Рачабали Фаизуллоев КАМБАҒАЛИ АЙБ НЕСТ!
( қисса) қисми 3
Муаллиф Раҷабали Файзуллоев
Вафоти хушдоманам аҳлу оилаи моро андӯҳгин кард.Ҳамсари бечораам пайваста ба ёди модари ғамгусораш ашк мерехт.Ҳарчанд уро дилбардори мекардам, ғаму дардаш, андӯҳи қалбаш кам намешуд.
Бо маслиҳати модарам Савсанро то чили модараш баромадан ба хонаашон бурдам.Худам низ вақт ёфта, руздармиён ба хабаргирияш мерафтам.
Пас аз вафоти ҳамсар хусурам аз ҷои кораш ба рухсати баромада, доим дар хона буд.Вақте ба хабаргирии ҳамсарам мерафтам, амаки Мирзошариф маро наздаш шинонда, аз ғамхори ва меҳрубониҳои ҳамсари шодравонаш нақл мекард.
- Ҳамсарам инсони хубе буд.Бо ҳама хусусан бо модари ту хеле меҳрубон ва ғамхор буд,- мегуфт ӯ.Афсус ки дар зиндаги ба қадраш нарасидам.Инсон ҳама давлату савлатро бо мурури вақту соат меёбад, аммо ҳамсари хубро муҳол аст, биёбад.
Андешаҳои хусурамро гӯш карда ба андеша мерафтам..У рост мегуяд." Асп нагир, зани хуб бигир", - мегӯянд инсонҳои рӯзгордида.Бо ҳамсари хуб дар як болин сар монда, солҳои зиёде зиндаги мекуни! Ҳамсари хуб бо ҳама пасту баландиҳои зиндаги тоқат мекунад.
Ниҳоят баъди як моҳ чили хушдоманамро гирифтем.Он рӯз ҳама хешу таборҳо, ҳамсояҳо, ҳамкорони амаки Мирзошариф баҳри як каф дуо ба хонадони онҳо омада буданд.Ману модарам дастархон карда, ба хонаи онҳо рафтем.Ҳамсарам Савсан моро дар назди дарвозаи боҳашаматашон пешвоз гирифт.
- Биё, холаҷон, хуш омадед,- дастархонро аз дасти модарам гирифта, ӯро ба хонаи занҳо нишаста бурд.Ман ҳам то рафтани меҳмонҳо ба онҳо кӯмак кардам.
Пас аз тамом шудани маърака бегоҳи ҳамроҳи модараму Савсан ба хона омадем.
Шаб ҳамсарам ба ман хабари хуше дод.Як ҳафта пештар ба муоинаи тибби рафта, дар онҷо ҳангоми узи кардан, табибони зан ба ӯ гуфтан, ки дар батнаш тифл паидо шудаасту аз нишонаҳои дастгоҳи узи ваи духтар аст.Аз ин хабар ман низ хурсанд шудам.Таваллуди тифл хоҳ писар бошад, хоҳ духтар барои падару модараш давлату неъмати Худодод аст.
Зиндаги дар хонадони мо хуб мегузашт.Гоҳ- гоҳе амаки Мирзошариф ба хабаргирии духтари дуҷонаш меомад.Модарам низ уро қудо гуфта хуб меҳмондорӣ мекард.
Сари соли хушдоманамро гирифтему акнун дар паи оиладор кардани амаки Мирзошариф шудем. Падарам дар зиндаги танҳо мондааст.Ба вай ягон аврати хубе ёфтан лозим аст.Ин хел падари бодавлатамро дилхоҳ бевазани шаҳвармурда мегирад,- мегуфт ҳамсарам Савсан.Аммо ғаричашмдошт як бегоҳ хусурам ба хабаргирии духтараш омаду вақти дар гирди дастархон сӯҳбат намудан пешниҳод кард, ки ба модарам мақсади хонадор шудан дорад!
( давом дорад)
Раҷабали Файзуллоев
Модаратхам хаки издивоч дорад..