Латифахо

Мард:
- Чонакам, 8-март ба ту чи тухфа кунам?
Ба рости намедонам.
- хело хуб, барои фикр карданат ба ту як соли дигар ба ту мухлат медихам.
******
Дар магозаи чавохирот. Зан ба фурушанда:
- Мебахшед, ки пулхои овардаам тар хастанд. Шавхарам субх вакте онхоро ба манн медод, бо оби дидаи шашкатор мегирист!
******
Марде субхи 8-март ба магоза даромада ба фурушанда мегуяд:
- Ана он се румолчаи дасттозакуниро дар як когазхалта (пакет)-и зебо андозед. Мехохам дар рузи 8- март ба занам тухфа кунам.
- Шумо мехохед сюрприз намоед?
- Бале! Вай ба палтои 500 $ доллара умед бастааст.
******
Мард ба завчааш:
- Рузи 8-март чи тухфа биёрам?
Зан бо нозу карашма?
- Хайр ягон чиз барои гарданаму ягон чиз барои дастонам.
- Оличаноб, бароят собун меорам, собун.
******
Субхи 8-март. Зан бо ашки шашкатор ба шавхараш мегуяд:
- Ту тамоман берахми. Хатто намепурси, ки манн барои чи гиря дорам. Мехохи гуям?
- Не, даркор нест! Аз ду сар манн он кадар маблаг надорам!
******
Зан ба шавхараш, ки рузи 8 – март барояш тухфае накардааст, мегуяд:
- Агар як калимаи дигар гуи, ба хонаи модарам меравам.
Мард хурсандона: Таксииииии!
******
Духтур ба мариз:
- Шумо бояд комилан аз кашидани носу сигор, нушидани машрубот, хатто пиво ва бозихои саргармкунанда, назири картаву блярд худдори намоед….
- Духтур, бехтараш росташро гуед, ин маслихатхоро завчаи манн ба шумо ёд дод?
Зан аз равоншинос мепурсад:
-Ман баъзан руз то шом, шом то субх дар назди шавхарам гап мезанам ё чизе мепурсам, аммо у хатто як калима чавоб намедихад. Ин ягон намуди касалии рухи аст?
-Ин касали нест, ин махорат аст, махорат!
******
Як марди олусбарои додхохи ба назди подшох омад. Подшох барои шунидани арзу дод он мардро изо додани шуда пурсид:
- Ба назари олусхо хар як чиз дуто менамояд мегуянд, хамн гап рост?
Олус дар хол чавоб дод:
- Хо, таксир! Масалан, хозир шумо дар назари манн чорпо менамоед!
******
Абдуллохон дар биёбони Карши сардобахо ва обанборхоро месохт, дехкононро мачбури кор мефармуд.
Рузе Абдуллохон дар вакти сохтани як сардоба либоси дехкони пушида дар миёни мардикорон даромад, то ки аз фикру андешаи онхо вокиф шавад ва агар хаёли шурише ва исёне дошта бошанд, пеш аз вакт хабардор гардад.
Абдуллохон дар вакти махфигари бо мардикоре хамсухбат шуда пурсид:
- Аз хамин кадар ташвишхои иморатсози ба Абдуллохон савобе хаст ё не?
Мардикор чавоб дод:
- Касе, ки ба иморат хишт дода бошад, хишташро мегирад, гач дошта бошад, гачашро мегирад. Абдуллохон хам хар чи дода бошад, хамонро мегирад.
- Абдуллохон ба ин иморат чихо дод, ки онхоро мегирад? – Гуфта боз пурсид Абдуллохон.
- У мардумро азоб дод, укубат дод, зулму бедодгари кард. Ана хаминхоро мегирад, - гуфт мардикор.
- Маро мешиноси? – Абдуллохон аз мардикор пурсид.
- Не.
- Ман Абдуллохон мебошам.
- Бисёр хуб, - гуфт мардикор ва худ пурсид:
- Шумо маро мешиносед?
- Не, - гуфт Абдуллохон.
- Ман як дехкони факире мебошам, ки дар хар мох се руз девона мешавам. Имруз навбати девонагии манн аст.
- Мардикор бо хамин тадбир аз чазо халос шуд.
******
Ятиме аз хучаинаш пурсид:
- Агар манн мурам, чи навъ мегуронед?
- Чи навъ мегурондам. Чор газ карбос мегираму кафан дузонда, мурдаатро ба вай печонда ба мазор мефиристонам, ба гуре метиконанду мемонанд-дия, - гуфт хучаин дар чавоб.
