tajikpress
23 мая

Нигаронии Пентагон аз қудрати Санъо дар анҷоми муҳосираи баҳрии Исроил

Бо ҷиддӣ шудани доманаи таҳдидоти Санъо бар зидди ишғолгарони саҳюнистӣ дар минтақа, як мақоми Пентагон бо эътироф ба қудрати таслиҳотии Санъо нисбат ба густариши таҳдидоти Яман зидди манофеъи режими палиди саҳюнистӣ дар обҳоии Мидитарона ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар шароите, ки Кохи Сафед ва муттаҳидони ғарбии Амрико аз иродаи пӯлодини мардуми Яман дар ҳимоят аз ормони Фаластин ва муқовимат ва мардуми муқтадири Навори Ғазза огоҳӣ доранд, афзоиши доманаи таҳдидоти артиши Яман зидди манофеъи Амрико ва Исроил дар минтақа, инак ба нигаронии ҷиддии мақомоти Кохи Сафед мубаддал шудааст.
Дар ҳамин иртибот, як мақоми аршади вазорати дифоъи Амрико эълом кард, ки Яманиҳо дорои силоҳҳое ҳастанд, ки бурди он ба дарёи Мидитарона мерасад.
Ин мақоми амрикоӣ, ки хоста номаш фош нашавад ба Блумберг гуфт: Вашингтон нигарон аст, ки Яман ҳамалоти худ ба киштиҳоро ба фаротар аз дарёи сурх ва халиҷи Адан густариш диҳад.
Мақоми Пентагон афзуд: гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман силоҳҳои пешрафта дар ихтиёр доранд ва мушакҳои баллистикӣ, ки ба шакли бесобиқае мустақар кардаанд; Илова бар ин онҳо аз паҳподҳо дар ҳамалоти худ истифода мекунанд. https://tajikpress.com/2024/05/23/%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d1%8a%d0%be-%d0%bf%d0%b5%d0%bd%d1%82%d0%b0%d0%b3%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/ \

Комментарии

Комментариев нет.