tajikpress
25 мая

Муовини сарвазири Испания: Фаластин аз наҳр то баҳр озод хоҳад шуд

Муовини сарвазири Испания пас аз он ки Мадрид, кишвари Фаластинро ба расмият шинохт, дар баёнияи видеоӣ аз Фаластин ҳимоят кард.
Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Йоланда Диас (Yolanda Díaz), муовини дувуми сарвазири Испания пас аз он ки Мадрид кишвари мустақилли Фаластинро ба расмият шинохт, дар видеое ҳимояти комили худро аз Фаластин эълом кард.
Йоланда Диас, дар ин видео бо такрори шиори намодини Фаластиниён гуфт: Аз наҳр то баҳр, Фаластин озод хоҳад шуд.
Педро Санчез, сарвазири Испания низ пас аз ба расмият шинохтани Фаластин таъкид кард: кишварҳои дигари аврупоӣ низ аз Испания табаият хоҳанд кард. Ҳар чи теъдоди мо бештар шавад, оташбас зудтар муҳаққақ хоҳад шуд. Мо таслим нахоҳем шуд.
Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, чаҳоршанбе ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба тасмими Испания, Норвегия ва Ирландия мабнӣ бар ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, ба сафирони Телавив дар ин се кишвар дастур дод ба арозии ишғолӣ бозгарданд.
Исроил Каттс, вазири хориҷаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ин вокуниш гуфт: тасмими имрӯз як паём ба Фаластиниҳо ва тамом ҷаҳон мухобира мекунад; Терроризм бепосух намемонад. Ин кишварҳо тасмим гирифтанд, ки (пас аз бузургтарин ҳамлаи Ҳамос дар ҳафтуми октябр) бо ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, ба Ҳамос подош бидиҳанд. https://tajikpress.com/.../%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1.../

Комментарии

Комментариев нет.