оши Худои, серузагиСавол:Ассалому алайкум варахматуллох Домло! Илтимос азруи Куръону аходис ба инсаволам чавоб дихед ки бахамма мусалмонони Точикистонзарур аст::: Имрузхо пас аз маргинафаре маросимхое хаст китанхо дар Точикистон хаст чун:Сартахтаги, душанбеги,панчшанбеги, хафту чилу солудусолу сесол ва г. Оё ин аз Исломаст?? Магар рузхои Душанбевупанчшанбе Паёмбар(с.а.в.с) рузамедоштанд ва ё маъракамегаштанд? Баъзе домлохомегуян ки касе ки пеши рохи инмаъракахоро мегирад беэмон аст!Баъзеи дигар мегуянд ки хамонрузхо маърака кунед(яъне хамондушанбе, панчшанбе,хафтрузаги, чилу солу сарисол)ва аммо номашро иваз кунед!Баъзехош мегуянд ки хаминаслан мусалмони дарТочикистони мост ва моросткортаринем. Оё ин дурустаст? Оё шарт аст ки хамон рузхонон тииву гуи ки ба нийятипадар, бародар, модар ва ёдигару дигар? Оё нийятХолисанЛиллох бояд набошад?Мисол ки Нони Худои тиивусавобашро барои тамомигузаштагон гуи- ё шарт аст бароифалони ё фалони гуи?????Домлои мухтарам Илтимос азКуръону аходис мисолхо оред кибарои майитхо чи маърака шартаст? Оё нафаре ки пул надорадшарт аст чунин маърака кунадкарз карда? Оё бе тарака молимайитро сартахта кардан, ба каседодан мумкин аст? Илтимосякчанд маротиба менависемучавоб нест ки нест.Саволкунанда: СадриддинҶавоб:Ва алайкумуссалом вараҳматуллоҳ. Бародари исломӣ!Аввал ин, ки Паёмбари акрам (с)бар рузаҳои душанбе вапанҷшанбе мудовамаӣнадоштанд. Яъне он рузҳоро басурати доимӣ, ва бидуни тарк рузанамедоштанд. Балки гоҳе рузамегирифтанд, ва гоҳе таркмекарданд.Агар рузаи эшон дар рузҳоидушанбе ва панҷшанбе доимӣмебуд, онгоҳ ҳукми у воҷибмегашт. На мустаҳаб ва ҳоло он, кикасе аз фуқаҳо онро воҷибнагуфтааст. Балки ҳама баристиҳбоб ва мустаҳаббии он қоилҳастанд. Ҳар шахсе он рузаробидорад аз Худо (ҷ) савоб дарёбмекунад. Ва агар надорад маъсиятва гуноҳе барояш навиштанамешавад.Сониян бидон, ки суннатиРасули акрам (с), ки яке азсарчашмаҳои аҳкоми шариъат аст,ба ду қисм тақсим мешавад:Яке – суннати феълӣ. ва онаъмолест, ки Паёмбари Худо (с)онро амалан анҷом додаанд.Дуввум – суннати қавлӣ. Ва онаъмол ва ақволест, ки он Ҳазрат (с)бо калом ва сухани мубораки хешба машруъияти он умматро ҳидояткардаанд. Садақа додан дар роҳиХудо (ҷ) ба хотири шод карданиарвоҳи гузаштагон, ба суннатиқавлӣ машруъ ва собит гаштааст.Бинобарин бо иттифоқи аимма вафуқаҳои чаҳор мазҳаб – Ҳанафӣ,Шофиъӣ, Ҳанбалӣ, Моликӣ савобва аҷри садақа ва хайру иҳсон,мисли савоби ҳаҷҷ ва дуъоуистиғфор ба руҳи амвот вагузаштагон мерасад. Дар инмасъала ихтилофе байни онҳовуҷуд надорад.Далели эшон барои исботи инматллаб ҳадисҳои зиёде аст, ки мобарои намуна баъзе онҳоро зикрмекунем:1. Модари муъминон ҳазратиОиша разияллоҳу ъанҳо ривоятмекунад: Марде аз Паёмбари Худоалайҳиссалом суол мекунад: АйРасули Худо! Модарам ногаҳонбидуни васият вафот карданд. Багумонам агар Худо барояшфурсати сухан гуфтан медод,ҳатман маро ба садақа доданвасият мекард. Имруз агар манбарояш садақае бикунам, оё аҷрусавоби он ба эшон мерасад?