- Ин тавр бошад, - гуфт ятим, - биёед, дар вакти зиндагиам ба манн як курта-эзори карбос дузонда дихед. Баъд аз мурданам луч гуронед хам, майлаш.
Хоча Хофизи Шерози аз рохе гузашта истода буд. Дар пахлуи рох як хиштрезро дид, ки шеърхои уро галат хонда истодааст. Хофиз андак гуш карда истоду баъд якбора хиштхои рехта мондагии хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез уро дида тохта омаду аз гиребонаш гирифта дашном дод:
- Магар чашмат кур аст, ки рохро монда аз болои хиштхо мерави ва мехнати маро барбод медихи?
Хофиз хам гиребони уро махкам гиирфта гуфт:
- Магар ту девонаи, шеърхои хуни дил хурда навиштагии маро расво карда, галат мехони?!
******
Кассе аз Насриддин Афанди илтимос кард, ки барои у ба номи як дусташ хат навишта дихад.
Афанди пурсид:
- Дустатон дар кучо ва ин хатро ба кучо мефиристонед?
- Дустам дар Багдод аст, ки ин хатро хам хамин руз ба он чо мефииристонам, - гуфт он касс дар чавоб.
- Мебахшед, ки ман фурсати ба Багдодрави надорам, он чо бисёр дурр аст, - гуфт Афанди.
- Хатро дар хаминчо менависед, манн худам мефииристонам, ба Багдод рафтани шумо лозим нест.
- Агар ман ба кассе хат нависам, бояд хамрохи хат худам рафта хонда дихам, зеро каси дигар хати маро хонда наметавонад.
******
Содадиле дар рох мерафт, дар сари рох оиначаеро дида аз замин бардошта гирифт. Вакте ки оиначаро ба худ ру ба ру карда, акси худро дар он дид, хичолат кашида:
- Мебахшед, ин оинача аз они шумо будаасту манн бесохиб гумон карда гирифтам, - гуфт ва оиначаро ба чояш гузошта ба рохи худ давом кард.
******
Раиси шахр Мушфикиро дар кучо дошта пурсид:
- Намози намози бомдод чанд ракаат?
Мушфики гапашро гумм карда:
- Хашт ракаат, таксир… - гуфта фиристод. Раис ба одамонаш фармуд, ки Мушфикиро луч карда дах дурра бизананд. Мушфики дар зери шаллок дод мезад. Занаш, ки дар пушти дарвоза истода буд, гуфт:
Муред шумо мардаки бехуш! Охир чор ракаат гуед намешуд?
Мушфики занашро кохиш кард:
- Дам шав, занаки беакл, хашт ракаат гуфта-ку дах дурра хурдам, агар чор ракаат гуям, албатта, бист дурра мезананд, ки мурда мемондам!
******
Яке аз бойхо туй карду барои хабар кардани козикалон Мушфикиро фиристод. Вакте, ки Мушфики ба хавлии козикалон бе таклиф даромада омад, козикалон оташин шуда ба вай гуфт:
- Магар аз даргохи бой ягон одам ёфт нашудааст, ки барои хабар кардани ман ту барин харро фиристодааст?
Мушфики чавоб дод:
- Таксир, бойбобо хамаи одамхоро барои хабар кардани одамхо фиристоданду маро барои хабар кардани шумо!
******
Мушфики шабе аз як пасткучаи Бухоро гузашта истода дид, ки дар сари рох як маст хобидааст. Мушфики он мастро ин тарафт, он тараф гелонда диду шинохт, ки раиси шахр будааст.
Ба дахону биниаш боб карда се-чор лагад фуровард. Аммо маст хушёр нашуд. Баъд Мушфики салаю чомаи вайро кашида гирифту ба рохаш рафт.
Сахари раис хушёр шуда ба раисхона рафту ба мулозимонаш гуфт:
- Имшаб аз хона саллаю чомаи маро дуздида рафтаанд. Шумо дар кучаю бозорхом диккат карда гардед, хамон либосхои маро дар даст ё дар сару тани касс дида шиносед, хамон одамро ба пеши ман гирифта биёред!
Мулозимони раис дар кучахо гашта, ба ногох чашмашон ба Мушфики афтоду дар сару тани вай саллаю чомаи раисро шинохтанд ва уро кашолаю пуштора карда ба раисхона бурданд. Раис Мушфикиро дида дар газаб шуду дуг зад:
- Саллаю чомаи ман аз кучо ба ту муттахам расид?
