Дарди ишк

Назокат солхои охири
оиладориаш эхсос мекард, ки
шавхараш тайгир ёфта мисли
солхои аввали хонадори уро
навозишу мехрубони намекунад.
Дигар барояш бегохихо гул
намеорад. Дигар барояш суруд
намехонад. Мисли аввала хазлу
шухи намекунад. Хол он ки дар
вакташ онхо дуст дошта хонадор
шуда буданд. Низом писари
ягонаи падари сарватмандаш
буду Назокат духтари саввуми
хонадони омузгоре. Дар деха
атрофи ишку мухаббати онхо
овозахои зиёде пахн шуда буд.
Падари Низом бе модар
писарашро калон карда барои ў
тамоми шароитхоро фарохам
оварда намегузошт, ки ба пояш
хоре халад. Низом донишгохи
Олмонро хатм карда ба деха
баргашт. Дар шахр падар барояш
хонаи панчхучраги харида доду
аз пайи зан додани у шуд. Аммо
Низом катъи гуфт, ки духтари
Карими муаллимро мегирад,
вагарна дигар дар хаёташ зан
намегирад. Падар ноилоч ба
хотири писар рози шуда ба хонаи
Назокатиино хостгори омад. Туйи
бодабдаба ороста онхо зану
шавхар шуданд. Зиндагиашон
мисли асал ширину гуворо буд.
Аммо муддати 12 соли зиндагии
зану шавхари аз онхо фарзанде
ба дунё наомад. Ба давлатхои
хорич рафта зану шавхар худро
табобат намуданд, аммо бефоида.
Назокат аз бефарзандиашон
сухта-сухта дилаш хокистар
гашта буд. Доимо дар хобаш
тифлеро медид, ки суяш огуш
мекушояд.Охир ў медонист, ки
айб дар шавхараш аст, аммо
харгиз сирашро бой намедод.
Метарсид, ки шавхараш бемор
шуда даст ба худкуши назанад.
Рузе ба шавхар гуфт, ки шояд аз
сагерахона тифлеро ба фарзанди
гиранду пайи ќадами у онхо
фарзанддор шаванд. Аммо Низом
ин суханони уро раъд карда
гуфт, ки агар Худо дихад, аз
худаш бошад. Фарзанди бегона
барояш харгиз лозим нест.Низом
ку дигар шавке ба зиндаги
надошт. Хатто ба хона омадан
намехост. Падараш доимо таъна
мекард, ки худаш як писар асту
бояд занаш пайи хам барояш
фарзанд таввалуд мекард. Низом
чанд бор ният кард, ки аз Назокат
чудо мешавад, вале дилаш ба
зани зебову мехрубонаш месухт.
Назокат девонавор шавхарашро
дуст медошт. Баъди андешаи
зиёд Назокат бо шавхар ошкоро
дар ин бора сухбат карда гуфт,
ки розу аст у зан гирад ва худро
биозмояд. Низом суханони уро
гуш карда сар чунбонд. Чунки
кайхо боз ба духтари чавоне дил
баста уро мачнунвор дуст
медошт. Вале духтар шарт
гузошта буд, ки аз занаш чудо
шуда уро бо тую тамошо никох
карда гирад. Низом бошад
хайрон монда буд байни занашу
дустдоштааш. Охир чи хел
Назокатро бароварда аз дар пеш
кунад. Низом зиёд дар ин бора
фикр карду окибат ба хулосае
омад, ки барои занаш хона
харида медихаду баъд бо хуши
аз у чудо мешавад. Назокат
бехабар аз андешаи шавхар ба
хона падар барои гузаронидани
туйи хохараш рафт. Аммо аз байн
як мох гузашту Низом барои
бурдани хамсараш наомад.
Назокат ба у занг зада гуфт, ки
худаш рафтан гирад ё не. Аммо
Низом бо кахр гуфт, ки ў барои
чудо шудан ба суд ариза додааст.
Назокат баъди шунидани ин
суханони шавхар карахт шуда аз
гап монд. Фаќат бо гиря дилашро
холи мекард. Мехост ки бимирад,
чунки бе Низом зиндаги барояш
маъни надошт.Он чунон
шавхарашро дуст медошт, ки
шояд дар дунё аз ду яке у бошад.
Акси шавхар ба даст дар болои
чойнамоз аз Худо зори мекард, ки
уро аз азизи дилаш чудо насозад.
Чашм кушода Низомро дида буд.
