Боз як лату куби сарбоз дар

кисмхои харбии ЧТ
Гани Рахматов:
Ассалому алайкум бародарон
ва хоҳаронии азиз! Ман падари
сарбоз Раҳматов Фирдавс
Ғаниевич 22.12.1993 сол зода
ва сокини шаҳри Хуҷанд
маҳаллаи 18, хонаи 1, ҳуҷраи
161.
Ба маълумоти Шумо
мерасонам, ки қотилони
фарзанди азизам ӯро лату кӯб
намуда, ба
саломатиаш зарари вазнини
ҷисмонӣ расонида, ба марг
расониданд.
Писари меҳрубонам дар Қисми
Ҳарбии 04080 шаҳри
Конибодом, вилояти Суғд
санаи 07.05.2015 сол ба сафи
ҳарбӣ даъват шуда, санаи
07.06.2015 сол ҷасадашро
гирифта оварданд.
Лекин ман падари муштипар,
ки пушту паноҳ надоштам
ҳарду писарам хизмати "Ватан-
Модар"-ро мекард.
Афсӯс аз суханони фарзандам
хабардор гаштам, ки дар
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии
Тоҷикистон гуруснагӣ, азобу
машаққат ва лату кӯб шудани
сарбозон аз тарафи сержантҳо
дида мешуд. Хостам ба
комиссари ҳарбӣ муроҷиат
кунам, писарам маро
нагузошт, ки боз лату кӯб
мекунанд. Барои чӣ
командирон аз болои кирдору
рафтори сарбозон назорат
намебаранд, ки оқибати ин ба
чунин фоҷеа расид. Аз
суханони фарзандам маълум
гашт, ки сарбозонро аз ҷойҳои
камераи навобардор дур
бурда, ба ҷойҳое, ки ба навор
гирифта намешавад лату кӯб
мекарданд. Ман ба хулосаи
тиббӣ розӣ нестам, ки дар он
овардаанд, гӯё сабаби маргаш
баста шудани роҳи нафас
ҳангоми фурӯравии забон аст.
Бо эҳтиром Раҳматов Ғанӣ
Аҳмадович падари сарбози
ҷавонмарг!

Комментарии

Комментариев нет.