Мушфики ба ороми чавоб дод:
- Таксир, аввал пурсиш, баъд кушиш гуфтаанд. Ман дина шаб аз фалон паскуча гузашта истода ба як маст вохурдам, ки дар сари рох ба хоку лой чулида хобидааст, се-чор лагад куфтам, хушёр нашуд. Охир саллаю чомаашро кашида гирифтам. Агар хамон маст шумо бошед, ин саллаю чома хам аз они шумо будагист, мархамат карда гиред!
Раис дид, ки аз ин гап шарманда мешавад, телба шуда гуфт:
- Не, не, ин саллаю чомаи манн набудааст, ба корат рафтан гир!
******
Ду милиса шахсеро кашолакунон ба шуъба оварданду сардор пурсид:
- Чи гунох кард?
Яке посух дод:
- Рафик сардор, калтаки манн дар сари ин лаънати шикаст.
******
Чавоне дар автобус пои мардеро пахш кард.м он мард ба чавони азимчусса нигариста, мулоимакак пурсид:
- Додарчон, Шумо рекетер не ми?
Чавон гуфт:
- Не, манн аз деха.
- Эй ахмак, поятро аз болои пои манн гир!
******
Суд дар чараёни мурофиа пурсид:
- Вакте ки хамсоя ангуштатонро газид, хушёр будед?
Чабрдида гуфт:
- Бале, манн тамоман хушёр будам ва «маро саг газид» гуфта бо тамоми овоз фарёд задам.
******
Зани як мансабдор занхои пахтачинро дар сахро дида гуфт:
- Ана кайф, руяшон аз «загарат» сип сиёх шудги.
******
Марде аз куча ба хона омад ва пойафзолашро дар пушти дар кашиду чуробхои аракшори ширешмонандаш ба фарши тахтагин часпиданд. Хушдоманаш ин холро дида гуфт:
- Домодчон, манн нагуфтам, ки чуроб дар пои Шумо хайф мешавад…
Хамсараш илова кард:
- О чуроб напушида ба кор равед, чи мешавад? Пойи Шуморо дар даруни пойафзол ки мебинад?
******
Мансабдоре, ки хамаи маводи хуроквориро ба хонааш бепул меоранд, дар як мехмони ба сухбати мардум гуш дода гуфт:
- Паника накунетон. Масалан, хонаи мо мисли пештара пур аз нозу неъмат. Шукр кардан даркор.
******
Модарони замони пеш мегуфтанд:
- Фарзандонам, падаратонро хурмат кунед. Падар барои шумо киблагох аст.
Занхои замони мо мегуянд:
- Хой бефаросатхо, шумо хам мисли падаратон ахмак!
******
Марде ба рафикаш гуфт:
- Имшаб манн аз хамсарам чудо шудам.
Рафикаш гуфт:
- Умрат ба xjt расидааст, андеша накарди?
Мард гуфт:
- Фрусати андеша нашуд. Вай беасл маро нимишаби ногахон бароварда пеш кард.
******
Муйсафеде аз як чавон пурсид:
- Чавони хуб, писари ки мешави?
Чавон бо гурур гуфт:
- Холабачаи раиси шахр.
- Сад хайф, ки чунин як чавони зебо падару модар надоштааст, - бо афсус кала чунбонд пирамарди зирак.
******
Падар:
- Хуршедчон, бехтараш, ба факултаи забон ва адабиёти Донишгохи давлати рав. Дар он чо хамаи устодон рафикони худам, ёри мерасонанд.
Писар:
- Не, додо, имтихонгир амаку тагои асли набошад, хатто Рудакиро аз иншо меафтонад.
******
Занаки чохлу бадгухар аз хоб баталвоса бархост ва гуфт:
- Хоб дидам, ки ба дарё афтодааму Шумо маро аз гарк шудан начот додаед.
Мард афсус хурда гуфт:
- Ман баъзан рафторхои ахмакона мекунам.
******
Касе аз депутат пурсид:
- Шумо дар ин чор соли вакили халк буданатон ягон бор ба назди интихобкунандагонатон рафтед ё не?
Депутат гуфт:
- Не, метарсам.
Боз пурсид:
- Аз чи метарсед?
Депутат гуфт:
- Аз ваъдахои дуругам.
