🌷💖Намози ҷумъа дар аснои ҳиҷрати Расулуллоҳ (с.а.с.) дар наздикии Мадина бо номи макони Рануна фарз шуд. Аввалин намози ҷумъа дар деҳаи қабилаи бани Салим хонда шудааст.Оид ба фарз шудани намози ҷумъа, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи Ҷумъа ояти 9 фармудааст;- Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози ҷума дода шавад, ба намоз шитобед ва доду гирифтро тарк кунед. агар доно бошед, ин кор бароятон беҳтар аст.Ҷумъа: маънои ҷамъ шуданро дорад.Ҷумъа рӯзи муҳимест барои мусулмонон. Дар ин рӯзи ҷумъа мардуми мусулмон дар масҷид ҷамъ шуда, намози ҷумъа мехонанд. Намози ҷумъа чун рӯзи ид қадрдонӣ шудааст. Аз ин сабаб, рӯзи ҷумъаро Саийдул айём, яъне рӯзи саид (роҳбари рӯзҳои ҳафта) мегӯянд.Аксари корҳои хайр дар рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ омадааст, ки дар ҳадисҳои зерин метавонем бубинем;- Хайртарин рӯзе, ки болояш офтоб мебарояд, рӯзи ҷумъа аст. Дар он рӯз ҳазрати Одам (а.с.) халқ шудааст, он рӯз аз ҷаннат бароварда шудааст. Қиёмат низ дар рӯзи ҷумъа қоим мегардад. (Муслим, Насоӣ, 3/89; Ибни Касир, 1/2328)Дар рӯзи ҷумъа тамоми корҳои хайрро анҷом додан, дуруст аст. Баъзеҳо аз танбалии худ шикоят намекунанду мегӯянд, ки рӯзи ҷумъа кор кардан дуруст нест ва ҳатто баъзеҳо ҳаром ҳам мегӯянд. Ин суханҳо куллан нодуруст аст ва асосе надорад. Танҳо дар вақти хутбаи намози ҷумъа ва хондани намози ҷумъа ҳама гуна кореро анҷом додан, манъ аст.Хутбаи намози ҷумъа фарз аст. Хутбаҳои намозҳои ид суннат мебошанд. Намози ҷумъаи бехутба саҳеҳ нест. Ду хутба хонда мешавад. Аввали хутба ваъзу насиҳат бар мусулмонон ва хутбаи дуюм барои тамоми мусулмонҳо дуо кардан аст. Дар ҳар ду хутба ҳамду сано бар Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ва салавот бар Расулуллоҳ (с.а.с.) ҷо дорад.Фарзҳои намози ҷумъа1. Вақт. Хутба пас аз даромадани намози пешин ва қабл аз намози ҷумъа хонда мешавад.2. Зикр кардани Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар хутба. Ҳамду сано хондан.Суннатҳои намози ҷумъа1. Хутбаро дар по истода хондан. Хондани хутба дар ҳолатинишаста ва ё такя карда ҷоиз ҳам бошад, аммо берун аз суннат аст.2. Хатиб ба минбар баромада сӯи мардум нигариста хутба хондан.3. Дар ҳузури хатиб азон хондан.4. Хутбаро бо ҳамду сано хондан.5. Хутбаро бо садои баланд хондан.6. Калимаи шаҳодатро зикр кардан ва салавот хондан.7. Насиҳат оид ба дунё ва қиёмат барои мусулмонон.8. Аъузу бисмиллоҳ гуфта оятеро хондан. Ё як ояти дароз ва ё се оятикӯтоҳ.9. Хутбаро ба ду қисм тақсим кардан ва миёни хутбаҳо каме нишастан.10. Ҳар ду хутбаро бо ҳамду сано оғоз кардан.11. Дар хутбаи дуюм бар муъминон дуо кардан.12. Ҳар ду хутбаро набояд аз меъёр дароз хондан. Тӯлонӣ хонданихутба макруҳ аст. Дар ҳадиси шариф омадааст:-Намозро дарозу хутбаро кӯтоҳ хонед. Бешӯбҳа, ки баъзе суханҳо чунсеҳр бар қалб таъсир мекунад.