Комментарии
- 26 янв 11:17Не шумо ягон гапи зишту хато нагуфтед хамааш дуруст аст факат дар бораи зан кобим кисса гуфтаниам тамом
- 26 янв 11:19Вокеан рост гуфтед бародари азиз дар холе ки зан кардан мехост зино намекард пас аз у буи неки вучуд надорад
- 27 янв 06:17Ана чони гапа гуфти ягон мард бе сабаб зани дуюм намегира, аку хаст мардхои бе инсофе ки бе ягон сабаб занаи дуюм мегиран, ва бо хаст зани бе имони харомии ки панох аз шавхари худ бо марди бегона рафту мекунад, Худо хидоятмон куна
- 27 янв 06:59Хакикат талхай, лекин хози кадоме боша набоша гапи хакаш мезани кахраш мекуна, неки шайтонию фиребгариш мекуни 100%розиай да гапот, афсус. Днё дига нашидай. Одамон дига шдай, хози якас хонавайрон меша. Меган тагдираш хамин бдас бахона ба тагдир меандозан, лек фикр намекунанду чустучу кунан ки сабабаш чи будааст ки инхел шидан
- 28 янв 14:48Э бача камтарак дилта кушод гир. Номт зебо картинкаи сайтут исломи лекин муомилата якас хонад талхакаф меша. Дини Исломро инхел дини золим нишон нате. Чаро дарҳол бадбахт бадбахт фосиқед фалон беҳмадон меги? Ҳамира забони ширин кати фаҳмони чо мекуна?
Ҳазрати Анас (р) мега Паёмбар (с) лаънат кунанда набуданд, фаҳш гуянда набуданд мега. Пеши паёмбармон аз инда гуноҳи вазбин кати меомаданд шикоят карда лекин паёмбармон онҳоро ту фосиқ шуди бадбахт шуди ту кофири фалон беҳмадон намегуфтанд. Бале рав тавба кун мегуфтанд бо муомилаи хуб роҳ нишон медоданд. Ту бо ин муомилат дини исломро ҳауорат кунанда бадбахт гуянда нишон нате. Камтар дилта кушод гир камтар китоб мутолиа кун илмат васеъ шавад. - 28 янв 19:01Уффффеее... Салом алайкум. Мебинам, ки насихатгаро бениҳоят зиёд шидестян.. Бародарчон ман аслан хуш надорам дар хами мавзӯъ гап задана нохост баромад ҳами публика рости гап камтар ба кавле крышамон рафт бади хонданаш.. Инча агар ай дигар тарафи мавзӯъ нигоҳ куни шумоям албатта девона мешавед. Як нағзакак фикр кун вай зан якумаш хамун одама яне(кавалераша) - шахси исломӣ ботакво нишон медиҳад каме пас гашта сразу бо дигар хел ба намоиш мемонаша. Хуб пас фикр кун бодиққат вақте мардум ина хонанд чи мегӯянд...!!?? Сразу дар муллою дар ислому дар шариат мечаспанд. Барои хами хар гунохе ки мо мутаркиб мешавем дар инча на ислом гунахгор на шариат. Ин моем, ки эмони заиф дорему ба ном мусалмонем.
Ислом ба зоти худ надорад ҳеҷ айбе...
Ҳар айбе хаст дар мусалмонии мост..!! Хуллас бародар фикр мекунам ин мавзӯъ баста шавад..!! - 29 янв 00:48Бале рост чи даркор Дили я бандаро хафа кардан мумкин фосик гуфтанда чандин занои ду Боша дилошон шиканад дунё калон одамхо гуногун камтар фикр карда гап занед
- 29 янв 09:09Чаро кришат мепара? Хай кришат пара дахолат накун, мон одамҳое дахолат ккнан ки ғазабшона назорат карда метонан. Ғазаб аз Шайтон аст. Хута ба даст гир ҳамавақт. Итари дағал гап зани ҳама дилш ай муллою ай Ислом мешикана ина мулоҳот фақат бадбахту фосиқу дигару дигар мегуян гуфта. Аз ҳама авал хута ба даст гир бародар агар асабт набардора дахолат накун. Чунки вапшета ҳами темаҳо ба фикри ман ҳақиқат надора. Бин ҳамиқа атвет мети нависандаш атвет намета на раҳмат мега на дига чи. Проста давраро гарм кадестан бо ин темаҳо. Барои инхел чизҳои дуруғ худро асабӣ накун
- 29 янв 09:14Бале. Як каса фосиқ ё бадбахт мегуем оё худмон тозаҳакем? Ягон кас худша худаш баҳо надиҳад ма тозашакм дигаро фосиқан гуфта. Агар ихел гирем ҳар яки худи мо ҳар як гуноҳе дорем ки танҳо Аллоҳ медона гуноҳомона. Агар Аллоҳ ҳаму айбҳомона ошкор куна аз мода дида одами шармандатар набоша. Пеш аз оне ки дигарора ҳукм кунем авал худмона ренгин кунем.
Ҳамавақт забони хуб доштан хуб аст. Ҳиҷвақт бо ҳақорату ё дағал гуфтан кати мардум ислоҳ намешавад. Дилаш шиканад мешиканаду бар акс ислоҳ намешавад. Аммо забони ширин кати муомилаи хуб кати фаҳмонем ҳаму одам аз кори кардааш пушаймон шуда аз ҳаму гуноҳаш гаштанаш мумкин. - 29 янв 10:20Ба фикрам ма дар хаму поён навистагиям бо забони фахмои тоҷикӣ, ки ҳами мавзӯъ баста неки хдт бекори чи холям хамра кофтести...!!!???
