Қисми 26.Ду нафар хеле дар даруни майдонча роҳ паймудем, нишастгоҳҳо бо барф рӯпӯш гашта буданд ва имкони нишастан набуд.- Меравем, - гуфт падарам, - як-ду ҳарф аз занҳо ҳам шунавем.Аммо ман хоҳиши ба сӯҳбати занҳо ҳамроҳ шуданро надоштам. Мехостам Хубон ҳарчӣ зудтар ба ҳуҷра баргардад.Аз як тараф надоштани сир миёни ману ҳамсарам хуб буд, аз тарафи дигар мавзӯъи сӯҳбат надоштам. Танҳо мехостам дар барам бошад, то гармии ҷисмашро эҳсос кунам.Пасопеш бо падарам вориди хона гаштем, моро дида модарам, ки то ин дам ҳарф мезад, хомӯш шуд. Ба симои Хубон нигаристам ва дарҳол мавзӯъи сӯҳбаташонро дарк кардам: духтарон аз боби муҳаббати Робия модарро огоҳ кардаанд. Падарам ба ошхона рафту ман ба ҳуҷраи худ. Хубон низ аз пасам омад.- Чойи хунук биёрам? Пас аз манту ташна намондед? - пурсид ӯ.- Биё, ки ман ташнаи ту ҳастам.Вале Хубон пас гашту пас аз муддате бо пиёлаи чой баргашт. Пиёларо дар дастам доду дар паҳлӯям нишаст.- Бигузор сӯҳбат кунанд, - гуфт Хубон, - ҳузури ману шумо шарт нест.- Робияро муҳокима доранд?- Рости гап, худро дар наздаш гунаҳкор медонам. Ман гумон карда будам, ки бо акаам хушбахт мешаванд.- Ҳеҷ гап не, хоҳарам албатта хушбахт мешавад. Ояндаро касе пешгӯӣ карда наметавонад. Ман ҳам то тӯй намедонистам, ки ошиқӣ чист. Чӣ шуду чӣ монд, ана, наметавонам дигар бе ту.- Чойро нӯшед, - хандид Хубон, - гумон доред ба суханҳоятон бовар мекунам?- Албатта, шубҳа надорам. Мову ту як тану як ҷон ҳастем, - дастони нозуки Хубонро байни кафам гирифтам, ки гӯё барқ зад, дарҳол дастамро пас кашидам, - ин чӣ буд?- Айнан ҳамин ҷумларо ман низ дар забон доштам, - хандид Хубон, - зарурат надошт гуфтан.- Аҷиб-ку?!... Баъд чӣ тавр изҳори муҳаббат кунам?- Муҳаббат дар қалб аст, на дар забон, - ин бор худи Хубон дастамро миёни дастонаш гирифт ва ҳарду хомӯш ба чашмони ҳамдигар нигаристем. Шӯълаи чашмони хумори Хубон маро баргашта афсун месохт...Субҳ, пас аз наҳорӣ дар тараддуди сафар шудам. Либоси гармамро ба бар карда ба кӯча баромадам. Чанд тан ҷавони тоҷик барфи роҳравҳоро тоза мекарданд.- Монда набошед, - гуфтам, - шумо истироҳат надоред?- Саломат бошӣ ака, - гуфта ҷавоне дастпӯшаки дасташро аз даст кашид ва дастамро фишурд, - Шумо тоҷикед? Шуморо ҳамроҳи як духтар дида гумон кардем, ки духтари тоҷик бо рус ҳамхона гаштааст.- Рус мебудам - чӣ бадӣ дошт?- Мо бо ҷӯраҳоямон баҳс кардем, маро ба як палав қарздор сохтед.- Дигар кор надоред, ки аз паси як нафар шарт мебандед? Имрӯз якшанбе, магар истироҳат намекунед?- Мо истироҳат надорем, баҳору зимистон, шабу рӯз дар ободии шаҳр ҳастем.- Хайр, барори кор, ваъда намедиҳаму қисми хароҷоти палавро ба ӯҳда гирифтанам мумкин.- Ташаккур ака, миннатдор ҳастем. Ягон рӯз ба хобгоҳ ба меҳмонӣ даъват мекунем...Ба маркази вилоят расидан ҳамон ба Олег занг задам.- Туро дар назди даромадгоҳ Вениамин Григоревич пешвоз мегирад, - гуфт Олег, - вохӯрии имрӯза пурра ба дӯши ӯст.