Ҳазрат дар ҷавоби он мардфармуданд: Оре, мерасад.(РивоятиБухори ва Муслим)Дар ривояти дигари Бухори, исмион мард Саъд ибни Убода (р)омадааст. Эшон баъд аз гирифтанипосух аз ҷониби Паёмбари Худобоғи худро ва дар ривояти имомАҳмад чоҳи худро садақаи ҷориябарои модар карданд.2. Дар ҳадиси дигаре ҳаминсуол дар мавриди марги падаромада аст: саҳобие пурсид: АйРасули Худо! Падарам бидунивасият вафот карданд. Оё эшон судва манфиъате мебаранд, агарбарояш садақа кунам? РасулиАкрам (с) дар ҷавоб фармуданд:Оре. (Ривояти Муслим)3. Анас ривоят мекунад: Шахсеаз Паёмбари Худо пурсид: Мобарои мурдагон (вагузаштагон)амон садақа, дуо ваҳаҷҷи бадал мекунем, оё савобуаҷри ин амалҳои солиҳ ба руҳиэшон мерасад? Ҳазрат фармуданд:Оре, мерасад, ва эшон аз инҳадияҳо хушҳол мешаванд.Ҳамонгунае, ки шумо (зиндаҳо) азтабақҳои ҳадиякардаи дустонатонхушҳолу хурсанд мешавед.(Ривояти Абудовуд).Ҳамон тавре, ки мебинем дарривоятҳои мазкура навъи садақааз ҷониби Соҳиби шариъат (с)мушаххас ва муайян нашуда аст,ки бояд садақа фақат ба суратисадақаи ҷория буда, ва ғайри онҷоиз намебошад. Балки садақадар аҳодиси гузашта ба сурати омва мутлақ зикр шуда аст. Паскасоне, ки садақаро хосс басадақаи ҷория мекунанд, ванавъҳои дигари садақаро, ба вижатаом доданро, ки он навъе азсадақа аст, инкор мекунанд, ва ёбидъат ва ҳаром мехонанд, далелимухассис (хоскунанда) вамуҳаррим (таҳримкунандаи)–иэшон чист, ва кадом аст? Даркадом ҳадисе Паёмбари Худо (с)гуфтаанд, ки садақа фақат бояд басурати садақаи ҷория бошад, вағайри он ҷоиз нест? Ба вижа, ОнҲазрат (с) дар кадом ривоятесадақа ба сурати таом доданронаҳй кардаанд?Аммо навъи садақае, ки Саъдибни Убода дар ҳадиси болоихтиёр намудаанд, ва боғ ва ёчоҳи худро барои модар садақакарданд, он танҳо бар афзалиятинавъи садақаи ҷория далолатмекунад. На бар таъйини он, ватаҳрими ғайри он. Умуман садақадар истилоҳ ва қарордоди уламоидин иборат аст аз: Додани чизе банияти қурбатан ЛилЛоҳ, (наздикиҷустан ба Худо) ва ба умедитаҳсили аҷру савоб аз ҷониби У.Ва он шаклҳо ва навъҳоимухталиф дорад. Албаттабеҳтарин навъи он садақаи ҷорияаст, ки ба он ишора кардем.Садақаи ҷория ду вижагӣ дорад,яке он, ки умри тулонӣ ва дароздорад. Дигар ин, киоммулманфиъат аст. Яънеманфиъат ва фоидааш доим баоммаи мардум мерасад. Мисли боғва ё чоҳе, ки Саъд ибни Убодабарои модар садақа карданд. Вамонанди он: бунёди масҷидумадорис, беморхона, ятимхона ванашри китобҳои илми – динӣ вадунявие, ки ба нафъи ҷомиъа вамардуми мусалмон аст, таъмир васохтани пул (купурук) ва роҳ вакандани чоҳ ва сохтани неругоҳикучаки барқӣ ва амсоли он.Шайх Саъди шерозӣ садақаиҷорияро бо ибораи хайри равонтарҷума карда, дар фазилати онфармуда аст:Аз он кас, ки хайре бимонад равон,Дамодам расад раҳматаш барравон (руҳ).