- Сураи ФОТИҲА 1 1. Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 2.Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. 3.Бахшояндаи меҳрубон, 4.Фармонравои рӯзи ҷазо. 5.Танҳо Туро мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. 6.Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: 7.Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ2 бар онҳо ва на гумроҳон3. 1. Аз он рӯй, ки калому-л-лоҳи маҷид бо ин сура оғоз мешавад, фотиҳату-л-китобаш хондаанд. Аз дигар номҳои он «Сабъулмасонӣ» аст, зеро ҳафт оя дорад ва ба ривояте ду бор ба паёмбар нозил шудааст ё дар ҳар намоз ду бор хонда мешавад. Фотиҳа ту-л-китоб дар Макка нозил шудааст. 2. Онҳоеанд, ки ҳақро донистанд ва аз он саркашӣ карданд (ҳамчун яҳудон).
- ИНҲО ПАЁМБАР (С)-РО ДӮСТ МЕДОШТАНД...“Ва ҳар касе Аллоҳ таоло ва Паёмбар (с)-ро итоат мекунад, пас онҳо (рӯзи охират) бо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло барояшон неъмат додааст, (ки иборатанд) аз паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон. Ва инҳо чӣ қадар рафиқи хубе ҳастанд.” Сураи Нисо, ояи 69 Имом Бағавӣ (р) дар тафсири худ ривоят карда аст, ки ин ояи муборака дар бораи мавлои Расули акрам (с), Савбон (р) нозил шуда аст. Савбон (р) Паёмбар (с)-ро ниҳоят зиёд дӯст медошт ва тоқати ҷудоӣ аз Ҷанобашонро надошт. Рӯзе вай назди Паёмбар (с) омад, дар ҳоле, ки хеле ғамгин менамуд ва ранги рӯяш тағйир ёфта буд. Паёмбар (с) аз вай пурсиданд, эй Савбон, чаро ранги рӯят
- Умр агар нагзарад дар рахи Мавло Умри гову хар аз у боло