Маро дар назди даромадгоҳ марди қавипайкаре мунтазир буд, шиносномаамро гирифта ба духтаре дод, ки қайд кунад. Сипас ҳарду ҳамроҳ ба як утоқ рафтем.- Даъват кунам? - пурсид Вениамин, ки дар симояш осори мондагӣ эҳсос мешуд.- Даъват кунед, - гуфтам, - Ман ҳам фурсати бисёр надорам.Бисёр мунтазир нашудам, Вениамин мардеро оварда дар курсии рӯбарӯ шинонид ва моро танҳо гузошта берун баромад. Мард худро озод ва осуда мегирифт.- Ман назди шумо бо хабарҳои нохуш омадам, - гуфтам.- Аввал худро шинос кун, - гуфт мард.- Ошноии мо ба шумо кӯмак намекунад... Шуморо беҳуда дар марги нафаре гунаҳкор мекунанд.- Не, ман аллакай ба гуноҳам иқрор шудаам.- Киро куштед?- Тасодуфан мардеро... дертар маълум гашт, ки сарватманде будааст.- Сарватманд зинда ва ӯро дастгир кардаанд, метавонам ҳардуятонро рӯбарӯ кунам.Мард гӯё, ки сураташро мегирифта бошанд, шах шуд.- Лекин шуморо озод намекунанд, шумо ҳамчун ҳаммаслакаш солҳои тӯлонӣ дар маҳбас мемонед.- Аблаҳ!...- Кӣ аблаҳ?- Ношуд... Ноӯҳдабаро... Ин саг ҳатто мурда натавонист...- Чӣ кор кунем? Ӯ аллакай маълумот додааст, ки ними маблағи бонкро оилаи шумо соҳиб шудааст.- Ман дар ин ҷо, хабар надорам... Як ҳафта мешавад.- Боқимондаи пулро дар кадом суратҳисоб гузоштанӣ буд?- Вай дурӯғ мегӯяд... Ин қадар пулро имкони нақд гирифтан нест. Ман метавонам бо ҳамсарам гап зада?- Танҳо даҳ сония, - гуфта телефонамро дар дасташ додам.Ӯ рақам чиду телефонро ба гӯш бурд:- Натах, ин ман, гапи бисёр лозим не, танҳо гӯй, ки Серёга пул овард?... Не?... Дар куҷо мешудам?... Хайр, Любочкаро аз номи падари аҳмақаш сахт бӯс... - мард телефонро хомӯш карду ба ман баргардонд. Дастонаш меларзиданд, аз осудагии лаҳзае пеш доштааш осоре намонда буд.- Хуб, омода ҳастам ба ҳар қарори суд, бигузор ҳукми қатл диҳанд.- Аҳволи Любочка чӣ мешавад?- Тақдираш медонад... Чӣ ҳам дигар аз дастам меомад?- Ягона роҳ - бо тафтишот ҳамкорӣ кардан аст.- Аздусар наҷот намедиҳад.- Маблағи бонк баргардад, мекӯшам, ки шуморо озод кунанд.- Маблағ аллакай дар Аврупо, ман танҳо метавонам асли воқеаро нақл кунам.Диктофони телефонамро гиро карда рӯи миз гузоштам. Мард ҳамаи воқеаро аз як сар нақл кард. Ӯ дар ҳақиқат бовар дошт, ки "сарватманд" ба даст афтодааст. Дар асл ягон хел сарватманд набуда, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳо омода кардааст ва маблағро гирифта ба хориҷа фирор кардан хостааст.Сабтро дарҳол ба Олег роҳӣ кардам, дар ҳамкорӣ бо прокуратураи генералии вилоят ва бонки миллӣ тамоми суратҳисоб ва кортҳои бонкии гумонбаршударо дар ҳудуди Россия маҳкам карданд. Гумонбаршуда бо исми кӯҳнааш дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ қарор гирифт.- Ту баръакс кори моро бисёр кардӣ, - гуфт Олег ба ман занг зада, - беҳтар набуд, ки ронанда ҳабс мешуд?- Беҳтар мебуд агар адолат ғалаба мекард.