Ишкаш мисли оташи сузон буду
хеч гох оташи он паст
намегардид. Назокат метарсид, ки
шавхар ботамом аз бахри у
барояд. Онгах дигар у зистан
намехохад.Ба худ мегуфт: ….Ишки
ќалбсузу мучизаосоро аз Яздони
пок борхо зори кардам. Шукри
бехад аз он ки Низом насибам
гашт. Вале оне , ки дар
нихонхонаи дили ман аз мехр хон
гусурдааст, худ хануз намедонад
ки гунох аз кист. Чаро калби
беолоишамро аз мехри садоќатат
лабрез намудиву кунун аз дур
маро месузи.
Низом бошад ин лахзахо ба туй
тайёри медид. Дар тарабхонаи
пуршукухе туйи домодиашро
гузаронида хурсанди мекард.
Аруси навро ба хона оварда мохи
асалашро мегузаронид. Хабари
зангирии шавхарашро шунида
якбора Назокат мисли касалихои
рухи гардид. Дод мегуфту
сарашро ба девол мезад.У дар
хаёлаш рох намедод ки рузе
Низоми азизаш ба у хиёнат
мекунад. Падараш уро ба
беморхона бурд. Духтур гуфт, ки
Назокат рухан худро аз даст дода
охиста-охиста шояд девона
шавад. Низом аз хонахари барои
занаш даст кашид. Чунки зани
чавонаш ба у маслихат дод, ки
агар занаш фарзанд медошт,
шояд мумкин буд, аммо холо у
хакки чизе надорад. Низом
ботамом Назокатро аз хотираш
фаромуш карда хушу ёдаш ба
зани наваш буд. Зани наваш
аввалхо худро хушмуомила
нишон дода дили шавхарро бо
сухани хуш ба даст овард.
Нияташ ин буд, ки тамоми чизу
чораи шавхарро ба номи худаш
кунад. Дар сараш фикри бо
шавхар зистану фарзанд
таввалуд кардан набуд. Аммо
Низом шайдои хусну чамоли у
чизеро пайхас намекард. Назокат
соат ба соат бемор шуда касеро
намешинохт. Падар рузе ба
хонаи собиќ домодаш омада уро
сурог кард. Занаш аз дами дар
пурсид, ки даркор аст.
-Низом хаст ми?
-Ха дароед.
Низом дами дар хусурашро дида
хайрон шуд.
-Писарам ман ба ту дар танхои
гапи мухим дорам.
-Мархамат, гузаред.
-Писарам, ту дар пеши чашми
худам калон шудаи. Ба хар хол
хамдехаем.
-Амак, шафтолуи гапро гуед, чи
мехохед?
-Медони писарам, Назокат бемор
аст. Бемории уро фаќат ту даво
хасти.
-Дардро Худо медихад.
-Албатта, аммо ў рухан баъди
зангирии ту касал шуд. Духтурон
мегуянд, ки ин бемории ѓамбода
аст. Шахси бемор ба васвос
афтида худ аз худ гиря мекунад,
хатто даст ба худкуши задан
мехохад. Аммо акси туро
мебинаду мешиносад. Мегуяд, ки
маро Низом омада
мебарад.Илтимос як бор ба
беморхона рафта хабараш гир
-Майлаш, меравам. Шумо шинед,
келин як ош пазанд.
-Не, бачам, меравам.
Аммо Низом наомад ба
хабаргирии собик хамсараш.
Хатто ба гушаи хаёлаш хам
наовард, ки онњо 12 сол
зиндагии мисли асал ширин
доштанд. Ба хотири он ишќу
мухаббате ки байни хамдигар
доштанд, Низом хатто боре
нарафт. Назокат дар беморхона
якбора баъди истеъмоли
дорухои мадхушкунанда мисли
аќлгумкардахо гардида худ аз
худ мераксиду гапхои ачиб
мегуфт. Гоххо аз духтури
навбатдор мепурсид, ки «агар
шавхарам ояд, маро пешаки
хабар дихед, то либоси нав
пушам»Духтур хайрон мешуд, ки
ин кадар чавонзани зебо чаро ин
ќадар зуд гамбодда гардидааст.
Дар дунё он ќадар зану
шавхарон чудо мешаванд, аммо
кам нафаре ёфт мешавад, ки ба
гамбодда гарифтор шуда
иродаашро аз даст дихад. Ин
зани солиму маълумотдор наход
ин кадар зуд иродаи худро аз
даст дода бошад. Ин ишќ
бошад..Назокат фаќат омадани
шавхарашро интизори мекашид.
Вале бо падару додарону
хохаронаш умуман гап намезад.
Назокат муйхои дарозашро бо
кайчи бурида партофта ба худ
дигар ахамият намедод. Духтури
навбатдор ки шефтаи хусни ў
гашта буд, кушиш мекард, ки бо
сухани хуш рухи уро бардорад.