Намурд он, ки монад пас аз вай баҷой,Пулу масҷиду хону меҳмонсарой.Ҳар-он к-у намонд аз пасаш ёдгор,Дарахти вуҷудаш наёвард бор.Ва-гар рафту осори хайрашнамонд,Нашояд паси маргаш Ал-ҳамдхонд. (Бустон)Инчунин садақа метавонад басурати нақдина ва пул бошад, киба мардум дода мешавад. Ва низҷоиз аст ба сурати итъоми таъом,яъне таъом додан ба мардумбошад, ки Паёмбар алайҳиссаломдар ривояте таъмо доданро яке азхислатҳои хуб ва баҳтаринимусалмон хондаанд. Ва дар ҳадисисаҳиҳи дигаре онро яке азнишонаҳои қабул ва пазируфташудани Ҳаҷҷи мабрур гуфтаанд.(рив Аҳмад) Аллоҳ (ҷ) дарҚуръони азимушшаън низбандагонашро ба итъоми таомташвиқ ва тарғиб кардааст. (сурАл-инсон ояти 8)Садақа аз назари ҳукм низ баду қисм тақсим мешавад:1. Садақаи фарзӣ ва воҷиба, киадо кардани он лозим ва ҳатмӣаст. Мисли закот, ушр, садақаифитр ва назр... Масриф вамустаҳиққи садақаи воҷиба танҳофақирон, бенавоён, қарздорон,мусофирон ва онҳое, ки дар ояти60 сураи Тавба мазкур аст,мебошад. Дар сурати адонакардани садақи воҷиба,мусалмон гануҳгор мешавад.2. Садақаи ғайри воҷиба, кидодани он ҳатмӣ набуда, балкимустаҳаб ва ихтиёри аст. Назирисадақаҳои нофилае, ки ғайр аззакоту ушру назр... дода мешавад.Садақа ва хайру эҳсоне, ки бароиамвот ва гузаштагон кардамешавад, аз навъи садақаи нофилава ғайри воиба аст. Ва дар суратинадодани он, банда гунаҳкорнамешавад. Танҳо аз савобисадақа маҳрум мемонад.Мустаҳиққи садақаи нофила вағайри воҷиба ҳар шахсеметавонад бошад. Ҷоиз аст фақир,ғани, болиғ, ноболиғ ва ҳаттокофир бошад.Хулосаи баҳсДар расидани савобу аҷрисадақаи нофила ба арвоҳигузаштагон ва хушҳол шуданиэшон аз он, ҳеҷ ихтилофе байнифуқаҳои мазоҳиби чаҳоргонавуҷуд надорад.Ҳамон гунае, ки гуфтембеҳтарин навъи садақа бароиамвот ва гузаштагон ин садақаиҷория аст.Садақа додан ба суратиитъоми таъом (таъом додан), кидар диёри мо онро садақа ва ёоши худои мегуянд, ва аз Худохостан, ки савобу аҷри онро,ҳамчун ҳадияе аз ҷонибибозмондагон ба руҳи гузаштагонбирасонад, аз назари шариъатимуқаддаси ислом ишколе надорад,ба шарте, ки умури зайл дар онриоят шавад:1. Бояд мусулмонон баргузорнамудани меҳфили садақа вахайру эҳсонро як амри ҳатмӣ вавоҷиби динӣ иътиқод накунанд.То андозае, ки барои баргузорнамудани он аз дигарон қарзбигиранд, ва ё луқмаи даҳонифарзандонашонро сарфи оннамоянд. Зеро уламо гуфтаанд:Лозим (ва воҷиб) донистани чизе,ки шариъат онро лозимнагардонида аст, як навъ бидъатаст. Дар ҳоле, ки ҳукми садақадодан ба хотири шод гардониданируҳи гузаштагон аз истиҳбоб болонест. Яъне амали мустаҳаб буда,дар тарки он гуноҳу маъсияте нест.2. Зиёфати оши садақа аз молимайит ва ё аз ҳисоби хешовандониназдики майит дар муддати се рузиаввали мусибат набошад. Чуноне,ки ин навъи зиёфат бо исми ошисари тахта дар баъзе манотиқиТоҷикистон машҳур аст.