مرثیه مرحوم ملا اسکندر رشتی تاجیکستانی در رثای امام حسین و شهیدان دشت کربلا و اسارت اهل بیت علیهم السلامДар ғами Оли Расул бо Карбало бигристемКӯҳу ҳомун дар намозу дар дуо бигристемДар ҳамин ғам бо ҳама арзи Худо бигристемБо малоик аз замин то бар само бигристемАҳли олам аз Сурайё то саро бигристаДар замини Карбало хуни шаҳидон шуд аламДоғи доғон аз азоби тифлакони пураламОби саҳро дар ғами он тифлакон дорад аламОфтобу моҳу аршу курсиву лавҳу қаламДар ғами шоҳи шаҳидони бало бигристаДушман омад саф ба саф андар лаби оби ФуротТашналаб ёрони ҳақ андар лаби оби ФуротГиря дорад оби дарё бо шаби оби ФуротӮст устоди бузурги мактаби оби ФуротМоҳиён дар обу мурғон дар ҳаво бигристаМодарон андар фироқи тифлакони зор-зорДухтарони бепадар бо модарони зор-зорҲам бародар бо бародар ташнаҷони зор-зорҶамъи ёрон аз барои шоҳи мардон зор-зорАнбиёву авлиё бо Мустафо бигристаИн қадар ҷабру ҷафо сахт аст бар Оли РасулБар замин дар хуни худ афтодатар Оли РасулКарбало дар Карбало хуни ҷигар Оли РасулЧун тани нозат ҷудо бошад зи сар Оли РасулИшқ бо оби Фурот аз ибтидо бигристаҶон ба каф дар Карбало бин тифлаконро сар ба сарЛола-лола ғарқ дар хун хору зору дар ба дарНест дигар мисли фарзанди ту, эй хайрулбашарГиря кун бар ин ҳама зулм ба ихлоси назарК-аз барои хотираш хайруннисо бигристаМарҳум домулло Искандари РаштӣИмрӯз панҷуми моҳи Муҳаррам аввалин моҳи соли 1447 ҳиҷрӣ-қамарӣ аст.Даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ - қамарӣ дар дашти Карбало бо лабони ташна канори руди Фурот набераи арҷманд ва маҳбуби Расули Худо (с) ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт имом Ҳусейн ибин Алӣ ва ёрони бовафояшро сар буриданд ва ба шаҳодат расонданд.Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн, бар Алӣ ибни Ҳусейн, бар авлоди Ҳусейн ва бар ёрони Ҳусейн бод!#Муҳаррам #имомҲусейн #шаҳодат #шеър #Искандар #Раштӣ #тоҷик
حرف های دل
:Абдусалом Амин
Дар ғами Оли Расул (с)
مرثیه مرحوم ملا اسکندر رشتی تاجیکستانی در رثای امام حسین و شهیدان دشت کربلا و اسارت اهل بیت علیهم السلام
Дар ғами Оли Расул бо Карбало бигристем
Кӯҳу ҳомун дар намозу дар дуо бигристем
Дар ҳамин ғам бо ҳама арзи Худо бигристем
Бо малоик аз замин то бар само бигристем
Аҳли олам аз Сурайё то саро бигриста
Дар замини Карбало хуни шаҳидон шуд алам
Доғи доғон аз азоби тифлакони пуралам
Оби саҳро дар ғами он тифлакон дорад алам
Офтобу моҳу аршу курсиву лавҳу қалам
Дар ғами шоҳи шаҳидони бало бигриста
Душман омад саф ба саф андар лаби оби Фурот
Ташналаб ёрони ҳақ андар лаби оби Фурот
Гиря дорад оби дарё бо шаби оби Фурот
Ӯст устоди бузурги мактаби оби Фурот
Моҳиён дар обу мурғон дар ҳаво бигриста
Модарон андар фироқи тифлакони зор-зор
Духтарони бепадар бо модарони зор-зор
Ҳам бародар бо бародар ташнаҷони зор-зор
Ҷамъи ёрон аз барои шоҳи мардон зор-зор
Анбиёву авлиё бо Мустафо бигриста
Ин қадар ҷабру ҷафо сахт аст бар Оли Расул
Бар замин дар хуни худ афтодатар Оли Расул
Карбало дар Карбало хуни ҷигар Оли Расул
Чун тани нозат ҷудо бошад зи сар Оли Расул
Ишқ бо оби Фурот аз ибтидо бигриста
Ҷон ба каф дар Карбало бин тифлаконро сар ба сар
Лола-лола ғарқ дар хун хору зору дар ба дар
Нест дигар мисли фарзанди ту, эй хайрулбашар
Гиря кун бар ин ҳама зулм ба ихлоси назар
К-аз барои хотираш хайруннисо бигриста
Марҳум домулло Искандари Раштӣ
Имрӯз панҷуми моҳи Муҳаррам аввалин моҳи соли 1447 ҳиҷрӣ-қамарӣ аст.
Даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ - қамарӣ дар дашти Карбало бо лабони ташна канори руди Фурот набераи арҷманд ва маҳбуби Расули Худо (с) ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт имом Ҳусейн ибин Алӣ ва ёрони бовафояшро сар буриданд ва ба шаҳодат расонданд.
Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн, бар Алӣ ибни Ҳусейн, бар авлоди Ҳусейн ва бар ёрони Ҳусейн бод!
#Муҳаррам #имомҲусейн #шаҳодат #шеър #Искандар #Раштӣ #тоҷик