Худо ҳофиз РамазонГузашт моҳи сиёму расид иди сиёмКунед яксара баҳри намози ид қиёмАгарчи рафт маҳи рӯзаву маҳи тасбеҳМуборак аст ба аҳли сиём иди қиёмШароби Кавсару боғи биҳишту ҷилваи ёрБа рӯзадор ҳалолу ба рӯзахор ҳаромБароти афв бигиред аз Худои КаримКи гашта афви умумӣ ба дӯстон эъломҲазор ҳайф дареғо чи зуд поён ёфтМаҳе, ки дасти Илоҳӣ ба мо хӯронд таомДуруд бод ба моҳе, ки буд моҳи дурудЗи раҳмату баракоту наҷот дод паёмДуруд бод ба моҳе, ки дошт лайлаи қадрДуруд бод ба моҳе, ки буд моҳи тамомДуруд бод ба моҳе, ки аз насими хушашРасид бӯи Худованд дам ба дам ба машомБа вусъати ҳама олам барои меҳмононКушода буд Худованд суфраи итъомСавоби рӯза худаш буд, беҳтар аз ин чист?Зи ҳар каромату лутфу инояту икром
حرف های دل
:Абдусалом Амин
Иди Фитр бар ҳамаи мусулмонон муборак бод!
Худо ҳофиз Рамазон
Гузашт моҳи сиёму расид иди сиём
Кунед яксара баҳри намози ид қиём
Агарчи рафт маҳи рӯзаву маҳи тасбеҳ
Муборак аст ба аҳли сиём иди қиём
Шароби Кавсару боғи биҳишту ҷилваи ёр
Ба рӯзадор ҳалолу ба рӯзахор ҳаром
Бароти афв бигиред аз Худои Карим
Ки гашта афви умумӣ ба дӯстон эълом
Ҳазор ҳайф дареғо чи зуд поён ёфт
Маҳе, ки дасти Илоҳӣ ба мо хӯронд таом
Дуруд бод ба моҳе, ки буд моҳи дуруд
Зи раҳмату баракоту наҷот дод паём
Дуруд бод ба моҳе, ки дошт лайлаи қадр
Дуруд бод ба моҳе, ки буд моҳи тамом
Дуруд бод ба моҳе, ки аз насими хушаш
Расид бӯи Худованд дам ба дам ба машом
Ба вусъати ҳама олам барои меҳмонон
Кушода буд Худованд суфраи итъом
Савоби рӯза худаш буд, беҳтар аз ин чист?
Зи ҳар каромату лутфу инояту икром