Ҷумҳури фуқаҳои мазоҳибиарбаъа, ба вижа фуқаҳои ҳанафӣонро макруҳ, бидъат ва ҳатто, агараз ҳисоби ҳаққи вориси сағир ваноболиғ бошад, ҳаром гуфтаанд.3. Барои додани оши ва ё нонисадақа вақт ва рузи муайян таъйиннанамоянд. Мисли фақат рузҳоидушанбе, панҷшанбе ва ёсерузагӣ, чиҳил рузагӣ ва ё сарисол ва рузи вафот ва монанди он.Зеро таъйин намудани ин рузҳобарои садақа ва оши Худои аслишаръӣ надорад, балки фуқаҳоонро бидъат гуфтаанд.Охирсухани мо ин аст: Касоне,ки садақаи таъомӣ ва ё ошиХудоиро мутлақан ва кулланҳаром ва бидъат мехонанд, бароҳи хато ва иштибоҳ рафтаанд.Ва инчунин касоне, ки онро воҷибва ҳатмӣ медонанд, ва бароитаъом додан рузҳои хос – мислидушанбе, панҷшанбе, се, ҳафт,чиҳил ва ё сари сол ва рузивафотро муқаррар намуда ва доимдар ҳамин рузҳо садақа дода вадар ғайри рузҳои мазкура таъомдоданро ҷоиз намедонанд, – низбар роҳи хато ва нодурустрафтаанд.Пас роҳи саҳиҳ ва дурустисадақа додан барои гузаштагон инаст, ки ҳар шахсе қудрат ватавоноии молӣ дошта бошадмухайяр аст, на маҷбур, агарбихоҳад метавонад баъд аз се рузимусибат, ҳар рузе, ки хоҳад нафақат рузҳои душанбе вапанҷшанбе, балки гоҳе сешанбева чоршанбе ва гоҳе дигар рузҳо,ва дар ҳар моҳу соле, на танҳосоли аввал, балки то охири умр –нони садақа ва оши Худоӣбидиҳад.Вале афзал ва беҳтар он аст, кигоҳе ба навъҳои дигари садақа,мисли садақаи ҷория ва садақаинақдӣ, ба сурати пул баниёзмандон низ амал намояд. Вадоим ба оши Худоӣ доданмудовамат нанамояд.Дар фарҷоми сухан мехоҳамхонандагони азизро барои шодкардани руҳи гузаштагон баҳадияе далолат бикунам, ки хелоосон ва арзон ва бидуни харҷутаклиф аст: Аз имом Авзоъӣ (р), кияке аз аиммаи салаф ва муосириИмом Аъзам аст, пурсида шуд: Оёшумо барои амвот (мурдагон) вагузаштагон дуо ва истиғфорробеҳтар медонед ва ё садақадоданро? Эшон дар ҷавоб мислибаъзе навмуллоҳои замони монагуфтанд, ки садақа доданмутлақан бидъат ва ҳаром аст,балки чунин фармуданд: Ман ҳеҷҳадияеро барои эшон бо дуо ваистиғфор баробар намедонам(Яъне дуо кардан ва барои эшоназ Худо омурзиши гуноҳ хостанбеҳтар аз садақа додан аст).Оре, дуо ва истиғфор бароигузаштагон ҳадияест, ки зикри ондар Қурьони азимушшаън низомада аст, ва он ин аст: Худоё морова муъминонеро, ки пеш аз могузаштаанд биёмурз! Ва дардилҳои мо нисбат ба ҳеҷ муъминеҳасад ва кина қарор мадеҳ. (СураиҲашр ояти 10) Худо нигаҳбонатонбошад.Ҷавобдиҳанда: Эшони Маҳмудҷон
мухлисони эшони Нуридинчон ва шогирдонаш
Ҳукми ҳафт, чил, сол, сартахта,
оши Худои, серузаги
Савол:
Ассалому алайкум ва
рахматуллох Домло! Илтимос аз
руи Куръону аходис ба ин
саволам чавоб дихед ки ба
хамма мусалмонони Точикистон
зарур аст::: Имрузхо пас аз марги
нафаре маросимхое хаст ки
танхо дар Точикистон хаст чун:
Сартахтаги, душанбеги,
панчшанбеги, хафту чилу солу
дусолу сесол ва г. Оё ин аз Ислом
аст?? Магар рузхои Душанбеву
панчшанбе Паёмбар(с.а.в.с) руза
медоштанд ва ё маърака
мегаштанд? Баъзе домлохо
мегуян ки касе ки пеши рохи ин
маъракахоро мегирад беэмон аст!
