Қурби Карими Ламязал бенихоят аст,

Болу пари тарики вай аз завки холат аст.
Дарбори бениёз ба кас чои ниёз нест,
Чумла мукаррабон ба он дар хичолат аст.
Он тушае ки лозими ин рах ба ташнагон,
Дарёб эй хучаста ,ки чоми мухаббат аст.
Сад Боязид ташна бимирад зи нуши у,
Ташнагии зиёд аз нуши шарбат аст.
Точи шаханшохи настонад гадои у,
Иззат нахост он,ки ба даргохи иззат аст.
Огох шав хисоби нафас ношуда тамом,
Зоди мусофирона бар роху мухлат аст.
Тоат бувад мурод зи иншои бандагон,
Санге,ки лаъл гашт зи ташрифи хидмат аст.
Ин давлати дурузаи дун бебако бувад,
Дил зинда кун ба ишк,ки човид давлат аст.
Соки биё,нахост Чунун Кавсару бихишт,
Кавсар сиришку доги дилам боги чаннат аст

Комментарии

Комментариев нет.