Хутба кам ва сермазмун бояд бошад. Вақти хутба сухан гуфтан манъаст. Ҳатто ба касе ишора намекунӣ, ки хомӯш истад. Вақти хутба, бахатиб бояд бодиққат гӯш андохт. Ба ҳар тараф набояд назар кард.Худро бояд ба мисли дар намоз будан эҳсос кард.*** Нафаре, ки вақти хутба вориди масҷид мешавад, суннат намозинамехонад ва нишаста хутба гӯш мекунад. Суннатро метавонад, пас азнамози ҷумъа адо намояд.- Агар суннатро оғоз карда бошаду тамом нокарда, хутба оғоз ёбад,пас суннаташро адо намояд.- Ҷумъа барои занҳо ва мусофирон фарз нест. Агар рафта дар масҷидадо намоянд, ҳукми намози пешинро мегирад. Ва дубора намозипешин намехонанд.- Нафароне, ки намози ҷумъа намехонанд, хондани намози пешин боҷамоъат макруҳ аст.- Дар маҳале, то намози ҷумъа хонда нашавад, дигароне, ки намозиҷумъа наомадаанд. Чунин намоз макруҳ аст.- Агар намозхон вақти ташаҳҳуд ва ё дар саҷдаи саҳв ба намоз воридшавад, он гоҳ пас аз салом додани имом рақъатҳоро адо мекунад.- Қироати намози пешин бо садои баланд аст.- Агар намозхон барои расидан ба намози ҷумъа вақташ тангӣ кунад,таяммум карда ба намоз ворид шуда наметавонад, зеро намозиҷумъаро тарк кунад, метавонад намози пешин хонад.Агар намозхон барои расидан ба намозҳои иди рамазон ва қурбонвақташ тангӣ кунад, таяммум карда ба намоз ворид шуда метавонад,зеро намоз адо шавад, дубора намешавад.- Мусофир ҳам метавонад дар намози ҷумъа имоматӣ кунад.- Хондани қазоии намози ҷумъа ҷоиз нест.- Хутбаро дар по истода хондани хутбаи намози ҷумъа воҷиб аст.Одобҳои намози ҷумъа1. Нафароне, ки имкон доранд, метавонанд аз саҳар омодагӣ гиранд.Таҳорат гирифтан, либоси тоза пӯшидан, хӯшбӯӣ кардан вабарвақттар ба масҷид ҳозир шудан.- Рӯзи ҷумъа малоик дар дари масҷид мешинад ва бо навбатташрифовардаҳоро сабт мекунанд. (маънои ҳадис)- Се кор ҳаст, ки агар мардум фазилати онҳоро медонистанд баҳриадои онҳо ба якдигар мусобиқа мекарданд: Азон хондан, дар сафиаввал истодан ва бо барвақтӣ ба ҷумъа ҳозир шудан.1. Барои намози ҷумъа ғусл кардан. Барои ҷунубӣ низ ғусл кардан ҳаммешавад.- Дар рӯзи ҷумъа таҳорат гирифтан зебост, аммо ғусл кардан аз онзеботар ва фазилтар аст. (маънои ҳадис)3. Рӯзи ҷумъа, ё пеш аз намози ҷумъа ва ё шаби ҷумъа сураи Каҳф,Вазуҳо ё Ёсин хондан. Саҳифае аз Қуръон тиловат кардан.4. Амри маъруфро ботаваҷҷуҳ гӯш кардан.5. Бар ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) салавот фиристондан.6. Садақа бар фақирон мустаҳаб аст. Аҷраш ду баробар аст.Ҳанафӣ ва Шофеъӣ чор ракъатнамози қабл аз намози ҷумъаро хайрмедонанд. Ибни Умар ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) қабл азнамози ҷумъа чор ракъат намоз адо менамуд. (Абу Довуд, Салот, 238).Абдуллоҳ ибни Масъуд низ ривоят мекунад, ки «Пас аз намози ҷумъачор ракъат намози суннат низ адо менамуд». (Тирмизӣ, ҷумъа, 24)
Шеъру Қиссаҳо ва "Статусҳои Беҳтарин"
Намози ҷумъа.
