Сипосгузории худро ба донишманди нуктафаҳму нуктадон, адабиётшинос, муҳаққиқи нуктасанҷ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, устод Рустами Ато, нисбати заҳматҳо барои омӯхтану навиштаҳои болояшон ба эҷодиёти банда мерасонам.

Инчунин аз кормандони рӯзномаи Шӯҳрати Ашти ноҳияи Ашт барои нашри мақолаи мазкур сипосгузор ҳастам. Саломат бошетон!

Бо устод Рустами Ато
Шеър аз баҳри мардумон гӯяд...

Падар борҳо гуфта будаш ба қавл,
Ки покизарӯ бошу шоистақавл.
Саъдии Шерозӣ

Деҳаи Пунғаз маскани зебоманзару таърихи беш аз дунимҳазорсолаи бостонӣ дорад. Ин сарманзили биҳиштосо маъвои шоирону олимону адибон гаштааст. 260 сол қабл аз ин шоири классики адабиёти тоҷику форси асрҳои 18-19 Одинамуҳаммад ибни Авазмуҳаммад бо тахаллуси Маъдан дар ин макон зиндагӣ ва эҷод намудааст. Ашъори диловези ӯ аз ҳавзаи адабии Хӯқанд то вилоятҳои Мовароуннаҳру Хуросону Ҳинд танинандоз гаштааст. Баъди 64 – соли реҳлати шоир Мулло Маъдан ибтидои асри бистум дар замони нооромӣ, ки абрҳои тира осмонро фаро гирифта буд, шоир Ороми Пунғазӣ (Исомиддин Шарофиддинов) қадам ба дунёи равшанӣ ниҳод... Аз ин пири иродатманд “Куллиёт”- и ашъор ба ояндагон мерос мондааст.
Қаҳрамони мо шоири хушадабу хушкалом Мақсудалӣ дар оилаи марди бофарҳангу маърифатпарвар Муҳаммадалӣ Ҷӯраев (равонаш шод бод!) дида ба олами ҳастӣ боз кард ва аз туфулият зери назари падар сабақи илм намуда, дар мактаб ба омӯзиши фанҳои забон ва адабиёт, таъриху ҷуғрофия хоса аҳамияти ҷиддӣ медод. Панҷ сол дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда, ин даргоҳро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Вай омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, алифбо ва матни ниёгон буда, ба шеъру адаби порсӣ рағбат ва завқи баланд дорад. Зиёдтар девони бузургони адабиёти классики форсу тоҷикро бо хати арабиасос мехонад, ҳар як вожаву маънии онро шоиста дарк мекунад ва аз маънои ашъори онҳо баҳраманд мегардад. Ӯ низ барои суфтаву равон эҷод намудани шеъри хубу дилписанд ва шоиставу барҷаста, аз худ намудани қолабу қоидаҳои илми арӯз, илми қофия, илми бадеъ ва махсусан, донистани воситаҳои тасвир ва санъатҳои бадеӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз ин боист, ашъори ӯ содабаёну руҳафзо ва ҷонбахшу фаҳмост. Шеъру ғазалҳо ва мухаммасу марсияҳояш тавассути нашрияи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт”, маҷаллаи “Паёми Суғд” ва маҷмӯаи дастҷамъонаи маҳфили адабии “Ворисони Маъдан”: “Армуғон” (2006), “Меҳрона” (2007) ва “Ҳумоюн” (2011) чоп шуда, ба замири ҳаводорони шеъри ноби тоҷикӣ ҷой гирифтааст.
Мақсудалӣ дар айни камолоти эҷодӣ қарор дошта, дар санъати мухаммас ва марсиясароӣ байни эҷодкорони маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” шуҳрати воло дорад. Ӯ дар ашъораш тасвирҳои дилкашу санъатҳои бадеиро моҳирона истифода намудааст, ки ҳангоми қироати шеър ҳис мекунӣ, гӯё дар хилватсарое нишаста, ки оҳанги он бо садои якмароми рӯди Пунғаз ҳамовоз мегардад. Шеърҳои ӯ сода, таносиби сухан ва пайвасти вожаҳо дилнишин аст, ки дар он шоир рози дилу сӯзу гудоз ва ташвишҳои рӯзгорро баён намудааст.
Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш бо номи “Насими субҳ” (2006) интишор ёфтааст. Эҷоди шеъру ғазал, мухаммасу марсияҳои ӯ шаҳодат аз он медиҳад, ки ӯ суханвари боистеъдод ва ҳунарманди шеъру шоирист, ки ба ғазалиёти бузургони адаби форсу тоҷик ва муосир Рӯдакӣ, Низомии Ганҷавӣ, Шамси Табрезӣ, Саъдии Шерозӣ, Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ, Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Бадриддини Ҳилолӣ, Сайидои Насафӣ, Маъдани Пунғазӣ, Шамсиддини Шоҳин, Файёзи Хуҷандӣ, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Лоиқ Шералӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахш, Шодибек, Зафар Аҳмад ва дигарон мухаммас бастааст.
Маҷмӯаи дуюм ва сеюми ӯ бо номҳои “Субҳи босафо” (2013) ва “Сафои зиндагӣ” (2015) дар интишороти “Анис”-и шаҳри Хуҷанд мунташир шуда, ба дасти ҳаводорони шеъру сухан расидааст. Ва умедворем, ки ӯ оянда ҳам бо ашъори рангини хеш дар гулбоғи адабиёти тоҷик чун шоири баркамол шинохта шуда, дар замири аҳли маърифат ҷой мегирад.
Боиси хурсандист, ки соли 2022 чаҳорумин маҷмӯаи ашъори шоир Мақсудалӣ Муҳаммадалӣ “Манзумаи розҳо” (2020) ба дастам расид. Китоб бо муқоваи аълосифат дар чопхонаи “Мар-Шак” – и шаҳри Ижевскии Федератсияи Русия бо сарсухани марди фозил ва оқилу адабиётдӯст собиқадори Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Маъруфзода ва зери назари Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар ҳаҷми 479 саҳифа ба табъ расидааст. Дар китоби “Манзумаи розҳо” ашъори дар солҳои гуногун эҷод намудаи шоир, ки 64 ғазал 577 байт ё баробар ба 1154 мисраъ, мухаммасҳо ба ғазалиёти шоирони форсу тоҷик 258 панҷмисраъгӣ баробар ба 1290 мисраъ, мухаммасҳо ба ғазалиёти шоирони даврони шӯравӣ ва замони Истиқлол 573 панҷмисраъгӣ баробари 2865 мисраъ, шеъру дубайтиҳо 2776 мисраъ, падарнома ва марсияҳо 1400 мисраъ иборат буда, дар маҷмӯъ 9486 мисраъро ташкил медиҳад, ҷой дода шудааст.
Бавежа, шеър ангезаест, ки аз қалби шоир ба мисли қатраи об, ки аз дили санг меҷаҳад, рӯйи авроқ иншо мешавад. Шеър бояд дорои сухани накӯ, маънии баланду лоиқ дошта бошад ва амсоли гуҳарест, ки аз умқи дарё онро гавҳарҷӯйе ба даст меорад, агар дар шеър рукни сухан (вазн) бемавқеъ ё номуносиб корбандӣ гардида, маъно дораду қофия не, ба зеборӯйе монад, ки сурат дораду сират не! Шоирон шахсони соҳибадабу бофарҳанганд, ки бо лутфу марҳамати Яздони пок аз садоқат, адолат, озодӣ, баробарӣ, дӯстӣ, ягонагӣ, ватан, модар, сулҳу ваҳдат, ишқи самимӣ, ишқи илоҳӣ, ки садои он замири хонандаро тасхир мекунад, шеър мегӯянд.