- Ба рухсатӣ барову як моҳ дар корамон кӯмак кун.- Оилаи маро кӣ таъмин мекунад?- Ба ҳар ҷинояти ошкоршуда мукофот мегирӣ, истеъдодатро хор накун. Ман дар ҷои ту мебудам, аллакайҳо миллионер будам.- Кӯмак мекунам, аммо аз назди ҳамсарам дур намеравам...Бегоҳ ба хона расидам, гуруснагиамро пас аз ба машом расидани зирбидани палав эҳсос кардам.- Ним соати дигар метавонед таҳаммул карда? - пурсид Хубон маро дарҳол дарк карда.- Албатта, - гуфта ба ҳуҷра даромадам ва компютерро гиро карда боз суратҳои Олег фиристодаро аз назар гузаронидам.Аз чӣ сабаб бошад, ки ҳар суратро менигаристам, дар пеши назарам дастаҳои пули бисёр низ пайдо мешуданд. Пас, қариб аксари ҷиноятҳо аз барои пул содир гаштаанд.Се роҳи асосии даст задан ба ҷиноят вуҷуд дорад: пул, зан ва соҳиб шудан ба мансаб. Аммо ҳолатҳое низ вомехӯранд, ки занҳо низ ҷиноят содир мекунанд. Дар тамошои сурати зани солхӯрдае қарор гирифтам. Гӯё ин суратро пештар низ дида бошам, тамоми суратҳоро дар як саҳифа ҷо карда, галерея сохтам. Сурати зан ягона буд ва ба сурати марди тақрибан ҳамсолаш алоқамандие дошт. Эҳсос кардам, ки ҳардуро зиндагии якҷоя ба ҳам мепайваст. Пас, чаро ҳарду дар як ҷо нестанд? Эҳсос кардам, ки ҳарду низ дар қайди ҳаёт нестанд, аммо сабаб чист, ки Олег сурати ҳардуро дар як саҳифа ҷо надодааст? Ӯ маро боз имтиҳон кардан мехоҳад. Медонистам, ки алҳол ӯ бо духтаре вохӯрӣ дорад, бинобар ҳар чӣ фикре дар сарам омад, ба почтааш навишта фиристодам:"Зану мард зиндагии ободу хуррамона доштанд, онҳо на дар қабристони умумӣ, балки дар манзили истиқоматашон гӯронида шудаанд. Зан як фарзанди нохалаф дорад, ӯ ҳардуро ба қатл расонида дар ҳавлияш зери хок кардааст ва оиди ғайб задани модараш ба пулис хабар додааст. Мард ҳамсари қонунии зан нест ва мехост муносибаташро бо зан расмӣ гардонад. Писари зан аз тарси он, ки нисфи дороии модарашро мард соҳиб мешавад, ҳардуро ба ҳалокат расонида, барои рӯпӯш кардани ҷиноят ва мушкил сохтани ошкор шудани он барои модараш аз оҷонсии сайёҳӣ роҳхат ба сафари хориҷа харидааст".Ин ҷинояти чорум буд, ки бояд дар як рӯз ошкор шавад, вале ман боз мекӯшидам, ки ҳарчӣ зудтар ва бештар дар кори Олег кӯмак расонам. Ӯ маро дастгирӣ кард, пул фиристод. Медонистам, ки пулашро аз ман баргашта талаб намекунад.- Палав омода, - гуфта Хубон омад. Медонист, ки мехоҳам аз рухсораш бӯса гирам, бинобар рӯяшро худаш ба лабонам ҷафс кард.- Ин барои иштиҳо, - гуфтам бӯсида, - барои хӯриш чӣ дорем?- Шаппотӣ, - гуфта шаппотии нармакак дар рӯям зад...... Гӯё ягон ҳодисае рух надода бошад, чун ҳаррӯза субҳ дар утоқи корам шудам. Дари кадрҳо маҳкам, утоқ холӣ ва Надя набуд. Женя ҳам дар паси дастгоҳаш нест. Аммо сармуҳосиб дар утоқаш, сертараддуд метофт. Дар вақти муайяншуда дастгоҳҳоро ба кор андохтам ва худро машғули кор гирифтам. Медонистам, ки сармуҳандис маро ба утоқаш даъват мекунад. Сармуҳосиб ба утоқи муовин рафт ва сармуҳандис ба утоқи ман омад.