🌷
💖
Намози ҷумъа дар аснои ҳиҷрати Расулуллоҳ (с.а.с.) дар наздикии Мадина бо номи макони Рануна фарз шуд. Аввалин намози ҷумъа дар деҳаи қабилаи бани Салим хонда шудааст.
Оид ба фарз шудани намози ҷумъа, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи Ҷумъа ояти 9 фармудааст;
- Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози ҷума дода шавад, ба намоз шитобед ва доду гирифтро тарк кунед. агар доно бошед, ин кор бароятон беҳтар аст.
Ҷумъа: маънои ҷамъ шуданро дорад.
Ҷумъа рӯзи муҳимест барои мусулмонон. Дар ин рӯзи ҷумъа мардуми мусулмон дар масҷид ҷамъ шуда, намози ҷумъа мехонанд. Намози ҷумъа чун рӯзи ид қадрдонӣ шудааст. Аз ин сабаб, рӯзи ҷумъаро Саийдул айём, яъне рӯзи саид (роҳбари рӯзҳои ҳафта) мегӯянд.
Аксари корҳои хайр дар рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ омадааст, ки дар ҳадисҳои зерин метавонем бубинем;
- Хайртарин рӯзе, ки болояш офтоб мебарояд, рӯзи ҷумъа аст. Дар он рӯз ҳазрати Одам (а.с.) халқ шудааст, он рӯз аз ҷаннат бароварда шудааст. Қиёмат низ дар рӯзи ҷумъа қоим мегардад. (Муслим, Насоӣ, 3/89; Ибни Касир, 1/2328)
Дар рӯзи ҷумъа тамоми корҳои хайрро анҷом додан, дуруст аст. Баъзеҳо аз танбалии худ шикоят намекунанду мегӯянд, ки рӯзи ҷумъа кор кардан дуруст нест ва ҳатто баъзеҳо ҳаром ҳам мегӯянд. Ин суханҳо куллан нодуруст аст ва асосе надорад. Танҳо дар вақти хутбаи намози ҷумъа ва хондани намози ҷумъа ҳама гуна кореро анҷом додан, манъ аст.
Хутбаи намози ҷумъа фарз аст. Хутбаҳои намозҳои ид суннат мебошанд. Намози ҷумъаи бехутба саҳеҳ нест. Ду хутба хонда мешавад. Аввали хутба ваъзу насиҳат бар мусулмонон ва хутбаи дуюм барои тамоми мусулмонҳо дуо кардан аст. Дар ҳар ду хутба ҳамду сано бар Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ва салавот бар Расулуллоҳ (с.а.с.) ҷо дорад.
Фарзҳои намози ҷумъа
1. Вақт. Хутба пас аз даромадани намози пешин ва қабл аз намози ҷумъа хонда мешавад.
2. Зикр кардани Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар хутба. Ҳамду сано хондан.
Суннатҳои намози ҷумъа
1. Хутбаро дар по истода хондан. Хондани хутба дар ҳолати
нишаста ва ё такя карда ҷоиз ҳам бошад, аммо берун аз суннат аст.
2. Хатиб ба минбар баромада сӯи мардум нигариста хутба хондан.
3. Дар ҳузури хатиб азон хондан.
4. Хутбаро бо ҳамду сано хондан.
5. Хутбаро бо садои баланд хондан.
6. Калимаи шаҳодатро зикр кардан ва салавот хондан.
7. Насиҳат оид ба дунё ва қиёмат барои мусулмонон.
8. Аъузу бисмиллоҳ гуфта оятеро хондан. Ё як ояти дароз ва ё се ояти
кӯтоҳ.
9. Хутбаро ба ду қисм тақсим кардан ва миёни хутбаҳо каме нишастан.
10. Ҳар ду хутбаро бо ҳамду сано оғоз кардан.
11. Дар хутбаи дуюм бар муъминон дуо кардан.
12. Ҳар ду хутбаро набояд аз меъёр дароз хондан. Тӯлонӣ хондани
хутба макруҳ аст. Дар ҳадиси шариф омадааст:
-Намозро дарозу хутбаро кӯтоҳ хонед. Бешӯбҳа, ки баъзе суханҳо чун
сеҳр бар қалб таъсир мекунад.