Баъзеи дигар мегуянд ки хамон
рузхо маърака кунед(яъне хамон
душанбе, панчшанбе,
хафтрузаги, чилу солу сарисол)
ва аммо номашро иваз кунед!
Баъзехош мегуянд ки хамин
аслан мусалмони дар
Точикистони мост ва мо
росткортаринем. Оё ин дуруст
аст? Оё шарт аст ки хамон рузхо
нон тииву гуи ки ба нийяти
падар, бародар, модар ва ё
дигару дигар? Оё нийят
ХолисанЛиллох бояд набошад?
Мисол ки Нони Худои тииву
савобашро барои тамоми
гузаштагон гуи- ё шарт аст барои
фалони ё фалони гуи?????
Домлои мухтарам Илтимос аз
Куръону аходис мисолхо оред ки
барои майитхо чи маърака шарт
аст? Оё нафаре ки пул надорад
шарт аст чунин маърака кунад
карз карда? Оё бе тарака моли
майитро сартахта кардан, ба касе
додан мумкин аст? Илтимос
якчанд маротиба менависему
чавоб нест ки нест.
Саволкунанда: Садриддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ!
Аввал ин, ки Паёмбари акрам (с)
бар рузаҳои душанбе ва
панҷшанбе мудовамаӣ
надоштанд. Яъне он рузҳоро ба
сурати доимӣ, ва бидуни тарк руза
намедоштанд. Балки гоҳе руза
мегирифтанд, ва гоҳе тарк
мекарданд.
Агар рузаи эшон дар рузҳои
душанбе ва панҷшанбе доимӣ
мебуд, онгоҳ ҳукми у воҷиб
мегашт. На мустаҳаб ва ҳоло он, ки
касе аз фуқаҳо онро воҷиб
нагуфтааст. Балки ҳама бар
истиҳбоб ва мустаҳаббии он қоил
ҳастанд. Ҳар шахсе он рузаро
бидорад аз Худо (ҷ) савоб дарёб
мекунад. Ва агар надорад маъсият
ва гуноҳе барояш навишта
намешавад.
Сониян бидон, ки суннати
Расули акрам (с), ки яке аз
сарчашмаҳои аҳкоми шариъат аст,
ба ду қисм тақсим мешавад:
Яке – суннати феълӣ. ва он
аъмолест, ки Паёмбари Худо (с)
онро амалан анҷом додаанд.
Дуввум – суннати қавлӣ. Ва он
аъмол ва ақволест, ки он Ҳазрат (с)
бо калом ва сухани мубораки хеш
ба машруъияти он умматро ҳидоят
кардаанд. Садақа додан дар роҳи
Худо (ҷ) ба хотири шод кардани
арвоҳи гузаштагон, ба суннати
қавлӣ машруъ ва собит гаштааст.
Бинобарин бо иттифоқи аимма ва
фуқаҳои чаҳор мазҳаб – Ҳанафӣ,
Шофиъӣ, Ҳанбалӣ, Моликӣ савоб
ва аҷри садақа ва хайру иҳсон,
мисли савоби ҳаҷҷ ва дуъоу
истиғфор ба руҳи амвот ва
гузаштагон мерасад. Дар ин
масъала ихтилофе байни онҳо
вуҷуд надорад.
Далели эшон барои исботи ин
матллаб ҳадисҳои зиёде аст, ки мо
барои намуна баъзе онҳоро зикр
мекунем:
1. Модари муъминон ҳазрати
Оиша разияллоҳу ъанҳо ривоят
мекунад: Марде аз Паёмбари Худо
алайҳиссалом суол мекунад: Ай
Расули Худо! Модарам ногаҳон
бидуни васият вафот карданд. Ба
гумонам агар Худо барояш
фурсати сухан гуфтан медод,
ҳатман маро ба садақа додан
васият мекард. Имруз агар ман
барояш садақае бикунам, оё аҷру
савоби он ба эшон мерасад?
