Баьди хар-як шоми зулмон,боз меояд сахар,

Баьди хар-як талхии ком,боз мебояд шакар.
Баьди хар-як гушнаги сери биёяд аз пасаш,
Бо умеди нек ба суйи зиндаги бинмо назар.
Хамчу номи марди дори,мард бош чун номи худ!
Хеч харосидан набояд аз ягон хавфу хатар!
Бахри мо бе хикмати Рахмон наояд хеч чиз,
Шукр бинмо эй бародар,хар-чи меояд ба сар.
Модаратро-модаратро,аз тахи дил дуст дор!
Неки бинмо-неки бинмо,доимо бахри падар!
Давлати Дунёву симу зар биёби пешу-пас,
Ин ду гавхарро набитвони хари бо симу зар.
Окибат бар хок яксон мешавад чони хама,
Пас чи лозим кибр доштан,пас чи лозим карру фар?
"Аз худат монди зи Олам монди"-гуянд,рост аст!
Рузи вазнинии ту нест дар бари ту як нафар.
Ноумед харгиз мабош,ту дар талоши ризки худ!
Зиндаги гарчанд туро бинмуд fарибу дар ба дар.
Чашми бино,пойи рахрав дори ин худ неьмат аст,
Хаст инсоне надорад пою хам нури басар.
Аз факири faм махур,чун хасти озод дар замин!
Бандае бар махбасе банду факат бо чашми тар.
Як умедворе шабу руз нола дорад бар Худо,
Аз faми нобудани фарзанд шуда хуни чигар.
Кудаке гар дори ношукри макун як лахзае!
Шукри хастияш намову хар-чи мехохад бихар!
Рузу шаб дорам талаб аз Зоти пок ризвони у,
Тарс дорам он-чунон аз оташу сузи сакар.

Комментарии

Комментариев нет.