Алишоҳи Роғиби Самарқандӣ ба ин маънӣ фармудааст:
Ба олам шоирон соҳибзабонанд,
Зи лутфи хеш гавҳар мефишонанд.
Мақсудалӣ Муҳаммадалӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” мебошад. Ӯ бо иншои назми гуҳарбори хеш, ки пурмазмун буда, бо маҳорати баланди шоирӣ эҷод намудааст, дар олами шеъри муосири тоҷик мавқеи муносиб дорад. Ашъори рангоранги шоир бо накҳати муаттари ба худ хос, аз осори дигар шоирони ҳамкор бо услуби соддабаёнӣ, маънии воло (дар марсия ва мухаммасҳо) фарқ карда меистад. Агар ба ақидаҳои адабии шоир назар андозем, возеҳ аст, ки ӯ ба сифати як устоди сухан ба масъалаҳои эҷодӣ аҳамияти хосса дода, кӯшиш мекунад, ки бо ҳамаи аркон пояи шеърро устувор дорад.
Рукниддини Авҳадӣ фармудааст:
Шеър нуре зи арш зояндаст,
З – он чу арш устувору пояндаст.

Табиист, ки Мақсудалӣ бар замми изтиробҳои рӯзгор аз қаламу авроқи парешон даст накашида, машғулияти асосии ӯ китоб хондану шеър эҷод кардан аст. Ин ҷо эътироф бояд кард, ки ҳунари шоирӣ кори бисёр ранҷ бурдан дорад ва дар ин ҷода аз гӯяндаи ашъор истеъдоду завқи суханварӣ ва қудрати танзимкунандаи каломро тақозо мекунад.
Анварии Абевардӣ гуфтааст:
Кори шоир заҳмат овардан бувад,
В-он ки раҳмат оварад, кори шумост.
Воқеан, вақти мутолиаи эҷодиёти Мақсудалӣ бештар оҳанги шеърҳои ватандӯстонаи ӯ ба чашм мерасад. Ин шаҳодат аз соҳиби табъи баланд доштан ва соҳиби завқи бадеӣ ва заковат будани ӯ хабар медиҳад. Аз ин ҷониб, дар майдони адабиёти замони Истиқлол ӯро дар мутоибат ба Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғойиб, Низом Қосим, Аҳмадҷони Раҳматзод дар як гӯшаи дурдасти кишвар адиби ватансаро гӯем, хато нахоҳад шуд. Шоир дар шеъри “Ватан мегӯяму аз ҳарду чашмам ашк мерезад”, ки иборат аз 30 мисраъ буда, бо маъниҳои тозаю таносуби каломи нозук ва радифҳои дилҷӯю ҳиҷоҳои дилписанд меҳри Ватан ва Модарро азиз дониста, нигаҳбону хидмат намудан ва барояш қурбон кардани тану ҷонро ба риштаи назм оварда, гуфтааст:
Ватан Модар барои ман азиз аз ҳарду чашмонам,
Парастам ҳардуро чун гавҳари ноёби имонам.
Тану ҷонро фидо созам барои ину ҳам онам,
Ватан бошад агар тан ҷони тан аст модари ҷонам.
Ватан мегӯяму аз ҳарду чашмам ашк мерезад,
Ба ёди модари ҷонам дилам бар нола мехезад...
Адиб дар мухаммаси “Тоҷикистон, Ваҳдататро ҳар куҷо илқо кунам” бо як майлу хоҳиш ва дилбастагӣ аз барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, аз озодиву ободии сарзамини биҳиштосо, резидани обҳои чашмасорон, дамидани сабзаву гулҳои тар, мавҷ задани оби рӯд, насими доманаи кӯҳсорон ва ҷашни Наврӯзи навбаҳор ба шоир илҳом мебахшад ва дар ин диёри гулбез ӯ чун кабки масти кӯҳсор ғазалхонӣ карда, ҳамаи инро аз қадамҳои неку бахайри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми меҳандӯсту адолатпарвари тоҷик дониста мегӯяд:
...Бо қудуми неки Раҳмонӣ шукуфон омадӣ,
Ҳамчунон бӯстонсаро аз баҳри меҳмон омадӣ,
Ваҳ, чӣ хуш бо пешвою Оли Сомон омадӣ,
Булбулони рӯйи дунёро ғазалхон омадӣ,
Омадӣ бо сулҳу Ваҳдат аҳсанат эҳдо кунам...
