tajikpress
28 апр

Чаро қиёми донишҷӯёни Амрико саҳюнистҳоро тарсонд?

Ончи, ки ҷунбиши саҳюнизм ба роҳбарии Нетаняҳу ва монанди ӯро нигарон мекунад густариши ин “инқилоби донишҷӯӣ” дар Амрико ва кашидан шудани он ба соири донишгоҳҳост ва мумкин аст ба Аврупо ҳам кашида шавад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари шинохта шудаи ҷаҳони араб дар мақолаи ҷадиди худ ба мавзӯи эътирозоти густардаи зидди исроилӣ дар донишгоҳҳои Амрико ишора карду навишт, ман ҳаргиз дар зиндагиам чеҳрае ба бадии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими ишғолгар надидаам, ки бо интишори наворе дар шабакаи иҷтимоии Х инқилоби донишҷӯӣ дар донишгоҳҳои Амрикоро маҳкум карда ва онро баробар бо яҳӯдситезӣ донист.
Бузургтарин дастоварди Нетаняҳу барои султа бар афкори умумӣ нобуд шуд
Атвон дар ин мақолаи худ эълом кард, ки Нетаняҳу Амрикоро ба хубӣ мешиносад ва ба ҳамин далел медонад, ки густариши ин инқилоби донишҷӯӣ мумкин аст то сарнагӯнии кабинаи нажодпарасти Исроил идома дошта бошад, мушобеҳи иттифоқе, ки дар замони ҷанги Ветнам ва низоми фашисти нажодпараст дар Африқои Ҷанубӣ рух дод; яъне замоне, ки инқилобҳои донишҷӯии Амрико шурӯъ шуд ва то замони расидан ба аҳдофи комили худ дар таваққуфи ҷангҳои Ветнам ва ҳамчунин суқути низоми нажодпараст дар Африқои Ҷанубӣ ва нобудии қавонини нажодпарастона алайҳи сиёҳпӯстон дар Амрико мутаваққиф нагашт. https://tajikpress.com/2024/04/28/%d1%87%d0%b0%d1%80%d0%be-%d2%9b%d0%b8%d1%91%d0%bc%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%88%d2%b7%d3%af%d1%91%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81/

Комментарии

Комментариев нет.