Ошик аз хасрати рухсори гулаш хор шавад,

Хамчу Мансур зи вучудаш ба сари дор шавад.
Хом бар дидаи зохид машави,ки аъмост,
Дидаи дил бикушо сохиби асрор шавад.
То кай аз ташвиши дун,хуй куни пургуи,
Зикри дил кун ба хомуши,ки пуранвор шавад.
Дил агар хуфта бошад,дидаи бедор чи суд,
Хозир он аст дили хуфтае бедор шавад.
Cухтанро ту зи парвона биомуз,эй дил,
Хар ки восил шуд,аз ин зиндаги безор шавад.
Нолаи доги дил аз булбули шурида шунав,
Дард хар чо,ки расад нолаи бисьёр шавад.
Ошики содики,бар нола камар банд чу най,
Аз рахи нола ба ту шафкати дилдор шавад.
Аз хама ранчи чахон офият он гах ёби,
Ки тан аз доги дили сухта бемор шавад.
Лаззати бодаи тавхид ба фирдавс мадех,
Чаннат он аст,ки чон восили дилдор шавад.
То дурангист,муваххид ба ду олам нашави,
Дил шавад восили у,фориги агёр шавад.
Эй Чунуни,нашави солики фирдавсталаб,
Ошик он бех,ки ба чон толиби дидор шавад.

Комментарии

Комментариев нет.