ШУМОРО КӢ ДӮСТ МЕДОРАД?

Офаридгор касонеро, ки ин ду хислатро доранд, дӯст медорад:
— парҳезгор аст;
— рафтори зебо дорад.
Мардум касеро дӯст медоранд, ки дорои ду хислатанд:
— саховатманд аст;
— ба ҳама некӣ бикунад.
Онҳоеро, ки ин ду хислатро доранд, ҳамсоягон дӯст медоранд:
— кушодачеҳра бошад;
— хушмуомила бошад.
Ононеро, ки ин ду хислатро доранд, дӯстонашон эҳтиром мекунанд:
— накӯиҳоро дар хотир дорад;
— бадиҳоро фаромӯш кунад.
Онҳоеро, ки ин ду хислатро доранд, шогирдонашон дӯст медоранд:
— тамоми қувваташро барои фаҳмонидан сарф кунад;
— бо онҳо ҳалим бошад.
Онҳоеро, ки ин ду хислатро доранд, устодонашон дӯст медоранд:
— суханро зуд фаҳмад;
— эҳтиромро дар ҷои худ гузоранд.
Зан касеро дӯст медорад, ки дорои ду хислат аст:
— дар муомила пурлутф бошад;
— муаммои ҳамсарашро ногуфта пай барад.
Онҳоеро, ки ин ду хислатро доранд, роҳбаронашон дӯст медоранд:
— итоаткор бошад;
— кори фармударо мувофиқи хоҳиш иҷро намояд.
Касоне, ки ду хислатро доранд, Худованд ва тамоми мардум дӯст медорад:
— ба ҳама ҳамеша накӯӣ бихоҳад;
— аз озордиҳӣ худдорӣ бикунад.
ШУМОРО КӢ ДӮСТ МЕДОРАД? - 985853662890
𝙰𝙺Б𝙰𝙿

Комментарии