Ҳазрат дар ҷавоби он мард
фармуданд: Оре, мерасад.(Ривояти
Бухори ва Муслим)
Дар ривояти дигари Бухори, исми
он мард Саъд ибни Убода (р)
омадааст. Эшон баъд аз гирифтани
посух аз ҷониби Паёмбари Худо
боғи худро ва дар ривояти имом
Аҳмад чоҳи худро садақаи ҷория
барои модар карданд.
2. Дар ҳадиси дигаре ҳамин
суол дар мавриди марги падар
омада аст: саҳобие пурсид: Ай
Расули Худо! Падарам бидуни
васият вафот карданд. Оё эшон суд
ва манфиъате мебаранд, агар
барояш садақа кунам? Расули
Акрам (с) дар ҷавоб фармуданд:
Оре. (Ривояти Муслим)
3. Анас ривоят мекунад: Шахсе
аз Паёмбари Худо пурсид: Мо
барои мурдагон (ва
гузаштагон)амон садақа, дуо ва
ҳаҷҷи бадал мекунем, оё савобу
аҷри ин амалҳои солиҳ ба руҳи
эшон мерасад? Ҳазрат фармуданд:
Оре, мерасад, ва эшон аз ин
ҳадияҳо хушҳол мешаванд.
Ҳамонгунае, ки шумо (зиндаҳо) аз
табақҳои ҳадиякардаи дустонатон
хушҳолу хурсанд мешавед.
(Ривояти Абудовуд).
Ҳамон тавре, ки мебинем дар
ривоятҳои мазкура навъи садақа
аз ҷониби Соҳиби шариъат (с)
мушаххас ва муайян нашуда аст,
ки бояд садақа фақат ба сурати
садақаи ҷория буда, ва ғайри он
ҷоиз намебошад. Балки садақа
дар аҳодиси гузашта ба сурати ом
ва мутлақ зикр шуда аст. Пас
касоне, ки садақаро хосс ба
садақаи ҷория мекунанд, ва
навъҳои дигари садақаро, ба вижа
таом доданро, ки он навъе аз
садақа аст, инкор мекунанд, ва ё
бидъат ва ҳаром мехонанд, далели
мухассис (хоскунанда) ва
муҳаррим (таҳримкунандаи)–и
эшон чист, ва кадом аст? Дар
кадом ҳадисе Паёмбари Худо (с)
гуфтаанд, ки садақа фақат бояд ба
сурати садақаи ҷория бошад, ва
ғайри он ҷоиз нест? Ба вижа, Он
Ҳазрат (с) дар кадом ривояте
садақа ба сурати таом доданро
наҳй кардаанд?
Аммо навъи садақае, ки Саъд
ибни Убода дар ҳадиси боло
ихтиёр намудаанд, ва боғ ва ё
чоҳи худро барои модар садақа
карданд, он танҳо бар афзалияти
навъи садақаи ҷория далолат
мекунад. На бар таъйини он, ва
таҳрими ғайри он. Умуман садақа
дар истилоҳ ва қарордоди уламои
дин иборат аст аз: Додани чизе ба
нияти қурбатан ЛилЛоҳ, (наздики
ҷустан ба Худо) ва ба умеди
таҳсили аҷру савоб аз ҷониби У.
Ва он шаклҳо ва навъҳои
мухталиф дорад. Албатта
беҳтарин навъи он садақаи ҷория
аст, ки ба он ишора кардем.
Садақаи ҷория ду вижагӣ дорад,
яке он, ки умри тулонӣ ва дароз
дорад. Дигар ин, ки
оммулманфиъат аст. Яъне
манфиъат ва фоидааш доим ба
оммаи мардум мерасад. Мисли боғ
ва ё чоҳе, ки Саъд ибни Убода
барои модар садақа карданд. Ва
монанди он: бунёди масҷиду
мадорис, беморхона, ятимхона ва
нашри китобҳои илми – динӣ ва
дунявие, ки ба нафъи ҷомиъа ва
мардуми мусалмон аст, таъмир ва
сохтани пул (купурук) ва роҳ ва
кандани чоҳ ва сохтани неругоҳи
кучаки барқӣ ва амсоли он.
Шайх Саъди шерозӣ садақаи
ҷорияро бо ибораи хайри равон
тарҷума карда, дар фазилати он
фармуда аст:
Аз он кас, ки хайре бимонад равон,
Дамодам расад раҳматаш бар
равон (руҳ).