******
Хабарнигор аз депутат пурсид:
- Шумо дар давраи вакилиатон чи корхоро анчом додед?
Депутат гуфт:
- Дар арафаи интихобот калушбурдам.
Хабарнигор боз пурсид:
- Хуш, боз кадом корхоро ба субут расондед?
Депутат гуфт:
- Баъд калуш кимат шуд.
******
Марде дар тан пичаки лахт лахти дарбеххояш овезон дар ошхона таом хурд. Чун пешхизмат барои хисоби омад, мард кисахояшро даст даст карда гуфт:
- Мебахшед, хонум, пулам дар кисаи пичаки кухнаам фаромуш шудааст.
******
Хамшираи тибби ба мудири шуъба арз кард:
- Бемор Ахроров гурехт.
Мудир боасабоният гуфт:
- Як бемори сертухфа доштему он хам аз даст рафт!
Додгустар аз мучрим пурсид:
- Магар Шумо намедонед, к ибо табар задании зан одати зарарноки боиву феодалист?
Сафедкунанда аз чояш бархост ва гуфт:
- Аз суд хохиш дорам, ки дар ин маврид табари сохти шурави буданашро ба назар гирад.
******
Часади хабаркашеро ба хок супориданду аз руи одат аз хозирон пурсиданд:
- Муллокарим чи хел одам буданд?
Як касс аз чояшбархост ва гуфт:
- Худорахмати одами хуб буданду акнун чояшонро ёфтанд.
******
Мошини «Ёрии таъчили» дертар омаду бемор аз сактаи калб вафот кард. Духтур ба сари майит омада, дафтарашро кушоду пурсид:
- Бемор пеш аз маргаш арак кард?
Хамсараш гуфт:
- Рахмати чунон аракшор шуд, ки курпачахоро тар кард.
Духтур гуфт:
- Арак кардан ба саломатиаш бисёр фоида дорад.
******
Марде самбусаи пури пиёзро хурда, ба самбусапаз гуфт:
- Ку вичдон?
Самбусапаз ба маънии гап сарфахм нарафта, гуфт:
- Рости, ука, раисамон хама чизи ба анбор омадагиро ба чаллобхо медихад, ба мо, пазандахо, хеч чиз намерасад.
******
Масчохие дар автобус рост меистод. Хамин дам як чавони дар тан чомаи сабз аз чояшбархоста, носашро ба берун туф кард. Масчохии зирак аз фурсат истифода бурда, зуд ба xjb он чавон нишаст. Чавон, ки аз ахли такво буд, ба масчохи гуфт:
- Дар хусуси шумо баринхо дар «Чахоркитоб» чи фармудаанд?
Масчохи гуфт:
- Фармудаанд, ки муллотароши беадаб, ки аз чох ест, фавран чояшро гиред.
******
Чабрдида ба шуъбаи милиса занг зада гуфт:
- Ало, ин чо милиса аст? Дуздхо гови маро ба мошин б ор карда бурданианд, тезтар биёед.
Милиса дар чавоб гуфт:
- Бачахо обед рафтаги. Ариза навишта, пагохи барвакт ин чо хозир шавед. Боз дер накунед, ки дуздхо гурехта нараванд…
******
Марди солхурда ба рафикаш гуфт:
- Ман ба янгаат бори аввал изхори мухаббат карда, «Туро дуст медорам» гуфтам.
Рафикаш бо хушхоли гуфт:
- Кори хуб карди, занхо навозишро дуст медоранд.
Марди солхурда гуфт:
- Нимишаби, хангоме ки маро аз хона бароварда пеш мекард, хамин хел номарди кардам.
******
Марди бадгухаре дар Масчох мурд. Як хешаш ба назди хатиби масчид омада, бо илтичо гуфт:
- Таксирам, агар дар чанозаи хеши мо пеш гузаред, сарамон ба осмон мерасад.
Хатиби масчид, ки одами шухтабъ буд, гуфт:
- Худо мегуем, ки ин хел мурдахо бештар шаванд, хондани чанозаашон ба гардани мо.
******
Зане аз шавхараш чудо шудан хосту дугонааш уро насихат кард:
- Ту акаллан хотири фарзандонатро намебини?
Зан ба зарда гуфт:
- Э, ин шавхари манн занакбоз аст ва шубха мекунам, ки бачахоям аз вай бошанд.