- 29 янв 12:04Бале хакасту рост бародари Азиз Кадоме чои покиза ёбад худаш шинад ягон банда бегунох нест
- 29 янв 15:47Дар боло гапа гуфта бад дар поён темара пушидем меги. Ма проста барои гапои болонгит "насиҳатгаро бисёр шидияну чим чию кришам парид" гуфтагитда ҷавоб додм. Мардума насиҳат мекуни бо роҳи дағалона лекин да худт насиҳат нафората ихтиёрт. Паноҳт ба Аллоҳ.
- 4 фев 22:54АСАЛОМУ АЛАЙКУМ БАРОДАРО ВА АППАШКАХО ЯК САВОЛ ЗАНХОБА БАРОИ ЧИ ФАКАД МАРДХОРО ВИНАВАТ МЕКУНЕД ХАМА МАРДХО ЯК ХЕЛ НЕСТАН ИРА ДОНИСТА МОНЕД ЗАНХОИ МЕХРАБОН ЗАНХОРАМ ГУНАХГОР ХАСТАН БАРОИ ЧИ ДАР СОЛХОИ ПЕШ ДАР ЯК МАХАЛЛА ЯК ЗАНИ АЗ ШАВХАР БАРОМАДАГИ БУД ХОЗИР БОШАД БИСЁР ШУДАГИЯН САБАБАШ ДАР ЧИСТ ХОЗИР ОЙЛАХО ЗУД ВАЙРОН МЕШАВАД
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
М.
м
Зани дуюм...
Ассалому алайкум бонувони азиз. Ман ба шумо барои як мушкилие, ки чандин вақт маро ташвиш медиҳад, муроҷиат карданӣ ҳастам. Бо амри тақдир ман аз оилаи аввал ҷудо шуда, бо як фарзанд зани муҷаррад ҳастам. Ҳоло бо як марди оиладор муносибати наздик дорам. Дар аввал ман нияти дуру дароз муносибат кардан надоштам, вале оҳиста-оҳиста меҳрам зиёд шуд ва ҳоло мо ҳамдигарро дуст медорем. Вале аз фикри он, ки вай зану фарзанд дораду занашро фиреб медиҳад, виҷдонам хеле азоб медиҳад. Ростӣ, чандин маротиба уро тарк карданӣ шудам, телефонҳояшро ва ҳама шабакаҳои иҷтимоияшро дар блок мондам, вале у маро ёфта, боз бармегардонад. Медонам, иродаи суст дорам, лекин дусташ медорам, боз дарди ҷудоиро тоқат накарда, уро қабул мекунам. Ҳамин тавр гоҳ мегурезам, гоҳ у маро бармегардонад. Ақлам мефаҳмад, ки бо марди оидадор хушбахт намешавам, лекин дилам ақламро гуш намекунад. Ба ин мард чандин борҳо мегуям, ки ман дар зиндагӣ хеле азоб кашидагӣ ҳастам, бахтшикаста ҳастам, намехоҳам боз бебахтам куниву ғами дунёро ба сарам бор кунӣ. Лекин вай мегуяд, ки ҳамааш хуб мешавад, ба зиндагӣ бо нигоҳи нек назар кун ва маро боз ба умед мекунад. Мегуяд, ки ҳеҷ кас ба ту кафолат дода наметавонад, ки агар ба ягон каси дигар оиладор шавӣ сад фоиз хушбахт мешавӣ. Биё, кушиш мекунем, ки ба ҳамдигар зарар нарасонему хушбахт шавем. Ин мард мехоҳад бо ман никоҳ кунад, вале оиди муносибати мо бояд касе надонад. Чунки метарсад, ки ба оилаи ӯ зарар мерасад. Ман намехоҳам, ки ба оилаи вай зарар расонам, намехоҳам, ки дили занашро озор диҳам, ё хонаи ободашро ноором созам. Лекин, офтобро бо доман пушида намешавад. Рӯзе ногаҳон ҳамаи сир фош мешавад. Пас тақдири ман чӣ мешуда бошад? Бисёр вақт мардон дар чунин вазъият ноадолатӣ мекунанд ва барои нигоҳ доштани оилаи аввал, аз зани дуюм рӯ мегардонанд. Сарсону ҳайрон мондаам. Намедонам чӣ кунам. Ҳам бениҳоят дусташ медорам, ҳам тарс дорам, ки дар ними раҳ мемонам. Дуюм маротиба бебахт шудан намехоҳам. Илтимос, касоне, ки зани дувум шудаанд, ё шоҳиди чунин ҳодиса ҳастанд, оё занҳои дуввум хушбахт ҳастанд? Оё имкони ором зиндагӣ кардан ҳаст? Ман умуман хоҳиши барои мард ҷангу ҷанҷол карданро надорам. Танҳо хоҳиши каме ҳам бошад, хушбахт шуданро дорам. Илтимос, суханҳои қабеҳ, ҳақорату дашном надиҳед. Ман орзуи зани дуюм шуданро ҳеҷ вақт надоштам ва ҳатто ба занҳои дуввум нафрат доштам, вале зиндагӣ санҷишҳои гуногун доштааст... Танҳо маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам?