Аз марги падарҷони

азизам ба фиғонам.
Ғурбатзадаву порадилу
хастаравонам.
Ҳарчанд бидонам, ки
дигарбора наояд,
Ҳар лаҳзаву ҳар гаҳ ба раҳаш
ман нигаронам.
Ӯ такягаҳу ёвару ғамхор ба
ман буд,
Дардо , ки кунун бекасу танҳо
ба ҷаҳонам.
Сад бор ба ман занг ҳамезад
саҳару шом,
Гар буд хабардор,ки бар деҳа
равонам.
Ман бар ҳама лутфу карамаш
зораму пазмон,
Омад ба лабони мани
мотамзада ҷонам.
Амвоҷи табассуми лабонаш
ҳама дар ёд,
Ин хотира ман то ба лаби гӯр
расонам.
Акнун ба раҳам ҳеҷ касе дида
ба раҳ нест,
Монанди падарҷони ҳабибу
ҳамадонам.
Хунбор бувад аз аламаш
чашми тари ман,
Дар фасли баҳорони ҳаётам чу
хазонам.
Дар айни камолаш зи ҷаҳон
рафт баногаҳ,
Афсӯс, падарҷони ҷавонмарду
ҷавонам.
СИНОИ АБӮАЛӢ.

Комментарии