Бисмилахир-рахманир-рахим алхамду ли-л-лахи роби-л-аъламин ва-с-салату ва-с-саламу ала ашрафи-л-анбиёи ва-л-мурсалин. Вa ала алихи ва асхабихи аджмаъин. Аммо баъд: ХАДИСИ САХЕХ: Он хадисе аст, ки иснодаш муттасил бошад,ба ривояти ровии одил, холи аз шозу иллат бошад. ХАДИСИ МУТТАФАКУН АЛАЙХ: Он хадисе аст,ки бо як тарик бухори ва муслим онро ривоят кардаанд. ХАДИСИ ХАСАН: Он хадисе аст, ки заъифии он эхтимол дошта бошад ва дар исноди он ровй муттахам ба хизб набошад. Ё хадиси хасан он хадисеро гуянд ,ки тамоми шартхои хадиси сахех дар он бошад. ХАДИСИ ЗАЪИФ: Он хадисе аст, ки дар он шартхои хадиси сахех ва хасан набошад