Хутба кам ва сермазмун бояд бошад. Вақти хутба сухан гуфтан манъ
аст. Ҳатто ба касе ишора намекунӣ, ки хомӯш истад. Вақти хутба, ба
хатиб бояд бодиққат гӯш андохт. Ба ҳар тараф набояд назар кард.
Худро бояд ба мисли дар намоз будан эҳсос кард.
*** Нафаре, ки вақти хутба вориди масҷид мешавад, суннат намози
намехонад ва нишаста хутба гӯш мекунад. Суннатро метавонад, пас аз
намози ҷумъа адо намояд.
- Агар суннатро оғоз карда бошаду тамом нокарда, хутба оғоз ёбад,
пас суннаташро адо намояд.
- Ҷумъа барои занҳо ва мусофирон фарз нест. Агар рафта дар масҷид
адо намоянд, ҳукми намози пешинро мегирад. Ва дубора намози
пешин намехонанд.
- Нафароне, ки намози ҷумъа намехонанд, хондани намози пешин бо
ҷамоъат макруҳ аст.
- Дар маҳале, то намози ҷумъа хонда нашавад, дигароне, ки намози
ҷумъа наомадаанд. Чунин намоз макруҳ аст.
- Агар намозхон вақти ташаҳҳуд ва ё дар саҷдаи саҳв ба намоз ворид
шавад, он гоҳ пас аз салом додани имом рақъатҳоро адо мекунад.
- Қироати намози пешин бо садои баланд аст.
- Агар намозхон барои расидан ба намози ҷумъа вақташ тангӣ кунад,
таяммум карда ба намоз ворид шуда наметавонад, зеро намози
ҷумъаро тарк кунад, метавонад намози пешин хонад.
Агар намозхон барои расидан ба намозҳои иди рамазон ва қурбон
вақташ тангӣ кунад, таяммум карда ба намоз ворид шуда метавонад,
зеро намоз адо шавад, дубора намешавад.
- Мусофир ҳам метавонад дар намози ҷумъа имоматӣ кунад.
- Хондани қазоии намози ҷумъа ҷоиз нест.
- Хутбаро дар по истода хондани хутбаи намози ҷумъа воҷиб аст.
Одобҳои намози ҷумъа
1. Нафароне, ки имкон доранд, метавонанд аз саҳар омодагӣ гиранд.
Таҳорат гирифтан, либоси тоза пӯшидан, хӯшбӯӣ кардан ва
барвақттар ба масҷид ҳозир шудан.
- Рӯзи ҷумъа малоик дар дари масҷид мешинад ва бо навбат
ташрифовардаҳоро сабт мекунанд. (маънои ҳадис)
- Се кор ҳаст, ки агар мардум фазилати онҳоро медонистанд баҳри
адои онҳо ба якдигар мусобиқа мекарданд: Азон хондан, дар сафи
аввал истодан ва бо барвақтӣ ба ҷумъа ҳозир шудан.
1. Барои намози ҷумъа ғусл кардан. Барои ҷунубӣ низ ғусл кардан ҳам
мешавад.
- Дар рӯзи ҷумъа таҳорат гирифтан зебост, аммо ғусл кардан аз он
зеботар ва фазилтар аст. (маънои ҳадис)
3. Рӯзи ҷумъа, ё пеш аз намози ҷумъа ва ё шаби ҷумъа сураи Каҳф,
Вазуҳо ё Ёсин хондан. Саҳифае аз Қуръон тиловат кардан.
4. Амри маъруфро ботаваҷҷуҳ гӯш кардан.
5. Бар ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) салавот фиристондан.
6. Садақа бар фақирон мустаҳаб аст. Аҷраш ду баробар аст.
Ҳанафӣ ва Шофеъӣ чор ракъатнамози қабл аз намози ҷумъаро хайр
медонанд. Ибни Умар ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) қабл аз
намози ҷумъа чор ракъат намоз адо менамуд. (Абу Довуд, Салот, 238).
Абдуллоҳ ибни Масъуд низ ривоят мекунад, ки «Пас аз намози ҷумъа
чор ракъат намози суннат низ адо менамуд». (Тирмизӣ, ҷумъа, 24)