Иҷобати дӯъои модар

-Рӯзе ҳазрати Муҳаммад (с) аз назди қабристони Бақеъ мегузаштанд. Аз гӯре ба гӯши он Ҳазрат (с) чунон садои нолае даррасид:
“Вой дод! Болои ман оташ аст, зери поям оташ аст, аз тарафи ростам оташ аст, аз тарафи чапам оташ аст!”
Расули Акрам (с) инро шунида фармуданд: Ҳар касеро нафаре аз ин қабристон мурда бошад, биёяд.
Мардум ба гӯристон омаданд ва ҳар яке ба сари қабри наздикони худ истоданд. Пиразане асо дар даст дошт омаду ба сари қабре, ки садои нола аз он меомад рост истод.
Ҳазрати Муҳаммад (с) аз пиразан пурсиданд: “Дар ин қабр кӣ ҳаст?”
Пиразан ҷавоб дод: “Инҷо писарам хоб аст, ки ман аз вай безорам”.
Ҳарчанд Ҳазрати Пайғамбар (с) аз пиразан бахшиши фарзандашро дархост мекарданд, аз фарзанди фавтидаи худ розӣ намешуд.
***
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Онгоҳ Паёмбар (с) даст ба дӯъо бардоштанд, ки Илоҳо пардаро аз миён бардор, то пиразан низ азоби писарашро бинад.
Дарҳол парда аз миён бардошта шуду ба пиразан азоб кашидани писараш намоён шуд.
Пиразан дид, ки фарзандаш дар миёни оташ аст, худро болои гӯр афканда гуфт: “Худовандо ман аз писарам розиям, ӯро пиҳил (бахшидам) кардам, азобро аз қабраш дур кун!”
Дӯъои модар иҷобат шуду азобро аз гӯри он писар бардоштанд.
Агар муъмин дар дунё Худои таъолоро хӯшнуд кунад аз оташи дӯзах наҷот ёбад.
Аз ранҷонидани модару падар парҳез кунед ва дили онҳоро хӯшнуд созед, то ки дӯъояшон дастгири дину дунё бошад.
Аз “Дуррул-маҷолис”.

Комментарии