- Шояд боз дар утоқи муовин ҷамъ шавем? - пурсидам аз сармуҳандис.- Зарурат нест... Аз ҳамаи ҳодисаҳо дарак дорӣ, балки иштирокчии бевосита ҳастӣ.- Шумо чиро дар назар доред?- Ман ҷонибдори Надя нестам, лекин аллакай мактуби шӯъбаи корҳои дохилиро дорем. Обрӯи коргоҳро паст мезанад.- Аз ман чӣ мехоҳед?- Ба шӯъба муроҷиат кун, гӯ, ки даъво надорӣ.- Даъво надоштанамро рӯзи аввал гуфта будам, аммо онҳо қабул накарданд.- Имрӯз қабул мекунанд, масъала ҳалли худро ёфтааст.- Масъала ҳал гашта бошад, аризаи ман чӣ лозим?- Барои расмият... Навис, ки пештар бо онҳо муносибати хуб доштӣ ва ҳазли туро духтарон нодуруст қабул кардаанд.- Менависам, аммо ба як шарт: сурати шуми ҳардуро дигар набинам.- Пас аз соли нав, мӯҳлат медиҳем.Дар компютер ҳарфҳоро чида аризаро чоп кардам ва зераш имзо гузошта дар дасти сармуҳандис додам.- Ман ба шӯъба намеравам, - гуфтам.Сармуҳандис аризаро гирифту аз дар берун шуд. Дидам, ки аввал дари муҳосиботро кушода назар кард ва сипас ба утоқи муовин рафт. Аризаро дар рӯи миз гузошта ғолибона ба муовину сармуҳосиб муроҷиат кард:- Нагуфтам, луқмаашро аз даҳони шер мегирам?Сармуҳосиб аризаро гирифта хонд ва аз ҷо бархост.- Ман мебарам, маро то нисфирӯз мунтазир нашавед. Ҳардуро ба хонаҳояшон мерасонам, ба волидонашон ваъда додам.(поёни қисми 26)
🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹
ХУБОН
Қисми 26.
Ду нафар хеле дар даруни майдонча роҳ паймудем, нишастгоҳҳо бо барф рӯпӯш гашта буданд ва имкони нишастан набуд.
- Меравем, - гуфт падарам, - як-ду ҳарф аз занҳо ҳам шунавем.
Аммо ман хоҳиши ба сӯҳбати занҳо ҳамроҳ шуданро надоштам. Мехостам Хубон ҳарчӣ зудтар ба ҳуҷра баргардад.
Аз як тараф надоштани сир миёни ману ҳамсарам хуб буд, аз тарафи дигар мавзӯъи сӯҳбат надоштам. Танҳо мехостам дар барам бошад, то гармии ҷисмашро эҳсос кунам.
Пасопеш бо падарам вориди хона гаштем, моро дида модарам, ки то ин дам ҳарф мезад, хомӯш шуд. Ба симои Хубон нигаристам ва дарҳол мавзӯъи сӯҳбаташонро дарк кардам: духтарон аз боби муҳаббати Робия модарро огоҳ кардаанд. Падарам ба ошхона рафту ман ба ҳуҷраи худ. Хубон низ аз пасам омад.
- Чойи хунук биёрам? Пас аз манту ташна намондед? - пурсид ӯ.
- Биё, ки ман ташнаи ту ҳастам.
Вале Хубон пас гашту пас аз муддате бо пиёлаи чой баргашт. Пиёларо дар дастам доду дар паҳлӯям нишаст.
- Бигузор сӯҳбат кунанд, - гуфт Хубон, - ҳузури ману шумо шарт нест.
- Робияро муҳокима доранд?
- Рости гап, худро дар наздаш гунаҳкор медонам. Ман гумон карда будам, ки бо акаам хушбахт мешаванд.
- Ҳеҷ гап не, хоҳарам албатта хушбахт мешавад. Ояндаро касе пешгӯӣ карда наметавонад. Ман ҳам то тӯй намедонистам, ки ошиқӣ чист. Чӣ шуду чӣ монд, ана, наметавонам дигар бе ту.
- Чойро нӯшед, - хандид Хубон, - гумон доред ба суханҳоятон бовар мекунам?
