Бародарон ва хоҳарони гиромӣ!

Иҷозат бидиҳед, то аз фурсат
истифода бурда, якояки шуморо бо
фарорасии иди КУРБОН табрик гуфта,
бароятон тамоми хушиҳои дорайнро аз
боргоҳи илоҳӣ таманно намоям.
Бигузор, ҳамеша садои дилнишини Қуръон
дар хонадони мову шумо танинандоз
бошад, хонаҳоямон бо намозҳои дили шаб
нуронӣ гардад, амалҳои некамон ҳаргиз
гусаста мабод ва махсусан қалбҳоямон
нисбати ҳамдигар поку беолоиш бошад.
Аз Аллоҳ таоло таманнои онро дорам, ки
уммати исломро аз ҳолати парокандагӣ ва
мазлумият берун сохта, ба баландтарин
қуллаҳои иззатмандӣ ноил гардонад.
Бори дигар, Худованд амалҳои неки моро
холисона бипазирад ва идатон муборак
бошад.

Комментарии

Комментариев нет.