💫 Чаро ҳарфи Худоро ҷустуҷу нест, Чаро бо ҳарфи ширин гуфтугӯ нест. Бародар бо бародар рӯ ба рӯ нест, Ҳамин дунё аз они мову ту нест. 💫 Зану мардему ё пиру ҷавонем, Ҳама меҳмони ин кӯҳна ҷаҳонем. Агар сад соли дигар зинда монем, Ҳамин дунё аз они мову ту нест. 💫 Ҳазорон сарвату давлат бубинем, Гурусна чун фақире дона чинем, Ба охир мо ҳама зери заминем, Ҳамин дунё аз они мову ту нест. 💫 Агар боши фалон ибни фалони, Ки охир сар ба хоки тира мони, Аё банда макун асло калони, Ҳамин дунё аз они мову ту нест. 💫 Ба давлат одаму соҳиби моли, Ҳамеша зиндаги кун бо ҳалоли, Дар охир мерави ту дасти холи, Ҳамин дунё аз они мову ту нест. 💫 Ҳамеша соҳиби дунё Худо аст, Ба дунё ман-мани кардан хато аст, Зи Ҳоким ин суханҳо як нидо аст, Ҳамин дунё аз они мову ту нест. Ҷаҳон аслан аз они мову ту нест!
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
:𝐀⋆ 𝐊⋆ 𝐁⋆ 𝐀⋆ 𝐑彡
ҲАМИН ДУНЁ АЗ ОНИ МОВУ ТУ НЕСТ...
💫
Чаро ҳарфи Худоро ҷустуҷу нест,
Чаро бо ҳарфи ширин гуфтугӯ нест.
Бародар бо бародар рӯ ба рӯ нест,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
💫
Зану мардему ё пиру ҷавонем,
Ҳама меҳмони ин кӯҳна ҷаҳонем.
Агар сад соли дигар зинда монем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
💫
Ҳазорон сарвату давлат бубинем,
Гурусна чун фақире дона чинем,
Ба охир мо ҳама зери заминем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
💫
Агар боши фалон ибни фалони,
Ки охир сар ба хоки тира мони,
Аё банда макун асло калони,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
💫
Ба давлат одаму соҳиби моли,
Ҳамеша зиндаги кун бо ҳалоли,
Дар охир мерави ту дасти холи,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
💫
Ҳамеша соҳиби дунё Худо аст,
Ба дунё ман-мани кардан хато аст,
Зи Ҳоким ин суханҳо як нидо аст,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҷаҳон аслан аз они мову ту нест!