Намурд он, ки монад пас аз вай ба
ҷой,
Пулу масҷиду хону меҳмонсарой.
Ҳар-он к-у намонд аз пасаш ёдгор,
Дарахти вуҷудаш наёвард бор.
Ва-гар рафту осори хайраш
намонд,
Нашояд паси маргаш Ал-ҳамд
хонд. (Бустон)
Инчунин садақа метавонад ба
сурати нақдина ва пул бошад, ки
ба мардум дода мешавад. Ва низ
ҷоиз аст ба сурати итъоми таъом,
яъне таъом додан ба мардум
бошад, ки Паёмбар алайҳиссалом
дар ривояте таъмо доданро яке аз
хислатҳои хуб ва баҳтарини
мусалмон хондаанд. Ва дар ҳадиси
саҳиҳи дигаре онро яке аз
нишонаҳои қабул ва пазируфта
шудани Ҳаҷҷи мабрур гуфтаанд.
(рив Аҳмад) Аллоҳ (ҷ) дар
Қуръони азимушшаън низ
бандагонашро ба итъоми таом
ташвиқ ва тарғиб кардааст. (сур
Ал-инсон ояти 8)
Садақа аз назари ҳукм низ ба
ду қисм тақсим мешавад:
1. Садақаи фарзӣ ва воҷиба, ки
адо кардани он лозим ва ҳатмӣ
аст. Мисли закот, ушр, садақаи
фитр ва назр... Масриф ва
мустаҳиққи садақаи воҷиба танҳо
фақирон, бенавоён, қарздорон,
мусофирон ва онҳое, ки дар ояти
60 сураи Тавба мазкур аст,
мебошад. Дар сурати адо
накардани садақи воҷиба,
мусалмон гануҳгор мешавад.
2. Садақаи ғайри воҷиба, ки
додани он ҳатмӣ набуда, балки
мустаҳаб ва ихтиёри аст. Назири
садақаҳои нофилае, ки ғайр аз
закоту ушру назр... дода мешавад.
Садақа ва хайру эҳсоне, ки барои
амвот ва гузаштагон карда
мешавад, аз навъи садақаи нофила
ва ғайри воиба аст. Ва дар сурати
надодани он, банда гунаҳкор
намешавад. Танҳо аз савоби
садақа маҳрум мемонад.
Мустаҳиққи садақаи нофила ва
ғайри воҷиба ҳар шахсе
метавонад бошад. Ҷоиз аст фақир,
ғани, болиғ, ноболиғ ва ҳатто
кофир бошад.
Хулосаи баҳс
Дар расидани савобу аҷри
садақаи нофила ба арвоҳи
гузаштагон ва хушҳол шудани
эшон аз он, ҳеҷ ихтилофе байни
фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргона
вуҷуд надорад.
Ҳамон гунае, ки гуфтем
беҳтарин навъи садақа барои
амвот ва гузаштагон ин садақаи
ҷория аст.
Садақа додан ба сурати
итъоми таъом (таъом додан), ки
дар диёри мо онро садақа ва ё
оши худои мегуянд, ва аз Худо
хостан, ки савобу аҷри онро,
ҳамчун ҳадияе аз ҷониби
бозмондагон ба руҳи гузаштагон
бирасонад, аз назари шариъати
муқаддаси ислом ишколе надорад,
ба шарте, ки умури зайл дар он
риоят шавад:
1. Бояд мусулмонон баргузор
намудани меҳфили садақа ва
хайру эҳсонро як амри ҳатмӣ ва
воҷиби динӣ иътиқод накунанд.
То андозае, ки барои баргузор
намудани он аз дигарон қарз
бигиранд, ва ё луқмаи даҳони
фарзандонашонро сарфи он
намоянд. Зеро уламо гуфтаанд:
Лозим (ва воҷиб) донистани чизе,
ки шариъат онро лозим
нагардонида аст, як навъ бидъат
аст. Дар ҳоле, ки ҳукми садақа
додан ба хотири шод гардонидани
руҳи гузаштагон аз истиҳбоб боло
нест. Яъне амали мустаҳаб буда,
дар тарки он гуноҳу маъсияте нест.
