Шавҳар: Намози асрро хонди?

Зан: Не!
Шавҳар: Чаро?
Зан: Аз кор хаста шуда омада будам, каме истироҳат кардам.
Шавҳар: Хуб, дам гирифта боши, хез намозатро бихон, ҳозир шом мешавад.
Рузи дувум шавҳар ба командировка рафт. Одатан ба манзил расад ба занаш занг зада мегуфт, ин дафъа занг назад. Занаш хавотир шуда ба шавҳараш занг зад. Аммо телефонро ҳеч кас набардошт. Зан беҳад ба хавотир афтода, ин тавр шуданаш мумкин нест, охир ҳар дафъа ба манзил, ки бирасад дарҳол занг мезад-ку гуфт. Ниҳоят баъд аз 2 соат ба телефони зан занг омад. Телефонро бардошта: Нағз расидед дадош? -гуфт.
Шавҳар: Бале, нағз расида омадам Алҳамду лиллаҳ.
Зан: Кай расидед?
Шавҳар: Тахмиман 4 соат шуд.
Зан асабонӣ шуда: 4 соат шуда асту, боре ҳам занг намезанед а?
Шавҳар: Хаста шуда омадам, каме истироҳат кардам.
Зан: Барои ман 2 дақиқа наёфтед, ки зангам занед? Ман аз шумо бисёр хавотир шудам охир. Ёки занги маро нашунидед магар?
Шавҳар: Чаро? Шунидам.
Зан: Пас чаро набардоштед, шумо маро фикр намекунед гуфт гиря карда.
Шавҳар: Дирӯз ту ҳам овози азонро шунида, хотирҷам истироҳат карди. Аллоҳ туро барои бо худаш мулоқот кардан хонда буд-ку?
Зан: Рост гуфтед, маро бубахшед.
Шавҳар: Аз ман бахшиш напурс, балки аз Аллоҳ бахшиш бипурс. Дигар ин ҳол такрор нашавад. Охир ман бо ту як умр дар Ҷаннат будан мехоҳам. Дар ҷаннат ҳам бо ту будан мехоҳам. Дигар намозҳоятро қазо макун гуфт.
Баъд аз ин, зан намозҳояшро пурра адо карданро пеши мақсад гузошт.
Худованд занҳо ва мардҳои мусулмонро дар ҷаннат ҳам якҷо кунад. Ба ҳамаи мо хушбахтии дунё ва охиратро насиб кунад.

Шавҳар: Намози асрро хонди? - 838744632286

Комментарии