояк дастфишорӣ кардам, вақте навбат ба бобои Паша расид, дастамро фишурду сар надод.
- Айшаву Надяро даъват кун, - гуфт ба падарам.
Падарам рафта Надяро бо модараш гирифта омад.
- Канӣ духтарам, - ба Надя муроҷиат кард Паша, - Робии ту ба тӯҳфа сазовор аст?
- Албатта, - гуфт Надя, - Ман бо ӯ хушбахтам.
- Пас тӯҳфаро худат тақдим кун.
Надя аз як қуттӣ қуттии дигари сандуқчамонанди зарҳалиро бароварда дар дастам дод ва беибо дар назди ҳамагон маро ба оғӯш гирифт. Лозим омад, ман ҳам ӯро сахт ба оғӯш гирифта бӯсам. Садои қарсаки ҳама баланд шуд.
- Ташаккур, - гуфтам, - аммо ман сазовори чунин тӯҳфаи гаронарзиш набудам.
- Тӯҳфа бо ин хотима намеёбад, - гуфт Паша, - мактаби ронандагиро хон, айнан аз ҳамин мошини имрӯзсаворшудаат тӯҳфа мекунам. Минбаъд Надяро худат савор кун.
Боз садои қарсак дар фазо печид. Боз то дер нишастем, фурсати занг задан ба Манижаро надоштам. Ҳарчанд хона бо тамоми шароитҳо буд, дил мехост ба кулбаи худ баргардам.
- Ман ба хона рафтанӣ, - гуфтам оҳиста ба гӯши Надя.
- Барои чӣ?
- Сагам гурусна.
Надя ба гӯши модараш чизе гуфту бархост:
- Рафтем.
- Ту ба куҷо?
- Ҳамроҳат меравам, - гуфта дарро ишора кард, ки пеш гузарам.
Ором то хона расидем, шарфаи пои моро шунида, саг ба пешвозамон омад.
- Гурусна мондӣ Граф? Янгаат нагузошт, ки аз ресторан хӯрок гирам, - гуфтам ба саг.
- Ман янгаи саг шудам? - пурсид Надя, - ба иззати нафсам нарас!
- Ту ваъда додӣ, ки дар хона асроратро мекушоӣ, канӣ?
- Дар дастат додам, чӣ кор кардӣ?
- Дар рӯи миз монд. Чӣ буд вай?
- Телефон.
- Қуттиаш зебо, гумон ҳам набурдам, ки вай телефон аст.
- Телефони ғайримуқаррарӣ, дар ин шаҳру ноҳия дигар шахс надорад.
- Қимат будагист?
- Бобоям туро сазовор донист, насибат кунад.
- Чанд пул арзиш дорад?
- Арзиши тӯҳфаро намегӯянд.
- Боз мошин ваъда кард, ба хотири чӣ?
- Вай хушбахтии маро мехоҳад, ман набераи ягонаи ӯ ҳастам. Фарзанди мо абераи ӯ хоҳад шуд.
- "Фарзанди мо" нагӯ, хоҳиш мекунам.
- Маро дастгирӣ кун, Роби. Аз карда пушаймонам... Беақлӣ кардам... Модарам мегӯяд, ки "фарзандатро ман ба воя мерасонам". Мо соҳиби фарзанди худамон мешавем.
- Пас, модарат медонад, ки падараш ман нестам?
- ...
- Гап зан!
- Фарёд набардор...
- Хуб, мӯҳтарам Надежда Викторовна, модаратон медонанд, ки падари фарзанди батнатон ман нестам?
- Падаратро эҳтиром мекунӣ?
- Мекунам.
- Ман ҳам модарамро эҳтиром мекунам, гуфтам, ки... нохост ҳамин ҳодиса шуд... бо ту... Маро бубахш, Роби...
- Исто, ман чизеро намефаҳмам, агар модарат ба он бовар аст, ки фарзанд аз ман... чаро ӯро ба воя расонад? Вақте мову ту ҳамхона мешавем?
- Модарам гуфт, ки "Роби туро намегирад, шарманда мешавӣ. То зоиданат ман худро ҳомила вонамуд мекунам, то ҳама гумон кунанд, ки кӯдакро ман зодаам. Як сол ба ноҳия наой". Модарам ҳам намехоҳад бе падарат монад, ман ҳам наметавонам бе ту... Ману ту хонадор шавем, ҳама кор баякборагӣ ҳал мешавад, мефаҳмӣ?
- Кори шумо ҳал мешавад, тақдири Манижа чӣ мешавад? Ту маро фикр мекунӣ? То охири умр наметавонам худро бахшида.
- Барои кадом гуноҳат?
- Ба ӯ ваъда додам, ки оиладор мешавем. Модараш ҳам бохабар.
- Маоши даҳсолаи ҳардуяшонро медиҳам, бигузор ба ватанашон баргарданд.
- Пулат бисёр шуд?
- Агар ҳамон маймун... узр, ҳамон духтар намебуд, ману ту кайҳо хушбахт будем.
