Илму дониш моли гумкардаи мусалмон аст.

Бенҷомен Толел,ки соли 1173-юми милодӣ вафот намудааст,дар бораи пешрафти мусалмонон дар соҳаи илму дониш чунин менависад:"Ман дар шаҳри Искандария бист омӯзишгоҳро дидам,ки фаъолият мекарданд. Илова бар ин омӯзишгоҳҳои умумие,ки дар шаҳрҳои Бағдод,Қоҳира,Тулайтила,Қуртуба ва ғайра доир буданд,донишгоҳҳои дигаре низ вуҷуд дошт,ки дар онҳо озмоишгоҳ,расадхона,китобхонаҳои бузург ва таҷҳизоти илмӣ вуҷуд дошт. Дар ин донишгоҳҳои исломӣ тамоми улум тадрис мешуд ва ҳамаи васоили таҳсил,аз қабили либос,ҷои хоб, китоб,коғазу қалам ва беҳдошт барои донишҷуён ба таври бепул дода мешуд.
Мистер Ҷей Лостронж дар китоби" Бағдод дар замони хулафои аббосӣ-и худ менависад:"Донишгоҳи Мустансирияи Бағдод сохтмони бисёр бошукӯҳ,зебо ва васее дошт ва бо шароити олие муҷаҳҳаз сохта шуда буд,ки назири он дар ҷаҳони Ислом дар он рӯз дида намешуд. Ин донишгоҳ чаҳор мадрасаи алоҳида дар бораи ҳуқуқ дошт ва дар ҳар мадрасаи он 75- шогирд таҳсил мекард. Онҳоро як устоди доимӣ ба таври маҷҷонӣ дарс медод. Устодони он мадрасаҳо моҳонаи муайяне доштанд ва илова бар ин,ба ҳар шогирд низ ҳар моҳ як динор тилло моҳона дода мешуд.
Ҳамчунин донишгоҳи номбурда ошпазхона дошт ва ба ҳамаи шогирдон ва устодон рӯзона ба миқдори муайяне нон ва гӯшт медод. Он донишгоҳ ҳаммом ва бемористони махсусе низ дошт ва табиби бемористон ҳар субҳ аз донишгоҳ боздид ба амал меовард ва барои беморон нусхаи дору менавишт. Анбори донишгоҳ аз маводи хӯрока, чизҳои ошомиданӣ ва дору пур буд. Бояд ин воқеиятро дар назар гирифт,ки мусалмонон ба ин ҳама пешрафт ва васоили омӯзишӣ дар ибтидои асри сездаҳуми милодӣ расида буданд".
Ба нақли аз китоби "Мероси Ислом ", саҳ. 230
Халифаи муқтадири аббосӣ, Ҳорунаррашид дастур дода буд,ки дар канори ҳар масҷид мадраса ва омузишгоҳе низ бино намоянд.
Дар болои дарҳои донишгоҳҳои кишвари Андалус (Испониё)ин ҷумлаҳои зебо навишта шуда буд:" Ҷаҳон бар чаҳор чиз пойдор аст: дониши донишмандон, адли подшоҳон,дуъои некон ва мардонагии диловарон".
Танҳо дар кишвари Андалус(Испониё)-и исломӣ ҳафтод китобхонаи умумӣ вуҷуд дошт. Дар шаҳри Қуртуба дар китобхонаи Алҳокими дуюм 600 000 ҷилд китоб мавҷуд буд,ки 44-ҷилди он феҳраст ва номгӯи китобҳои китобхонаро ташкил медоданд. Ин дар ҳолест,ки Шорли оқил 400-сол баъд китобхонаи давлатии Парижро таъсис дод ва пас аз заҳмати зиёд тавонист ҳамагӣ 900-ҷилд китоб дар он ҷамъоварӣ намояд, ки аксари онҳоро китобҳои динӣ ташкил медоданд.
Дар китобхонаи Байтулҳикмати Бағдод чор миллион,дар китобхонаи салтанатии Қоҳира як миллион ва дар китобхонаи шаҳри Тароблуси Шом се миллион ҷилд китоб мавҷуд буд. Дар кишвари Андалус (Испониё)солона ҳудуди 70-80 ҳазор китоб омода мегардид.
Нақл аз китоби " Таърихи тамаддуни Ислом",ҷ. 3,саҳ 318.

Комментарии

Комментариев нет.