Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Худованди ному Худованди ҷой,
Худованди рӯзидиҳу раҳнамой.
Худованди Кайҳону гардонсипеҳр,
Фурӯзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.
Зи ному нишону гумон бартар аст,
Нигорандаи баршуда гавҳар аст.
Ба бинандагон офаринандаро,
Набинӣ, маранҷон ду бинандаро.
Наёбад бад-Ӯ низ андеша роҳ,
Ки Ӯ бартар аз ному аз ҷойгоҳ.
Сухан ҳар чи з-ин гавҳарон бигзарад,
Наёбад бад-Ӯ роҳ ҷону хирад.
Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,
Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.
Ситудан надонад кас ӯро чу ҳаст,
Миён бандагиро бибояд-т баст.
Хирадрову ҷонро ҳамесанҷад Ӯ,
Дар андешаи сахта кай гунҷад Ӯ.
Бад-ин олату рою ҷону равон,
Ситуд офаринандаро кай тавон.
Ба ҳастиш бояд, ки хисту шавӣ,
Зи гуфтори бекор яксӯ шавӣ.
Парастанда бошиву ҷӯяндароҳ,
Ба фармонҳо жарф кардан нигоҳ.
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Ба номи Худованди ҷону хирад, - 803989983115

Комментарии

  • 14 мар 2024 09:11
    Бехтарин ситоишгари Худо