- Надя, андеша карда метавонӣ? Агар туву падарам номаъқулӣ намекардед, ту имрӯз "ошиқ" намешудӣ, сафсата нахон!
- Манижаро мекушам! Бигузор дар маҳбас пӯсам!... Сагатро хӯрок деҳ, меравем.
Тамоми хӯроки боқимондаи ошхонаро аз яхдон гирифта дар табақи саг чаппа кардам.
- Ана, ба шарофати ту имрӯз макка беоб монд, - гуфтам.
- Ту маккаро не, Манижаро андеша кун, - гуфт Надя, - маоши даҳсола хуб ё марг.
- Туро дар хонаат гузошта наздаш меравам, маслиҳат мекунем.
- Бо кӣ?
- Бо Манижа.
Фурсате Надя ором роҳ рафт, ниҳоят вақте ба майдони ҷав расидем, аз банди дастам дошт.
- Аз торикӣ метарсӣ? - пурсид ӯ.
- Аз ту метарсам.
- Аз ман натарс, маро дӯст дор ва ман туро хушбахт мегардонам. Синни бобоям аз ҳафтод гузашт, меросхури ягона ман ҳастам.
- Аз мероси бобоят ба ман чизе лозим нест. Заҳмат мекашаму маош мегирам. Агар аз кор ронад, ба Остона, ба сохтмон меравам.
- Чаро ту якрав? Чаро бо ман будан намехоҳӣ? Ман ҳам инсон ҳастам, туро хуб мефаҳмам, Манижаро низ... Медонӣ, як бегоҳ модарам аз ман пурсид, он вақт нав бо ту шинос шуда будам. "Пас аз хатми мактаб чӣ кор мекунӣ?", гуфтам, ки "шавҳар мекунам ба Роби", боз пурсид "Чаро ба ӯ?", гуфтам, ки "дӯст медорам", падарат хандид, вале модарам маро танбеҳ дод, телефонамро гирифт... Ҳеҷ аз хотирам намеравад.
- Дар хотир дорӣ, дар рӯи ҳавлӣ туро об пошида будам, тар шудиву ба хона гурехтӣ? Чӣ хел зебо будӣ? Ман бори аввал духтари сафедпӯстро медидам, дар назарам ғайриоддӣ менамудӣ. Мӯйҳои тиллорангат дар офтоб ҷило медоданд...
- Чаро ҳоло маро сифат намекунӣ? Ҳамон мӯй, ҳамон пӯст...
- Намедонам, пас аз он, ки падарам алоқаро бо ту манъ кард, метарсидагӣ шудам. Дигар на ба рӯят аҳамият додаму на ба мӯят.
- Маро ба оғӯш гир, натарс, сурат намегирам.
Аз шуои чароғи ҳавлӣ дидам, ки чашмони Надя пуроб шудаанд. Дилам ба ҳолаш сӯхт.
Чароғи ошхона хомӯш, мошини сиёҳ наметобад, ҳарду ба ҳуҷраи Надя даромадем. Маро лозим меомад, ки дар назари Айша-хола бошам ва падарамро ҳимоят карда тавонам.
Рӯзҳои аввал аз муносибати падарам бо Айша-хола огоҳӣ надоштам, гумон мекардам, ки модари Надя раиси падарам аст. Ҳоло, ки худ дар сар савдои муҳаббатро дорам, метавонам падарамро фаҳмида. Сабаби ҷанҷоли ӯ ва модарам низ муносибати падарам бо Айша-хола бояд бошад. Зан хоҳ рус бошаду хоҳ тоҷик барои бахт мубориза мебарад. Имрӯз метавонам амали падарамро нисбати модарам баҳо дода, вале маҳкум карда наметавонам. Дар зебогӣ модарам зебост албатта, Айша-хола ҳам сурати хуб, қомати боло ва забони ширин дорад. Боре маро дағал нагуфтааст...
Шарфаи по аз зинаҳо шунида шуд, Надя аз ҳуҷра баромаду "мо омадем" гуфт.
- Хеле хуб, - садои Айша-хола аз долон омад, - тӯҳфаи бобоятро дар болои шкафат гузоштам.
Надя "раҳмат" гуфту баргашта ба хона даромад ва аз болои шкаф қуттиро гирифт.
- Телефонат канӣ? - аз ман пурсид ӯ.
- Чӣ кор мекунӣ?
- Симкаашро дар телефони нават мегузорем.
Телефонро аз киса гирифта дар дасташ додам.
- Кушо риштаҳояшро.
Ришта ба ҳам печида на сар дошту на охир, хеле овора шудам.
- Кордро биёру бурида парто, - ба танг омада гуфт Надя.
- Харошиданам мумкин.
- Аз телефонат чизе боқӣ намондааст, куҷояшро мехарашӣ? - гуфту телефонро аз дастам кашида гирифт ва ба ошхона рафт.
