ФАРИШТАҲО!

[Қисми 2].
ФАЪОЛИЯТИ ФАРИШТАГОН!
Дар фариштаҳо дараҷаҳои гуногун мавҷуд аст:
Фариштаҳои асосӣ:
1) Ҷабраил,
2) Азроил,
3) Мекоил
4) Исрофил.
Ҷабраил фаришта дар байни ҳамаи фариштаҳо афзалтарин фаришта дониста мешавад. Вазифаи он байни Аллоҳ таъоло ва паёмбаронаш воситачи шуда ваҳӣ (паём, хабар) расондан аст.
Вазифаи фаришта Азроил, дар вақти вафот кардани инсон ҷони инсонро гирифтан аст.
Мекоил фаришта абру шамолҳоро идора мекунад.
Исрофил фаришта рузи қиёмат шавад Сурро медамад.
Фаришта Ризвон посбони ҷаннат, ва Молик бошад посбони дӯзахт аст.
Боз фариштаҳое ҳастанд, ки онҳо бединҳоро дар дӯзахт азоб медиҳанд.
Дигар фариштаҳое ҳастанд, ки онҳо рӯйидани набототро назорат мекунанд. Боз дигар фариштаҳое ҳастанд, ки онҳо аз дарахт чанд то барг рехтанашро ҳисобу-китоб мекунанд.
Рақиб ва Атид фариштаҳо ба инсон аз таваллудаш то вафоташ ба инсон ҳамроҳ шуда, амалҳои хубу бадашро менависанд. Дар ин бора дар Қуръони Карим чунин гуфта шуда аст:
إِذْ يَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّيَانِ عَنِ الْيَمِينِ وَعَنِ الشِّمَالِ قَعِيدٌ
(Қоф - 17)
Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд.
مَّا يَلْفِظُ مِن قَوْلٍ إِلَّا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ
(Қоф - 18)
Ҳар каломе ки мегӯяд, албатта дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.
(Сураи Қоф, 17-18).
Фариштаи Ратоил дар ҳолати мусалмонҳоро ғаму душворӣ фаро гирифтан, онҳоро ором мекунад.
Ҳангоми роҳгузарҳо роҳро гум карданашон, дигар фариштаҳо барои роҳ ёфтани онҳо роҳ нишон медиҳанд.
Тифли дар батни модар бударо шакл кунанда ва аз шайтон ҳимоя кунанда фариштаҳо низ ҳастанд.
Фариштаҳои Мункар ва Накир инсонро баъд аз вафоташ дар қабр саволу-ҷавоб мекунанд.
Чуноне, ки паёмбар (с) гуфтанд: "Чун мурдаро дар гӯр ниҳанд, ду фаришта наздики он оянд: азрақон ва асвадон - сиёҳрӯён ва сабзчашмон. Ва оташ аз даҳони эшон меҷаҳад ва дуд аз бинии эшон берун меояд. Ва заминро ба ашкҳои (ашкҳо яъне дандони неш) хеш медаронанд, то бад-он гӯр бирасанд. Худои азза ва ҷалла он мурдаро зинда гардонад, то ҳар ду фаришта онро се суол кунанд: як суол он бошад, ки гӯянд: "Ман Раббука?" - "Худои ту кист?"; дуюм гӯянд: "Ва мо динука?" - "Дини ту чист?"; сеюм гӯянд: "Ва ман набийюка?" - "Пайғамбари ту кист?". Агар ҷавоби савоб гӯяд, некбахт бошад, ва агар, ки ба савоб нагӯяд, бадбахт бошад.
[Китоби "ас-Саводу-л-аъзам", масъалаи 13, саҳифаи 51-52].
Боз фариштаҳое низ ҳастанд, ки дуруду салавотҳои дар ҳаққи Пайғамбар (с) гуфташударо мерасонанд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтаанд:
«Аксиру алайя салота явмал ҷумъати ва лайлатиҳо, фаинна салотакум маърузатун алайя…».
Дар рўзи ҷумъа ва шаби он бар ман бисёр дуруд фиристед. Зеро дуруду салоти фиристодаи шумо дар ин шабу рўз ба ман мерасад.
[Ривояти Абу Довуд].
Боз фариштаҳои бешуморе ҳастанд, ибодат кунанда ва тасбеҳ гӯяндаанд.
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегӯяд, ки Худои таъоло дар миёни ҳар осмон нуре офаридааст, аз он нур фариштагони бешумор. Ва эшонро илҳом додава тасбиҳу тақаддуси таҳмиду таҳлил мекунанд ва аз Худои азза ва ҷалла як соат наёсоянд. Ва агар як соат аз зикри Худои таъоло ғофил бимонанд, дарҳол бисӯзанд.
Ва баъзе аз он фаришта дар қиём ва баъзе дар рукуъ ва баъзе дар суҷуд ва баъзе дар қуъуд то рӯзи қиёмат як соат аз тоаът наёсоянд. Чун рӯзи қиёмат шавад, забон ба узр бикшоянд, ки "Субҳонака мо ъабаднока ҳаққа ъибодатика" яъне: эй Худо, напарастидем туро чунон ки ҳаққи парастидан турост.
Ин чунин 19 нафар фариштаҳое ҳастанд, ки Аллоҳ онҳоро бар дӯзахт муваккал (вазифадор) сохтааст.
Дар ин бора ояти Қуръон чунин мегӯяд:
عَلَيْهَا تِسْعَةَ عَشَرَ
Нуздаҳ фаришта бар он вазифадоранд.
[Сураи Муддассир, ояти 30].
Ҳамаи фариштаҳо ба амри Аллоҳ итоаткунанда ҳастанд. Дар ҳаққи онҳо суханҳои бад, суханҳои қабеҳ ва дуои бад кардан ноҷоиз аст.
Масалан: Фариштаи Азроил барои ҷони касеро гирифтан аз ҷониби Аллоҳ мукаллаф (вазифадор) карда шудааст. Аз ин сабаб дар бораи Азроил суханҳои бад гуфтан мумкин нест.
Ин чунин онҳоро писари Худо гуфтан ёки бо чунин гапҳои баландпарвоз онҳоро таъриф кардан мумкин нест. Яъне ҷоиз нест.
ХАТОГИҲО ВА НОДУРУСТФАҲМИ ДАР БОРАИ ФАРИШТАҲО!
Ҳамаи махлуқотҳои офаридашуда, чӣ гуна офарида шуда бошанд, ҳамон гуна мемонанд. Инсон - дар инсонияш мемонад, ҷин - ҷин мемонад, инчунин фаришта - дар фариштагияш мемонад. Иблис, яъне шайтон ҳеҷ гоҳ фаришта набуд, аз ҷинҳо буд.
Ҳамаи фариштаҳо аз гуноҳ фориғ ҳастанд.
Дар байни одамизот паҳн шудаги гап "баъд аз вафоташ одамизот ба фаришта табдил меёфтааст" - гуфтаги гап, гапи бофта аст.
Сурати фариштаҳоро кашидан мумкин нест. Онҳоро ба қиёфаи кӯдаки ёши қанотдор тасвир кардан (кашидан) ҷоиз нест. Ба қиёфаи зан ҳам нодуруст аст.
Бо ҳамин мавзуи "Фариштагон" ба охир расид.
Аллоҳи меҳрубон дунё ва охирати ҳамаи моро обод гардонад.

Комментарии

Комментариев нет.