Фарзанди Луқмон

аз падар пурсид, ки кадом
хислат дар мардум некӯтар аст?
Луқмон гуфт: -Дини пок.
Писараш пурсид: -Агар ду
хислат бошад чӣ?
Луқмон ҷавоб дод: -Дини пок
ва мол.
Боз пурсид: -Агар се хислат
бошад чӣ?
Луқмон гуфт: -Дини пок, мол ва
ҳаё.
-Чун чаҳор хислат бошад?
-Дини пок, мол, ҳаё ва хулқи
накӯ.
-Чун панҷ хислат бошад?
-Дини пок, мол, ҳаё, хулқи накӯ
ва саховат.
-Чун шаш хислат бошад?
Луқмон гуфт: -Эй писар, ҳар
киро ин 5 хислат бошад, ӯ
мӯъмин аст ва назди Худо валӣ
асту аз Шайтон дур аст!

Комментарии

Комментариев нет.