Назокат фаќат номи шавхарашро
мегирифту халос. Духтур хайрон
мешуд, ки чаро ин зан ин ќадар
ба шавхараш мехр дораду аммо
шавхари бемехр хатто боре уро
хабаргири наомад. Шояд, ки у
биёду ин чавонзани зебо сихат
шавад. Вале аз байн соле гузашту
Низом ханузам ба хабаргирии
Назокат наомад. Назокат акнун
касалиаш вазнин гашта ба гурухи
беморони тамоман аклгумкарда
шомил гашта буд. Падару модар
дигар аз сихат шудани у
умедашонро канда буданд.
Назокат шабе бо кошук дари
беморхонаро кушода охиста аз
он чо баромад. Баромаду пиёда-
пиёда рафтан гирифт. Наздикии
кабристон расиду якбора
нафаскашиаш вазнин гашт.
Худро ба ќабри навканда
партофта ногањонї дилаш сахт-
сахт зада аз њуш рафт. Ваќте ки
љасади аз сардї карахт шудаи
Назокатро аз ќабристон
дарёфтанд, аллакай ў вафот
карда буд. Аммо Низом њатто ба
љанозаи Назокат наомад.Руњи
гирён домангири он
ќадрношиноси ишќаш буд. Дар
телефони мобилии Низом он
шаби марги Назокат аз ў паёми
вопасин омада буд, ки дили
касро реш-реш мекард:
«Зиндагиам бо хастии ту рангу
таровати хоссае дошт. Дунёву
одамонро ба хотири ишќи ту дуст
дошта будам. Пас ишќ худ мучиза
аст. Метавонад, ки дар як лахза
рухи инсонро бишканад ва ё ба
сарбаландихо бирасонад.
Резахои дил аз хиёнат пош хурда
афтид ба замин. Дигар нашавад
харгиз онро бардошту якчо кард.
Чунки аз бемехри , таъкир,
беэхтироми мухаббат мемирад
охир».Духтури навбатдор дар
телефонии мобилиаш ин паёми
фиристодаи уро ба шавхар дида
дар таачуб шуд, ки чи хел
Назокати аклгумкарда аз
телефони мобилии у истифода
бурда чунин суханони ачибро
навишта ба шавхараш
фиристодааст.
Вале баъди марги Назокат огоз
карда бадбахтихои Низом сар
шуданд. Занаш симои аслии
худро нишон дода акнун руз
намедод. Гап агар сари фарзанд
равад, у худро ба девонаги зада
мегуфт, ки холо хеле чавон аст
барои фарзанд таввалуд кардан.
Низом акнун хис мекард, ки
бехтарин неъмат зани хубро ќадр
накарду акнун Худо чазояшро
дода истодааст. Ваќте ки онхо ба
духтур рафта худро санчиданд,
духтур пинхони Низомро фарёд
карда гуфт, ки дар бефарзанди
айби у мебошад. Ин суханони
талх калби Низомро шикаст ба
якбораги.
Давид суйи деха ба хонаи
Назокатиино. Аммо падари
Назокат уро аз дами дар пеш
карда гуфт, ки акнун дер шуд.
Низом аз пушаймони ба худ
мепечид. Охир гунохи Назокат
набуд, ки онхо фарзанддор
нашуда будаанд. У бошад беакли
карда домони зани нопокеро
гирифту худро шармандаву
шармсор сохт. Падари Назокат бо
алам гуфт, ки духтараш аз ин роз
хануз дар хорич бохабар
шудааст, аммо нахостааст, ки
шавхараш инро фахмида гамгин
гардад. Он хуччате, ки айбдор
будани Низомро собит мехост, он
дар дасти падари Назокати
чавонмарг буд. Низом мисли
кудак гирякунон ба хона
баргашт. Худро хеч бахшида
наметавонист. Хамсараш дар
хона набуд. Аз дил гузаронид, ки
чи ќадар зани якумаш зани хубу
порсо будааст. Афсус ки хатто
ваќти бемор буданаш у боре уро
хабаргирї нарафт.Акнун хар
хафта Низом ба сари ќабри
Назокат рафта як даста гули тару
тоза мегузошт. Гирди ќабри уро
аз алафхои бегона тоза карда
руйи он санги мармар гузошт. Бо
пушаймони навишт, ки
«Оне ки ќалберо бесабаб озор
медихад, хамеша миёни маргу
зиндаги ќарор дорад. Мехаросад
аз худ, мегурезад аз вичдони
хеш.Аммо пушаймониву афсусу
надомат нашавад дастгират он
лахзахо.Танхо бахшоиши калби
ранчида метавонад кушоиши
марги сабукаш гардад».

Комментарии

Комментариев нет.