2. Зиёфати оши садақа аз моли
майит ва ё аз ҳисоби хешовандони
наздики майит дар муддати се рузи
аввали мусибат набошад. Чуноне,
ки ин навъи зиёфат бо исми оши
сари тахта дар баъзе манотиқи
Тоҷикистон машҳур аст.
Ҷумҳури фуқаҳои мазоҳиби
арбаъа, ба вижа фуқаҳои ҳанафӣ
онро макруҳ, бидъат ва ҳатто, агар
аз ҳисоби ҳаққи вориси сағир ва
ноболиғ бошад, ҳаром гуфтаанд.
3. Барои додани оши ва ё нони
садақа вақт ва рузи муайян таъйин
нанамоянд. Мисли фақат рузҳои
душанбе, панҷшанбе ва ё
серузагӣ, чиҳил рузагӣ ва ё сари
сол ва рузи вафот ва монанди он.
Зеро таъйин намудани ин рузҳо
барои садақа ва оши Худои асли
шаръӣ надорад, балки фуқаҳо
онро бидъат гуфтаанд.
Охирсухани мо ин аст: Касоне,
ки садақаи таъомӣ ва ё оши
Худоиро мутлақан ва куллан
ҳаром ва бидъат мехонанд, ба
роҳи хато ва иштибоҳ рафтаанд.
Ва инчунин касоне, ки онро воҷиб
ва ҳатмӣ медонанд, ва барои
таъом додан рузҳои хос – мисли
душанбе, панҷшанбе, се, ҳафт,
чиҳил ва ё сари сол ва рузи
вафотро муқаррар намуда ва доим
дар ҳамин рузҳо садақа дода ва
дар ғайри рузҳои мазкура таъом
доданро ҷоиз намедонанд, – низ
бар роҳи хато ва нодуруст
рафтаанд.
Пас роҳи саҳиҳ ва дурусти
садақа додан барои гузаштагон ин
аст, ки ҳар шахсе қудрат ва
тавоноии молӣ дошта бошад
мухайяр аст, на маҷбур, агар
бихоҳад метавонад баъд аз се рузи
мусибат, ҳар рузе, ки хоҳад на
фақат рузҳои душанбе ва
панҷшанбе, балки гоҳе сешанбе
ва чоршанбе ва гоҳе дигар рузҳо,
ва дар ҳар моҳу соле, на танҳо
соли аввал, балки то охири умр –
нони садақа ва оши Худоӣ
бидиҳад.
Вале афзал ва беҳтар он аст, ки
гоҳе ба навъҳои дигари садақа,
мисли садақаи ҷория ва садақаи
нақдӣ, ба сурати пул ба
ниёзмандон низ амал намояд. Ва
доим ба оши Худоӣ додан
мудовамат нанамояд.
Дар фарҷоми сухан мехоҳам
хонандагони азизро барои шод
кардани руҳи гузаштагон ба
ҳадияе далолат бикунам, ки хело
осон ва арзон ва бидуни харҷу
таклиф аст: Аз имом Авзоъӣ (р), ки
яке аз аиммаи салаф ва муосири
Имом Аъзам аст, пурсида шуд: Оё
шумо барои амвот (мурдагон) ва
гузаштагон дуо ва истиғфорро
беҳтар медонед ва ё садақа
доданро? Эшон дар ҷавоб мисли
баъзе навмуллоҳои замони мо
нагуфтанд, ки садақа додан
мутлақан бидъат ва ҳаром аст,
балки чунин фармуданд: Ман ҳеҷ
ҳадияеро барои эшон бо дуо ва
истиғфор баробар намедонам
(Яъне дуо кардан ва барои эшон
аз Худо омурзиши гуноҳ хостан
беҳтар аз садақа додан аст).
Оре, дуо ва истиғфор барои
гузаштагон ҳадияест, ки зикри он
дар Қурьони азимушшаън низ
омада аст, ва он ин аст: Худоё моро
ва муъминонеро, ки пеш аз мо
гузаштаанд биёмурз! Ва дар
дилҳои мо нисбат ба ҳеҷ муъмине
ҳасад ва кина қарор мадеҳ. (Сураи
Ҳашр ояти 10) Худо нигаҳбонатон
бошад.
Ҷавобдиҳанда: Эшони Маҳмудҷон