tajikpress
9 мая

300 ҳазор сарбози украинӣ аз ҷанг бо Русия фирор карданд

Як рӯзномаи русӣ ба нақл аз як коршиноси низомӣ унвон кард, ки шумори низомиёни фирории артиши Украина ба 300 ҳазор нафар расидааст.
Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, рӯзномаи русии “Фактический аргумент” дар гузорише навишт: шумори низомиёни фирорӣ аз артиши Украина аз замони оғози ҷанги ахир ба 300 ҳазор нафар расидааст.
Дар ин гузориш ба изҳороти ахири яке аз низомиёни фирории украинӣ дар сафҳаи шахсии вай дар Телеграм ишора шудааст, ки гуфтааст: теъдоди фирориён аз артиши Украина ба таври густурдае дар ҳоли афзоиш аст.
Вай дар идома афзуд: ман ба ҳамроҳи 74 низомии дигар ба тозагӣ аз хидмат дар артиш фирор кардем, чун онҳо бо сарбозон бархурдҳои тавҳиномезе дошта ва шахсияти онҳоро мешикананд.
Вай афзуд: дар бархе маворид низ сарбозони украинӣ аз сӯи мофавқҳои худ мавриди зарб ва шатм қарор мегиранд, ки ин масоил боис мешавад беҳтарин тасмим барои онҳо фирор аз артиш бошад. https://tajikpress.com/2024/05/09/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d3%a3-%d1%84%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%80/

Комментарии

Комментариев нет.