Сарбоз

худро паррондДодситонии
харбии минтаќаи Кўлоб аз
марги як сарбози ќисми
харбии 134 83-и Вазорати
Мудофиаи Точикистон дар
нохияи Восеъ хабар дод.
Тибќи иттилои Сулаймон
Сидиќов, муовини додситони
харбии минтаќа часади
сарбози ќатори Абдухолиќ
Хошимов рўзи чоруми май,
тахминан соати 2-и нисфирўзи
аз назди анбори сўзишвории
ин ќисм дар холати бечони
дарёфт шудааст. Чаноби
Сидиќов мегўяд, ташхисхо
собит намуданд, ки сарбоз
хангоми навбатдори ба
воситаи худкори Калашникуф
аз зери манах худро хадафи
тир ќарор дода, дар чои
ходиса халок гардидааст.
Барои рўшан намудани
сабабхои даст ба худкўши
задани сарбоз додситонии
харби парванда боз
намудааст. Дар хамин маврид
масъулини ќисми харбии
мазкур изхор доштанд, ки
холати рўхии сарбоз Хошимов
ќабл аз марг хуб буд ва хеч
кас низ дар ќисми низоми ба ў
фишор намеовард.Аммо
Рустам Наботов як коршиноси
махалли дар робита ба ин
ќазия мегўяд, худкўшии
сарбозон дар ќисмхои харби
аслан ба холати равонии онхо
бастаги дорад. Вай мегўяд,
харчанд, вазъи хизмати харби
дар ќиболи чанд соли ахир
бех шуда бошад хам, аммо
ханўз зуровари ва тахдиду
фишор ба сарбозон ба назар
мерасад. Ва ин фишорхо боси
мешавад, то бархе сарбозоне,
ки иродаи кави надоранд, даст
ба худкуши зананд. Масъулин
додситонии харби низ вучуд
доштани фишору зуровари ба
сарбозонро рад намекунад.
Тибќи иттилои расми
додситони харбии минтаќаи
Кўлоб таи чахор мохи соли
равон дар ќиболи се нафар
сарбозон бо иттихоми лату
куби наваскарон парвандаи
чинои боз намудааст.Ва дар
хамин зимн худкуши як
сарбоз дар ќисмхои харбии
минтаќаи Кўлоб аз аввали сол
барои аввалин бор аст. Аммо
соли гузашта як сарбози
дигари хамин ќисми низоми
худро ба дор овехта буд, ки то
ханўз сабабхои марги ў
номаълум аст.

Комментарии

Комментариев нет.