Комментарии
- 13 июл 2013 12:07DILSHODI ABDULLO (OfficiαL pαGε)ЗИНДА БОШИ БАРОДАРИ АЗИЗ!
- 13 июл 2013 23:37๑۩۩๑Т•А•Д•Ж•И•К•И•С•Т•А•Н๑۩۩๑
- 10 авг 2013 23:18точик Точикзиндаги бе модар талх аст
- 25 сен 2013 22:22ooooooooooo aaaaaaaaaaaсадхо ташакур барои сухани некатон, бародар
- 25 сен 2013 22:22ooooooooooo aaaaaaaaaaaсадхо ташакур барои сухани некатон, бародар
- 19 окт 2013 18:54Нуриддин Алиевхамеша бо МоДаР бошед азизон
- 19 окт 2013 18:54Нуриддин Алиевхамеша бо МоДаР бошед азизон
- 15 мар 2014 20:30♛ MOBSTER ♛da gapt klaaas akka
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
๑۩۩๑Т•А•Д•Ж•И•К•И•С•Т•А•Н๑۩۩๑
Cоати 3-и шаб занги телефон мешавад.
Писар гўшаки телефонро мебардорад. Дар гўшаки телефон садои модар мебарояд, фарзандам саломатият хуб аст?
Фарзанд:- хубам, ягон коре шудааст?
Модар: - Ҳеҷ гап нест, танҳо хостам, овозатро шунавам.
Фарзанд гуфт:- Модар барои овози маро шунидан дар нисфи шаб занг мезанӣ?
Модар пурсид:- нороҳат кардам магар?
Фарзанд: - Бале, нороҳат кардӣ.
Модар гуфт, писарам 22 сол қабл, ту ҳам маро нороҳат карда будӣ, зодрўзат муборак.
Писар ба худ омаду гуфт: Мебахшед модарҷон!
Модар бо садои ҳамеша меҳрубонаш гуфт:- ҳеҷ гап не писарам, шаб ба хайр, ором бихоб.
Аммо хоб аз чашмони писар парид ва шаб дар назараш ба сол табдил шуда буд. Саҳар шуд писар ба сўйи хонаи модар шитофт, хост аз модар узр пурсаду ташаккур гўяд, вале вақте, ки он ҷо расид, дид, ки дасти модар дар болои телефон монда ва дар ҳамон ҳолат ҷон ба Ҷонофарин супоридааст...!!!
Биёед, ҳар лаҳзаҳои бо мо будани модаронро истифода карда хизмати онҳоро аз таҳти дил ба ҷо орем ва дуои бебаҳои онҳоро гирем, вагарна мисли ин писар дер намонем.
Қалби пурмеҳри модар то абад осуда нест.
Қалби ў дар зери хок ҳам ёди фарзандон кунад!!!