******
Дар боги як нохия шохи дарачт болои хайкали Ленин афтода, дасти онро шикаст. Фаъолон дарак карда, аз ким кучое мучассамаи дигари дохиро ёфта, дасташро бурида оварданду шабона насб карданд. Пагохи котиби якуми кумитаи хизбии нохия бо фаъолон ба дидани мучассамаи эхё шуда омаданд. Яке ба мучассама зехн монда гуфт:
- Ачиб, дохи хам дар сараш фуражка дораду хам дар дасташ.
******
Раиси Шурои Оли дар рафти сессия ду даст пеши бар гирифта, аз депутатхо узр мехост ва онхоро ба ороми даъват мекард. Пирамарде инро аз телевизор дида мегуяд:
- Мо ку бечора, вале Раиси парлумонамон аз мо хам бечоратар будаанд-дия.
******
Беморро ба хонаи чаррохи мебурданд чаррох уро тасалло медод:
- Тагочон, натарсед, наход аз дувоздах амалиёти дар ду мох гузаронидаам хамин сенздахумаш хам зинда намонад.
******
Падари раиси шахр мурду раиси хочагие сарашро ба деворхо чанг андохта мегуфт:
- Эй падари мехрубон, маро ба ки монда, аз ин дунё мерави?
Яке аз хозирон охиста ба гушаш гуфт:
- Саратонро эхтиёт кунед, модари пирашон хам дар дами марг.
******
Чаррох аз навбатдори беморхона пурсид:
- Имруз чаррохии мураккаб хаст?
- Оре, - чавоб дод навбатдор, - як касс зери чархи мошин мондаасту як мард ба кори занаш каме эрод гирифтааст.
Муфаттиш аз гунахкор мепурсад:
- Ин кордро шинохти?
Гунахкор мегуяд:
- Ха, шинохтам.
- Пас, ту ба гунохат икрори?
- Охир, ин кордро се мох боз хар руз ба манн нишон медихед. Албатта, онро мешиносам, - мегуяд гунахкор бо тамасхур.
******
Ибтидои солхои 50-уми асри ХХ раисе бо хамрохии котиби дуюми кумитаи хизбии нохия ба хонааш меомад. Хамин дам падраи раис дар гушаи бом ба азонгуи сар кард. Котиб аз раис пурсид:
- Старик что поёт?
Раис гуфт:
- Колхозработ, колхозработ поёт.
Котиб хурсанд шуда гуфт:
- Очень хорошо, пусть поёт.
******
Як мансабдор бемор шуду беморбинхо турнакатор ба хонааш омадан гирифтанд. Ин холро дида, хамсараш маслихат дод:
- Мардак, чойи Шумо шифохона. Холо дар байни мардуми мо бемори хонагиро бо турхалта хабар гирифтан расм нашудааст.
******
Як вазир ба устохонаи хаёти омада, палто фармоиш дод. Усто хангоми гирифтани андоза пурсид:
- Кисаатонро ба чи шакл дузонам?
Хамсари вазир, ки он чо хозир буд, ба чойи шавхараш посух дод:
- Ба вазирхо киса чи лозим? Онхо аз кисаи корафтодахо мехуранд.
******
Як рохбари чумхури ба ёвараш супориш дод, ки барои 45 дакика маъруза нависад. Хондани маъруза якуним соат давом кард. Баъди мачлис рохбар ёварашро сарзаниш кард. Ёвар бо сари хам гуфт:
- Ман барои 45 дакика маъруза тайёр карда будам. Шумо сахван хам нусхаи якум ва хам нусхаи дуюмро хондед.
******
Масчохие дар магоза навбат меистод.марде пеш омад ва гуфт:
- Холо нгавбати манн.
Масчохи хайрон шуда пурсид:
- Чаро навбати ту будааст?
Он мард гуфт:
- Ман иштирокчии чанг!
Масчохи оташинона посух дод:
- Ту чор сол чанг карда боши, колри манн тамоми умр чанг аст. Сониян, агар ту дар сари Гитлер ба лагад зада боши хам, биллох, ки навбатат намедихамат!
Дар назди собик прокурори чумхури Михайлин шахрванде гуфт:
- Ду сол боз бегунох дар хабс нишастам, боз ба чи чурме маро гунахкор кардани хастед?
Михайлин гуфт:
- Маро аз марказ барои бегунох кардани шумо нафиристодаанд!