Шоир дар шеърҳои ба модар бахшида бештар аз ҳама чиз хислатҳои мулоиматӣ, накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ, шодию хурсандиашро дар зиндагӣ аз илтифоту муҳаббати модар медонад, ки дар кашмакашҳои рӯзгор маслиҳатгару раҳнамост ва болои сари ӯ чун моҳе дар зулматсаро пеши роҳашро мунаввар месозад. Оре, модар, танҳо модар чунин хосиятҳоро дорост ва бо устуворию вафодорӣ дар замири фарзандон ӯ ба ҳамешагӣ ҷовидон хоҳад монд.
Мақсудалӣ гуфтааст:
Дар ҳама давру замон бо ман ту якрӯй мондаӣ,
Дар шаби зулмат ба роҳам ҳамчу моҳам, модарам.
Воқеан, дар эҷодиёти шоир ғазалҳое низ ба чашм мерасад, ки дар пайравӣ ба шеъри оламгири шоирони мутасаввифа, махсусан, Мавлавии Ҷунунӣ дар радифи надонандам, монандам, наронандам, хонандам, чаконандам, медавонандам, раҳонандам, мекафонандам, чашонандам бо як маънои волои орифона ва садоҳои омехтаи ҳархела бо овардани номҳои Шафоатгар, Офаридгор, Холиқи даврон, Худои меҳрубон, масҷид, дӯзах ба ғазал руҳу илҳоми тоза бахшида, бо исрор мегӯяд, ки ҷавонони ботарбия аз бузургон панд шунида дар ин олами гузарон танҳо корҳои нек ба анҷом расонед. Зеро каси бадкору иғвоангез ва нокасон ба вақти ҷонканӣ азоб мекашанду рӯзи растохез рӯ ба бадбахтӣ меоранд.
Шоир дар мақтаи ғазал гуфтааст:
Нагирам баъд аз ин Мақсудалӣ домони ин дунё,
Ягон рӯзе ба ман ҳам оби маргамро чашонандам.
Дар ашъори Мақсудалӣ ғазалу сурудҳои зиёде аст, ки онро сарояндагони диёр бо оҳангҳои ҷаззобу дилписанд дар ҷашнҳои идона, таърихӣ ва дар маъракаҳои мардумӣ замзама мекунанд. Шоир бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ, Орзӯгул Хуҷамова, Донишманд Қутбиддинов, Дилшод Мамадов,
Бобоҷони Амонуллоҳ, Эркин Одинаев, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Рӯзимуҳаммади Хайрулло, Мақсуди Аштӣ, Анвар Абдураҳмонов, Икром Холов, Абдумаҷид Ҳомидов, Сипеҳр Бердиев, Маъруфи Зарафшонӣ, Абдуғафур Қобилов, Наврӯзшоҳи Рӯзимуҳаммад, Умед Азимӣ ва дигарон ҳамкории доимӣ дорад. Ба ин маънӣ ӯ дар ғазали дилписанде, ки мазмуни пӯхта дорад чунин ишора кардааст:
Шеъри воло то шавад пайдо чакад хуни ҷигар,
Байти моро гар намехонад касе, аз он чӣ суд.
Назми моро нолаи най болу пар созад ато,
Бо навои най ҳамегӯем ёронро дуруд...
