Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёри мувофиқ бувад дар барат.
Агар рӯз ҳама ғам хурӣ ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Беҳ аст аз паричеҳраи зиштхӯй,
Зани девсимои хуштабъу гӯй.
Чу ҳалво хурад сирка аз дасти шӯй,
На ҳалво хурад сирка андуда рӯй.
Киро хона ободу ҳамхона дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Ба зиндони қозӣ гирифтору беҳ,
Ки дар хона бинӣ бар абрӯ гиреҳ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кавши танг,
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг!
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
Вагар - на ту дар хона биншин чу зан!
Чу дар рӯи бегона хандид зан,
Дигар мард гӯ, лофи мардӣ мазан!
Ду касро бидидам ба як анҷуман,
Ки ошуфта буданд аз дасти зан,
Яке гуфт, касро зани бад мабод,
Дигар гуфт, зан дар ҷаҳон худ мабод.
Дари хуррамӣ бар сарое бубанд,
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Саодат барафтад аз он хонадон,
Ки бонги хурӯс ояд аз мокиён.
Зан аз чашми бегона мастур беҳ,
Чу берун шуд аз хона дар гур беҳ!
Ҳаё гар надорад дил аз вай бигир
Ки набвад зани бе ҳаё дилпазир!
Зани хуби хушхӯй хеш асту ёр,
Ҳазар аз зани зишти носозгор.
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Бирав Саъдию таъна бар вай мазан,
Ту низ ранҷ биниву бораш кашӣ,
Агар як шабе дар канораш кашӣ!
В-агар порсо бошаду хушсухан,
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ мазан.
Зани хушманиш хоҳ на рӯйхуб,
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Вале аз зани бад, Худоё, паноҳ!
﴾Шайх Саъдӣ﴿

Зани хуби фармонбари порсо, - 864313445003

Комментарии

  • 2 фев 2018 16:48
    Саъдиё таълим мадех безотро,
    Безот агар доно шавад санге занад устодро!
  • 5 фев 2018 08:00
    як нукта бас аст  агар шуур  аст.
    вар на,ки  чу шам пеши кур аст.

    касеки акл доштабоша хами газали Садира  хонданда мефахма,ки  сухан дар борай чи ё ки  рафтаистодааст
  • 6 фев 2018 22:46
    Лаззати дуне зану дандон бувад,
    Бе зану дандон ч,ах,он зиндон бувад.
  • 22 фев 2018 13:38
    Офарин шахло.
  • 22 фев 2018 15:56
    Чи дуруг?
  • 22 фев 2018 16:24
    Ду мисле бидидам ба як анчуман
    Яке фарсуда дандон, бадкирдор зан
    Харду дардест чонгудоз ба чисму
                                                            тан
    Бикан дандону бирон аз бар зан!
  • 22 фев 2018 16:52
    Зан ба марди бошараф ч,он мешавад,
    Дар мух,аббат сахт паймон мешавад.
    Лек пеши нангу номуси ч,ах,он,
    Аз гунох,и мард гирьен мешавад.
  • Комментарий удалён.
  • 22 фев 2018 20:22
    Зани бадкирдорро хамчу хор бар
                                          каф халад
    Зани бошараф хамчу сурма бар
                                      чашм кашад!
  • 23 фев 2018 18:42
    Ку чавоби хами муаммора ки пайдо мекунад

    600 парий махру 600 гулом дорад.
    100 гардиши шабафруз дойм ба дом дорад.
    100 косай пур аз зар дар пеши хар кадомаш.
    Ёбед ай азизон к-инхо чи ном дорад?
  • 11 мар 2018 15:28
    Хело сар кафондам лек чавобе пайдо нашуд!
  • 24 мар 2018 20:00
    Апа и шеъра аз эчодиёти худай чи
  • 31 мар 2018 22:50
    Корхо ба казову кадр вобаста аст ё ба съйу кушиш?
    Саъйу кушиш казову кадро сабаб аст
  • 19 апр 2018 17:52
    Саади бузурвор как всегда прав как в воду глядел...
  • 20 окт 2018 16:36
    Зан дуст бувад, вале замоне,
    То ч,уз ту наёфт мех,рубоне.
    Гар дарбари дигаре нишинад,
    Хох,ад, ки дигар туро набинад.
  • 9 ноя 2018 18:43
    Зан дуст набвад ,дар ду чахоне
    Хиёнат пеша кард замоне
  • 15 янв 2019 23:14
    Бехтарин суханхо дар бораи зан
  • 4 апр 2019 18:23
  • 1 июн 2019 13:18
    Фотография
  • 3 июл 2019 12:00
  • 28 янв 2020 00:15
  • 17 мая 2020 10:42
    .
  • 14 дек 2020 06:19
    Офарин
  • 8 июн 2022 19:01
    Бишнав,ки ин сухани Кайхусрави Кайкубод,
    Хазор нафрини бар зани нек бод.
  • Комментарий удалён.