Комментарии
- Муродчон НазмидиновКомментарий удалён.
- 10 янв 18:23Муродчон НазмидиновХудо рахматаш кунад.
- 10 янв 19:53нисо зоидовнаТо тавони дустонро гум макун худо Рахмат карда бошад
омин
- 11 янв 14:46махтоб Алиевахудованд чояш чаннат шавад
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
Бахром Джумаев
ЁРӢ
Ман сахт гиристам..
Сахт барои нотавониам гиристам...
Баробари ман чанд нафари дигаре гирист...
Мо ҳама нотавон будем…
Ягона қудрате, ки доштем, фақат гириста метавонистем…
-Ёрдамам кунед!- дӯсти наздики мо аз ҳозирбудагон зора мекард… Аз чашмонаш ашк мерехт. Ашки рехтаи мо аз ашки ӯ фарқи калон дошт…
Аммо…
Чанд кас тоқат карда натавониста аз ҳуҷра ба берун баромадем..
-Афсӯс мо ба ӯ ҳеҷ ёрӣ карда наметавонем..- гуфт яке.
-Метавонем. Агар бимирад, мурдаашро ба оғӯши хок месупорем… То рӯҳи ӯ ором шавад, ки бесоҳиб нест…
Дӯсти ятими мо пас аз як соати ин гуфтаи ман аз дарди тоқатфарсои саратон бо азоб чашм пӯшид. Духтурон бо вуҷуди як сол кӯшиши зиёде кардан ба пеши ин беморӣ ночор монда буданд…
Мо дӯстон тани ӯро ба хок супоридем…Ягона ёрии мо ин буд, ки тавонистем. Ӯ беволидайн буд, аммо бекас набуд…
Ёдат ба хайр, дӯстам!
- Зистан мехоҳам,- гуфти ӯ то ҳол ба гӯшам садо медиҳанд, аммо...
Қадри ҳамдигар бидонед!
Баҳромбек