Дар зодрӯзи нависандаи умедбахши ҷавон Баҳманёр Маҳмудзода

---------------------------
Чу Баҳманёри Маҳмудзоди хушзод,
Кам андар кам бувад, дар роҳи эҷод.
Ҷавон аст, арчӣ ҳоло ин қаламкаш,
Суханро додааст, имрӯз бар дод.
Расида бар мурод, ин зодаи Ашт,
Муродӣ, чун падар, ҳам аввалустод.
Ҳикоёташ аҷиб асту ғароиб,
Бувад ҳар нукта аз килкаш ба фарёд.
Ба дӯстӣ, беназир аст, ин суханвар,
Ба сони қиблагоҳ, он марди озод.
Даме гардидаам ҳамсӯҳбати ӯ,
Зи гуфтораш шудастам бо дили шод.
Ҷавоне, хоксору меҳрубон аст,
Ба фарҳангу ба доноӣ, Худодод.
Ба тамкину ба одоб, бо таҳаммул,
Ба корафтодагон, доим ба имдод.
Ба рӯзи мавлудаш, инро бигӯям,
Набинад дарду ғамро, бошад обод.
Ҳамеша хомааш, дар роҳ бошад,
Ва умраш, андар ин дунё фузун бод.
Ҳамин, Мақсудалӣ, к-ӯро дӯогӯй,
Ғариб асту аз ӯ орад, ҳаме ёд.

Комментарии

  • 21 апр 06:14
    Соҳиб истедодонро васф намудан ҳидояти нек ба олами эҷоду илм , сабзқалам бошед Мақсудалӣ бародари ҷон , мавлуди дӯсти ҷавонамон муборак , шодишарикем !