ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК!

Ид омаду моҳи Рамазон аз дари мо рафт,
Моҳе, ки пурэҳсону ба файз аз бари мо рафт.
Моҳе, ки ба шодиву дуо буду ибодат,
Моҳе, ки муборак, аҷабо, аз сари мо рафт.
Моҳе, ки ба тоат ҳама бинмуду Худогӯй,
Покиза намуду гунаҳ, аз манзари мо рафт.
Эй кош, нарафтӣ дигар ин моҳи муқаддас,
Ҳайфо, ки ба ин тезӣ ҳидоятгари мо рафт.
Моҳе, ки чунон Хизри накӯпай шуда меҳмон,
Чун мурғи Ҳумо болзанон хушпари мо рафт.
Моҳе, ки ба ин Мақсудалӣ, роҳи ҳақ омӯхт,
Худ донӣ кунун гуфту саҳар, раҳбари мо рафт.

Комментарии

Комментариев нет.