- Албатта, шубҳа надорам. Мову ту як тану як ҷон ҳастем, - дастони нозуки Хубонро байни кафам гирифтам, ки гӯё барқ зад, дарҳол дастамро пас кашидам, - ин чӣ буд?
- Айнан ҳамин ҷумларо ман низ дар забон доштам, - хандид Хубон, - зарурат надошт гуфтан.
- Аҷиб-ку?!... Баъд чӣ тавр изҳори муҳаббат кунам?
- Муҳаббат дар қалб аст, на дар забон, - ин бор худи Хубон дастамро миёни дастонаш гирифт ва ҳарду хомӯш ба чашмони ҳамдигар нигаристем. Шӯълаи чашмони хумори Хубон маро баргашта афсун месохт...
Субҳ, пас аз наҳорӣ дар тараддуди сафар шудам. Либоси гармамро ба бар карда ба кӯча баромадам. Чанд тан ҷавони тоҷик барфи роҳравҳоро тоза мекарданд.
- Монда набошед, - гуфтам, - шумо истироҳат надоред?
- Саломат бошӣ ака, - гуфта ҷавоне дастпӯшаки дасташро аз даст кашид ва дастамро фишурд, - Шумо тоҷикед? Шуморо ҳамроҳи як духтар дида гумон кардем, ки духтари тоҷик бо рус ҳамхона гаштааст.
- Рус мебудам - чӣ бадӣ дошт?
- Мо бо ҷӯраҳоямон баҳс кардем, маро ба як палав қарздор сохтед.
- Дигар кор надоред, ки аз паси як нафар шарт мебандед? Имрӯз якшанбе, магар истироҳат намекунед?
- Мо истироҳат надорем, баҳору зимистон, шабу рӯз дар ободии шаҳр ҳастем.
- Хайр, барори кор, ваъда намедиҳаму қисми хароҷоти палавро ба ӯҳда гирифтанам мумкин.
- Ташаккур ака, миннатдор ҳастем. Ягон рӯз ба хобгоҳ ба меҳмонӣ даъват мекунем...
Ба маркази вилоят расидан ҳамон ба Олег занг задам.
- Туро дар назди даромадгоҳ Вениамин Григоревич пешвоз мегирад, - гуфт Олег, - вохӯрии имрӯза пурра ба дӯши ӯст.
Маро дар назди даромадгоҳ марди қавипайкаре мунтазир буд, шиносномаамро гирифта ба духтаре дод, ки қайд кунад. Сипас ҳарду ҳамроҳ ба як утоқ рафтем.
- Даъват кунам? - пурсид Вениамин, ки дар симояш осори мондагӣ эҳсос мешуд.
- Даъват кунед, - гуфтам, - Ман ҳам фурсати бисёр надорам.
Бисёр мунтазир нашудам, Вениамин мардеро оварда дар курсии рӯбарӯ шинонид ва моро танҳо гузошта берун баромад. Мард худро озод ва осуда мегирифт.
- Ман назди шумо бо хабарҳои нохуш омадам, - гуфтам.
- Аввал худро шинос кун, - гуфт мард.
- Ошноии мо ба шумо кӯмак намекунад... Шуморо беҳуда дар марги нафаре гунаҳкор мекунанд.
- Не, ман аллакай ба гуноҳам иқрор шудаам.
- Киро куштед?
- Тасодуфан мардеро... дертар маълум гашт, ки сарватманде будааст.
- Сарватманд зинда ва ӯро дастгир кардаанд, метавонам ҳардуятонро рӯбарӯ кунам.
Мард гӯё, ки сураташро мегирифта бошанд, шах шуд.
- Лекин шуморо озод намекунанд, шумо ҳамчун ҳаммаслакаш солҳои тӯлонӣ дар маҳбас мемонед.
- Аблаҳ!...
- Кӣ аблаҳ?
- Ношуд... Ноӯҳдабаро... Ин саг ҳатто мурда натавонист...
- Чӣ кор кунем? Ӯ аллакай маълумот додааст, ки ними маблағи бонкро оилаи шумо соҳиб шудааст.
- Ман дар ин ҷо, хабар надорам... Як ҳафта мешавад.
- Боқимондаи пулро дар кадом суратҳисоб гузоштанӣ буд?
- Вай дурӯғ мегӯяд... Ин қадар пулро имкони нақд гирифтан нест. Ман метавонам бо ҳамсарам гап зада?