Ман бошам қуттии дар наздам гузоштаро кушодам. Сандуқчаи дар дохилашбуда қулфча доштааст. Калидчаеро дар қуттии аввала печонидаанд, ки ҷило медод ва занҷираи борик дошт.
- Надя, бин, аз тилло, - гуфтам, - гиру дар гарданат овез.
- Тӯҳфа аз туву ман дар гарданам овезам?
- Расми дар гардан доштаатро паноҳ мекунад.
Надя ҳарфе назад, калидчаро аз дастам гирифту қулфчаи сандуқчаро кушоданӣ шуд, аммо нохуни дарозаш имконият надод.
- Биниатро чӣ тавр мекобӣ? - пурсидам ман.
- Гиру худат кушо, - гуфту калидчаро баргардонд.
Қулфча дар ним тоб кушода шуд, вақте дарчаро боло бардоштам, болои матои балх телефон мехобид, вай ҳам аз тилло. Ба Надя нигаристам, гумон кардам дар тааҷҷуб мешавад. Аммо ӯ оромона ба ман менигарист.
- Чӣ нигоҳ дорӣ? Ба ту тугмадораш маъқул-ку...
- Мебинӣ?
- Чиро бинам?
- Аз тилло,
- Нагуфтам, ки аз ин телефон касе надорад.
Телефонро берун овардам ва тугмаҳояшро бодиққат аз назар гузаронидам. Ҳар ҳарфу рақам чунон моҳирона шикофта шудаанд, ки дар ҳайрат мондам.
- Сер шудӣ? - пурсид Надя.
- Ва ин барои ман?
- Албатта, танҳо ба ман занг мезанӣ.
- Ба падарам-чӣ?
- Ба падару модарам, ба Тоҷикистон ва... хулоса, танҳо ба Манижа не.
- Дуруст, бигузор худи Манижа ба ман занг занад, - гуфта телефонро ба гӯш бурдам, - Алло, Манижа, ин туӣ? Мехобӣ? Ман ҳам мехобам...
- Кифоя! Ба торҳои асабам нохун назан, - гуфта Надя телефонро аз дастам гирифт ва хост қафояшро кушода сим-кортро гузорад. Боз нохунаш имконият надод.
- Инро чӣ тавр мекушоянд?
- Бо нохуни оддӣ, нохунатро аввал гирифта парто.
- Ман барои як телефон шуда нохун намегирам.
Телефонро гирифта кушодам, дохил пурра аз пластмассаи оддӣ буд. Сим-корт ва батареяашро дар ҷояш гузошта ба кор андохтам. Дар экран ду даст баромаду ҳамдигарро фишурд ва навиштаҷоти "NOKIA" баромад.
- Ин дасти ману ту, - гуфт Надя, ва дастамро ба дасташ гирифт.
- Нест айнан аз ҳамин телефон, ки ду лаб дошта бошад?
- Ташкил карданамон мумкин, - гуфта Надя телефонро аз дастам гирифту дуртар, дар болои кӯрпа ҳавола кард..
... Занги нахустин бо телефони тиллой бо модарам буд. Субҳи барвақт рӯи ҳавлӣ баромада рақамашро чидам.
- Чӣ гап шуд, на ту занг мезанӣ, на падарат, маро фаромӯш кардед? - гила кард модарам.
- Не модарҷон, кор ниҳоят бисёр.
- Корат маош медиҳад?
- Медиҳад албатта.
- Метавонӣ каме роҳӣ карда, бибиат бемор, пул лозим.
- Ман ҳоло маош нагирифтаам, аз падарам мепурсам, имрӯз албатта мефиристем.
Қафо гаштам, ки Надя дар пасам меистад.
- Бо кӣ гап задӣ?
- Бо модарам, бибиам бемор будааст. Пул мепурсад.
- Чӣ қадар?
- Чӣ қадар имконият дорам.
- Чӣ қадар имконият дорӣ?
- Аз падарам мепурсам, дошта бошад-мефиристам.
- Ҳазор доллар мерасад?
- Чӣ мақсад дорӣ?
- Ман пул дорам.
- Аз ту намегирам. Падарам дошта бошад, мефиристам.
- Ба пулҳои ҳамёни падарат кордор нашав, модарам ранҷиданаш мумкин.
- Майлаш, лекин ҳамчун қарз, рӯзе бармегардонам.
- Бо фоизаш...
- Фоизаш чанд?
- Даҳ бӯса...
- Дар як моҳ?
- Дар як рӯз.
- Ман розӣ.
- Чӣ тавр пулро фиристодан мумкин?
- Ба воситаи бонк.
- Наҳорӣ кунем, ҳамроҳ мебарем. Танҳо дар хона дилам танг мешавад.
- То омода шудани наҳорӣ маккаҳоро об дода бармегардам.
- Мунтазир мешавам...
Худро танҳо дарёфта, хостам ба Манижа занг занам, аммо телефон ягон сабт надошт. Ягона рақам аз модарам буд.
(давом дорад...)