Илму дониш нурест...

Халифа Маъмун соли 215-уми ҳиҷрӣ маркази илмӣ ва анҷуманеро дар Бағдод бо номи Байтулҳикмат таъсис дод,ки бо як расадхона ва китобхонаи умумӣ муҷаҳҳаз буд. Халифа барои ин кор дусад ҳазор (200000) динор зари сурх,ки ба шашсад кило тилло баробар аст,сарф кард. Гурӯҳе аз донишмандон ва мутарҷимони варзидаро,ки ба забонҳои дигар ва донишҳои гуногун ошноӣ доштанд,ба кори тарҷима ва таҳқиқ сафарбар намуд ва барои онҳо аз байтулмоли давлат моҳонае муқарар намуд.
Вел Дюронт дар ин бора менависад:" Наздик буд Маъмун байтулмол (хазонаи давлат) ва Байтулҳикматро варшикаста намояд, зеро ба Ҳунайн ба вазни ҳар китобе,ки тарҷима мекард, тиллои холис медод".
Ин намунаҳо ба хубӣ нишон медиҳанд,ки Ислом то чи андоза дини илму дониш ва маърифатпарварӣ мебошад ва фарзандони он аз халифа то мусалмони одӣ дар роҳи шукуфоии зиндагии мардум,ҳамагонӣ шудани илму дониш ва пешрафти ҷомеаи башарӣ аз ҳеҷ чизе дареғ наварзидаанд.

Комментарии

Комментариев нет.