- Танҳо даҳ сония, - гуфта телефонамро дар дасташ додам.
Ӯ рақам чиду телефонро ба гӯш бурд:
- Натах, ин ман, гапи бисёр лозим не, танҳо гӯй, ки Серёга пул овард?... Не?... Дар куҷо мешудам?... Хайр, Любочкаро аз номи падари аҳмақаш сахт бӯс... - мард телефонро хомӯш карду ба ман баргардонд. Дастонаш меларзиданд, аз осудагии лаҳзае пеш доштааш осоре намонда буд.
- Хуб, омода ҳастам ба ҳар қарори суд, бигузор ҳукми қатл диҳанд.
- Аҳволи Любочка чӣ мешавад?
- Тақдираш медонад... Чӣ ҳам дигар аз дастам меомад?
- Ягона роҳ - бо тафтишот ҳамкорӣ кардан аст.
- Аздусар наҷот намедиҳад.
- Маблағи бонк баргардад, мекӯшам, ки шуморо озод кунанд.
- Маблағ аллакай дар Аврупо, ман танҳо метавонам асли воқеаро нақл кунам.
Диктофони телефонамро гиро карда рӯи миз гузоштам. Мард ҳамаи воқеаро аз як сар нақл кард. Ӯ дар ҳақиқат бовар дошт, ки "сарватманд" ба даст афтодааст. Дар асл ягон хел сарватманд набуда, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳо омода кардааст ва маблағро гирифта ба хориҷа фирор кардан хостааст.
Сабтро дарҳол ба Олег роҳӣ кардам, дар ҳамкорӣ бо прокуратураи генералии вилоят ва бонки миллӣ тамоми суратҳисоб ва кортҳои бонкии гумонбаршударо дар ҳудуди Россия маҳкам карданд. Гумонбаршуда бо исми кӯҳнааш дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ қарор гирифт.
- Ту баръакс кори моро бисёр кардӣ, - гуфт Олег ба ман занг зада, - беҳтар набуд, ки ронанда ҳабс мешуд?
- Беҳтар мебуд агар адолат ғалаба мекард.
- Ба рухсатӣ барову як моҳ дар корамон кӯмак кун.
- Оилаи маро кӣ таъмин мекунад?
- Ба ҳар ҷинояти ошкоршуда мукофот мегирӣ, истеъдодатро хор накун. Ман дар ҷои ту мебудам, аллакайҳо миллионер будам.
- Кӯмак мекунам, аммо аз назди ҳамсарам дур намеравам...
Бегоҳ ба хона расидам, гуруснагиамро пас аз ба машом расидани зирбидани палав эҳсос кардам.
- Ним соати дигар метавонед таҳаммул карда? - пурсид Хубон маро дарҳол дарк карда.
- Албатта, - гуфта ба ҳуҷра даромадам ва компютерро гиро карда боз суратҳои Олег фиристодаро аз назар гузаронидам.
Аз чӣ сабаб бошад, ки ҳар суратро менигаристам, дар пеши назарам дастаҳои пули бисёр низ пайдо мешуданд. Пас, қариб аксари ҷиноятҳо аз барои пул содир гаштаанд.
Се роҳи асосии даст задан ба ҷиноят вуҷуд дорад: пул, зан ва соҳиб шудан ба мансаб. Аммо ҳолатҳое низ вомехӯранд, ки занҳо низ ҷиноят содир мекунанд. Дар тамошои сурати зани солхӯрдае қарор гирифтам. Гӯё ин суратро пештар низ дида бошам, тамоми суратҳоро дар як саҳифа ҷо карда, галерея сохтам. Сурати зан ягона буд ва ба сурати марди тақрибан ҳамсолаш алоқамандие дошт. Эҳсос кардам, ки ҳардуро зиндагии якҷоя ба ҳам мепайваст. Пас, чаро ҳарду дар як ҷо нестанд? Эҳсос кардам, ки ҳарду низ дар қайди ҳаёт нестанд, аммо сабаб чист, ки Олег сурати ҳардуро дар як саҳифа ҷо надодааст? Ӯ маро боз имтиҳон кардан мехоҳад. Медонистам, ки алҳол ӯ бо духтаре вохӯрӣ дорад, бинобар ҳар чӣ фикре дар сарам омад, ба почтааш навишта фиристодам:
"Зану мард зиндагии ободу хуррамона доштанд, онҳо на дар қабристони умумӣ, балки дар манзили истиқоматашон гӯронида шудаанд. Зан як фарзанди нохалаф дорад, ӯ ҳардуро ба қатл расонида дар ҳавлияш зери хок кардааст ва оиди ғайб задани модараш ба пулис хабар додааст. Мард ҳамсари қонунии зан нест ва мехост муносибаташро бо зан расмӣ гардонад. Писари зан аз тарси он, ки нисфи дороии модарашро мард соҳиб мешавад, ҳардуро ба ҳалокат расонида, барои рӯпӯш кардани ҷиноят ва мушкил сохтани ошкор шудани он барои модараш аз оҷонсии сайёҳӣ роҳхат ба сафари хориҷа харидааст".