Ҳангоми мутолиаи маҷмӯаҳои ашъори “Субҳи босафо” (2013) ва “Сафои зиндагӣ” (2015)- и Мақсудалӣ дарёфтем, ки ӯ донандаи хуби таърихи забони адабии ҳозираи тоҷик, таърихи адабиёти классикӣ ва муосир, таърихи қадим ва асрҳои миёна, ҷуғрофия, таърихи бостонӣ, анъана ва урфу одоти мардуми Машриқзамин ва аз мероси ниёгон баҳраманд буда, дар шеърҳояш симои мондагори мардони шарафмандро таҷассум намудааст. Дар ҳақиқат, ӯ шоири қавидил асту ашъораш ҷонпарвару дилкаш ва тасаллобахш.
Бояд иқрор кард, ки шоирӣ пешае нест, ки шоир ба василаи он нон хӯрда тавонад. Ҳаргиз! Худованд танҳо ба дили шоир илҳом бахшида, ки ангезаҳои он ба мисли пораи хурди ҷаҳандаи оташ рӯйи варақ навишта мешавад. Ва назми баландмазмун аз дуриҳои дур ҳам, ба қалби хонанда сурур мебахшад. Шоир шеърро на аз баҳри худ, балки барои мардум менависад, ки бихонанду аз банду баст, бадеият ва равонии он баҳравар гарданд.
Ба Мақсудалӣ дар ҷодаи шеъру шоирӣ комёбиҳои эҷодӣ орзумандем.
Шоир фармудааст:
Чанд пинҳон кунам асрори муҳаббат, Савдо,
Матлаи шеъри гуҳарбори маро дидӣ? – Не.

Рустами Ато
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
20.11.2023

Комментарии

  • 10 мая 01:18
    Қаламатон сабзу эҷодатон пурмаҳсул бошад дӯстам. Сарбаланду хонаобод бошед.
  • 10 мая 10:05
    Устод Мақсудалӣ дар ҳақиқат ҳам шоирӣ асил ва нуқтасанҷу соҳибмаърифат ҳастанд.
    Бар замми ин шахси ҳалиму хоксор ва накудиланд.
    Аллоҳи меҳрубон шумораи чунин шахсони некандешу маърифатпарварро чун Устод Мақсудалӣ дар Тоҷикистони азизамон зиёдтар гардонад!
    Шарафманду саодатёр бошед устод!
  • 13 мая 02:11
    Раҳмат ако, саломат бошед доимо!
  • 13 мая 02:12
    Сипосмандам дӯсти нуктасанҷу нуктадонам. Муваффақ бошед доимо!
  • 13 мая 03:16
    Саломи субхона ба бародарони азизи понгози ва сароги!Басо шодам ки хардуятонро якчоя мебинам.Бародарамону мухтарам Рустами Ато яке азу дустони азизи банда хастанд,ки солхои студенти якчоя будем.Офаринхо нисоратон бод дустони азиз! Хамеша саломату сарбаланд бошетон.Максудалии мухтарам,саломи оташини бандаро лутфан ба Эшон расонида хурсандии бандаро аз дидоратонро гушрас намоед.Хамеша саломат бошетону мо дуогуятон!
  • 13 мая 03:21
    Бояд кайд кард,ки мухтарам Рустамик Аток басо маколаи пурмазмуни оли навштаанд,ки боиси хурсанди ва ифтихори мо мебошад.Сипос ба Эшон бароик мехнати бебахояшон!
  • 13 мая 13:50
    Дуруд бар Шумо акои азиз, саломат бошед доимо, сипосгузорем. Албатта бинам саломатонро мерасонам.
  • 13 мая 13:54
    Бале, хеле заҳмат кашидаанд устод. Ба наздикиҳо бахшида ба 100-солагии мактаби Маъдан тақризи устодонро нисбати китобҳои банда дар шакли китоб нашр хоҳем кард ва албатта ба Шумо дастрас мекунем ако. Обод бошед доимо!
  • 13 мая 17:47
    Сипос бародарони азиз.интизори мекунам
  • 16 мая 11:49
    Саломат бошед ако!
  • 16 мая 20:44
    Бисёр олӣ ва сазовор!Ҳамд!!!