******
Дар дехаи Замчруди Варзоб Сека бустонсарои зебое дошт. Боре зани як котиб ба шавхараш шикоят карда гшуфтааст:
- Овози «барану козёлхо» безорам карданд. Баъди ин вокеа рохи подаро дигар карданду як замчруди шукргузори намудааст:
- Хайрият, ки хангоси хар ба зани калон маъкул шуд, вагарна, бе наклиёт мемондем.
******
- Азизам, имруз бароят як мошинаи чомашуи харида меорам, - мегуяд шавхар.
- Модарам меояд гуфта будед ку… он касс, ки биёянд, мошинаи чомашуи чи даркор? – посух мегардонад зан.
******
Пирамарде шукр карда мегуфт:
- Дар адолати давлатамон гардам. Баъди се соли хабс бегунохии писарамро исбот карда, аз махбас чавоб доданд.
Марде савол дод:
- Чи чойи шукрона аст, ки писаратонро се сол бегунох дар хабс шинондаанд?
Пирамард табассум карда гуфт:
- Холо ин дарди бахайр. Худи ман дах сол дар хабс бе гунох шишта, баъд баромадам.
******
Дар сухбате гап дар хусуси хоксори мерафт. Як нафар бо ифтихор гуфт:
- Хамин раиси нохияаамон чунон хоксор аст, ки аз бандчаи пули як сомона хам heq намегардонад.
******
Марди савдоие ба рафики девонавзояш гуфт:
- Медони, ба чойи Ленин хайкали маро мегузоранд.
Дигари гуфт:
- Зинхор рози нашав, ки боз афтонда, саратро мешикананд.
******
Зане одати ачиб дошт: хешони шавхараш ба мехмони оянд, зуд худро бемор вонамуд мекард ва нолиш кардан мегирифт. Рузе бародари шавхараш аз деха омад ва найранги янгаашро дида, рафтани шуд. Янгааш бо овози ларзишнок гуфт:
- Ба кишлокангихо салом гуед, боз биёед.
Бародари шавхараш гуфт:
- Иншоаллох, ба кариби ба чаноза бисёри шуда меоем.
******
Кампири Нодирамох вафот кард. Шавхараш бобои Азим навха кашида мегуфт:
- Нодирамох, хез, ки аз занхои деха кассе чойи туро гирифтани нест.
Писари муйсафед дар гуши падараш гуфт:
- Ин хел нагуед, занхо рафта истодаанд.
- Право накун, писарам, ба чойи модарат мешудаги истодан мегирад, - фахмонд муйсафед.
******
Зан ба шавхар гуфт:
- Мард дар хона шох асту зан вазир. Бинобар ин пул бояд дар дасти вМард гуфт:
- Шохи бепулро ба сарат мезани?
******
Як раис ба дусташ шикоят кард:
- Таънаю маломат, дашному лаънат ва гапу калочаи мардум чунон ба чонам расондаанд, ки мехохам худкуши кунам.
Дусташ насихат кард:
- Худкуши гунохи азим аст. То куштани мардум токкат кун.
******
Шахсе дар холати чонкани чапак мезад. Мулло аз хамсараш пурсид:
- Хамшира, ин харакатхои ачоиби шавхарат чи маъни доранд?
Зан гуфт:
- Шавхарам солхои охир муовини раиси шахр буданд. Дуъохонии Шуморо баромади раис гумон карда, аз руи одат чапак мезананд.
******
Шахсе бемори сактаи калб шуду писараш уро тасалли дода гуфт:
- Падарчон, худро эхтиёт кунед, ки холо нархи як гов ба хазор сомони расидаги.
******
Кисабур даст ба кисаи марде дароварда, ба хотири парешон кардани хуши у пурсид:
- Амак, соат чанд?
Он мард гуфт:
- Дастатро аз кисам барор, ки манн соати кисаги дорам.
******
Милиса аз кисабур пурсид:
- Кай аз хабс баромади?
- Хамин руз – чавоб дод у.
- Хамин руз баромадию боз дузди карди?
- Дасти холи ба хона наравам гуфта, - чавоб гардонд кисабур.
******
Милиса ба коркуни комбинати гушт гуфт:
- Шарм надошти, ки пои говро яклухт бароварди?
- Шарм кардам, лекин барои баровардани гови бутун зурам нарасид.
******
Дузди солхурда шикоят кард, ки давлат ба у нафака намедихад.
Афанди ба у чунин посух дод:
- Хар хел дузди майда-чуйда садкаи нафака шавад. Барои нафакаи давлати гирифтан, дузди давлати шудан даркор.
******

Комментарии

Комментариев нет.