Рӯзаи рӯзи Арафа

📓 Ривоят аст, ки Расулуллоҳ (ﷺ) гуфт:
📜 «Ҳар касе дар рӯзи Арафа сидқан ва аз рӯи ихлос рӯза бидорад, гуноҳҳои дар соли гузашта ва дар ин сол кардааш мағфират мешаванд».
📚 Ҳадисро Имом Муслим таҳти рақами 1162 ривоят кардааст
⚘⚘⚘⚘⚘⚘⚘⚘⚘⚘
✅ Дуо ва зикри Аллоҳ дар рӯзи Арафа
📓 Расулуллоҳ (ﷺ) гуфт:
📜 «Беҳтарин дуо – ин дуо кардан дар рӯзи Арафа аст, ва беҳтарин аз он, ки ман гуфтам ва паёмбарони пеш аз ман гуфтанд, ин аст: “Ла илаҳа иллаЛлоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд, ва ҳува ъала кулли шайъин қадир”».
📜 خَيْرُ الدُّعَاءِ دُعَاءُ يَوْمِ عَرَفَةَ وَخَيْرُ مَا قُلْتُ أَنَا وَالنَّبِيُّونَ مِنْ قَبْلِي لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
📚 Ҳадисро Имом ат-Тирмизӣ таҳти рақами 3585 ривоят кардааст. Ҳадис саҳеҳ аст.
🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱
Рӯза гирифтан дар рӯзи Арафа чи аҷру савоб дорад?.
عَنْ أَبِي قَتَادَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ، أَنَّ رَسُولَ اللهِ ﷺ سُئِلَ عَنْ صَوْمِ يَوْمِ عَرَفَةَ، فَقَالَ «يُكَفِّرُ السَّنَةَ الْمَاضِيَةَ وَالْبَاقِيَةَ»
Аз Абӯ Қатада (радияллоҳу ъанҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ дар бораи рӯзаи рӯзи Арафа пурсида шуд. Ӯ ﷺ фармуд: «Он (рӯза) гуноҳҳои соли гузашта ва соли ояндаро мебахшад»
Ривояти: Саҳеҳ Муслим-1162
Аллоҳ Роббул Ъиззат барои мову шумо тауфиқи амал кардан ба ин аҷрҳоро насиб гардонад.
🍇🍇🍇🍇🍇🍇🍇🍇🍇🍇
🔖ЭЙ БАНДАҲОИ АЛЛОҲ ! ФАРДО РУЗА ГИРЕДУ АЗ ИН ФАЗИЛАТ МАҲРУМ НАШАВЕД
ПАЁМБАР ﷺ ФАРМУДАНД:
“Рӯза доштани рӯзи арафаро, ба Аллоҳ умедворам, ки солеро ки қабл аз он аст ва солеро, ки баъди он аст, каффора (мағфират) намояд”
📖 “РИВОЯТИ МУСЛИМ” 1162
АЛЛОМА ИБНИ БОЗ ГУФТ:
“Ҳар кӣ дар рӯзи арафа рӯза бигирад, савоби бузурге хоҳад дошт, аз Расулуллоҳ ﷺ собит шудааст, ки Аллоҳ рӯзадории рӯзи арафаро барои як соли пеш аз он ва як соли баъдӣ каффорат (мағфират) мекунад, маънояш: ба шарте, ки аз гуноҳони кабира парҳез шавад чуноне,ки дар ҳадисҳои дигар ишора шудааст”
📖 “МАҶМУ’ АЛ ФАТАВА”
🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃🍃
📜НАМУДҲОИ ИБОДАТ ДАР РӮЗИ АРАФА арафа
• Шайх ал-Усаймин (رحمه الله) мефармояд: «Ононе, ки дар Арафа нестанд (ҳаҷ) бояд дар ин рӯз рӯза гиранд, зеро аз Паёмбар (ﷺ) дар бораи рӯзадории рӯзи Арафа пурсида шуд, ӯ ҷавоб дод. : «Умед дорам, ки рўзаи рўзаи Арафа кафорати гуноҳони соли гузашта ва имрўза шавад»
📚(Муслим 1162).
Инчунин бояд ба зикри Аллоҳ (зикр), такбир (калимаҳои «Аллоҳу акбар») ва хондани Қуръон машғул шаванд, зеро рӯзи Арафа яке аз даҳ рӯзи Зулҳиҷҷа аст,
Паёмбар (ﷺ) фармудаанд: «Амалҳое, ки дар ин даҳ рӯз (моҳи зулҳиҷҷа) карда мешаванд, дар назди Аллоҳ маҳбубтар аз аъмоли дигар рӯзҳост» 📚 (Абу Довуд 2438).
📚 бубинед “ал-маҷмуъ” 23 27
العثيمين: بالنسبة لغير الواقفين بعرفة فالذي ينبغي له أن يصوموا هذا اليوم لأن النبي صلى الله عليه وسلم سئل عن صوم يوم عرفة فقال: (أحتسب على الله أن يكفر به السنة التي قبلها والسنة التي بعدها) ويستغله أيضاً بالذكر والتكبير وقراءة القرآن لأن يوم عرفة أحد الأيام العشرة أعني عشر ذي الحجة التي قال فيهن النبي صلى الله عليه وسلم: ما من أيام أحب إلى الله من هذه الأيام العشرة
🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂🍂
⊱┈────╌❊▪️❊╌────┈⊰
❁ @Soleheenbot❁
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш ҳамин боти моро ба дӯстонатон ва гурӯҳҳои пайваст будаатон фиристед ин ша Аллоҳ савобаш ба шумо низ хоҳад расид.
⊱┈────╌❊▪️❊╌────┈⊰

Рӯзаи рӯзи Арафа - 965700572233

Комментарии

Комментариев нет.