tajikpress
19 мая

Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ дар бархи манотиқи марзии Тоҷикистон

Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ барои ғайриқонунии сарҳад рабт дода мешавад.
Ба гузориши манбаъ:
Аз шаҳрвандони дохилию хориҷӣ даъват шудаст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.
Постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандон, аз ҷумла хориҷиҳоро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд, иттилоъ дод Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ хостааст, муқаррароти воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадиро риоя кунанд.
Таҳкими тадобири амниятӣ ба вазъияти мураккаби минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон рабт дода шудаст. https://tajikpress.com/2024/05/19/%d0%bf%d1%83%d1%80%d0%b7%d3%af%d1%80-%d1%88%d1%83%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d0%b4%d0%be%d0%b1%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d1%82%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%b0/

Комментарии

Комментариев нет.