Ин ҷинояти чорум буд, ки бояд дар як рӯз ошкор шавад, вале ман боз мекӯшидам, ки ҳарчӣ зудтар ва бештар дар кори Олег кӯмак расонам. Ӯ маро дастгирӣ кард, пул фиристод. Медонистам, ки пулашро аз ман баргашта талаб намекунад.
- Палав омода, - гуфта Хубон омад. Медонист, ки мехоҳам аз рухсораш бӯса гирам, бинобар рӯяшро худаш ба лабонам ҷафс кард.
- Ин барои иштиҳо, - гуфтам бӯсида, - барои хӯриш чӣ дорем?
- Шаппотӣ, - гуфта шаппотии нармакак дар рӯям зад...
... Гӯё ягон ҳодисае рух надода бошад, чун ҳаррӯза субҳ дар утоқи корам шудам. Дари кадрҳо маҳкам, утоқ холӣ ва Надя набуд. Женя ҳам дар паси дастгоҳаш нест. Аммо сармуҳосиб дар утоқаш, сертараддуд метофт. Дар вақти муайяншуда дастгоҳҳоро ба кор андохтам ва худро машғули кор гирифтам. Медонистам, ки сармуҳандис маро ба утоқаш даъват мекунад. Сармуҳосиб ба утоқи муовин рафт ва сармуҳандис ба утоқи ман омад.
- Шояд боз дар утоқи муовин ҷамъ шавем? - пурсидам аз сармуҳандис.
- Зарурат нест... Аз ҳамаи ҳодисаҳо дарак дорӣ, балки иштирокчии бевосита ҳастӣ.
- Шумо чиро дар назар доред?
- Ман ҷонибдори Надя нестам, лекин аллакай мактуби шӯъбаи корҳои дохилиро дорем. Обрӯи коргоҳро паст мезанад.
- Аз ман чӣ мехоҳед?
- Ба шӯъба муроҷиат кун, гӯ, ки даъво надорӣ.
- Даъво надоштанамро рӯзи аввал гуфта будам, аммо онҳо қабул накарданд.
- Имрӯз қабул мекунанд, масъала ҳалли худро ёфтааст.
- Масъала ҳал гашта бошад, аризаи ман чӣ лозим?
- Барои расмият... Навис, ки пештар бо онҳо муносибати хуб доштӣ ва ҳазли туро духтарон нодуруст қабул кардаанд.
- Менависам, аммо ба як шарт: сурати шуми ҳардуро дигар набинам.
- Пас аз соли нав, мӯҳлат медиҳем.
Дар компютер ҳарфҳоро чида аризаро чоп кардам ва зераш имзо гузошта дар дасти сармуҳандис додам.
- Ман ба шӯъба намеравам, - гуфтам.
Сармуҳандис аризаро гирифту аз дар берун шуд. Дидам, ки аввал дари муҳосиботро кушода назар кард ва сипас ба утоқи муовин рафт. Аризаро дар рӯи миз гузошта ғолибона ба муовину сармуҳосиб муроҷиат кард:
- Нагуфтам, луқмаашро аз даҳони шер мегирам?
Сармуҳосиб аризаро гирифта хонд ва аз ҷо бархост.
- Ман мебарам, маро то нисфирӯз мунтазир нашавед. Ҳардуро ба хонаҳояшон мерасонам, ба волидонашон ваъда додам.
(поёни қисми 26)